Черевченко аз мақоми сармураббии "Истиқлол" истеъфо дод: Чаро?

© Foto / ФК Istiklol DushanbeИгорь Черевченко, главный тренер ФК "Истиклол"
Игорь Черевченко, главный тренер ФК Истиклол - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.12.2025
Обуна шудан
Мутахассис мавсими гузаштаро ҷамъбаст карда, сабабҳои тамдид накардани шартномаи худро бо дастаи “Истиқлол”-ро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 26 дек – Sputnik. Игорь Черевченко аз анҷоми муҳлати шартнома бо "Истиқлол" ва танаффус дар кори мураббигияш эълон кард.
Вай инро дар паёми видеоие, ки дар шабакаи иҷтимоии даста нашр шудааст, эълон кард.
Черевченко афзуд, ки ба далели дарди зону, ки ҷарроҳӣ ва то 3 - 4 моҳ барқарорсозӣ металабад, муддате аз фаъолияти мураббигӣ канор хоҳад буд.
Мураббӣ инчунин фаъолияти "Истиқлол"-ро ​​дар мавсими гузашта ҷамъбаст кард.
"Ман фикр мекунам, ки барои даста имсол хуб гузашт. Ҳайати мураббиён ва бозигарон кори хубе анҷом доданд. Мо Чемпионат ва Суперҷоми (Тоҷикистон)-ро ба даст овардем. Мо дар Лигаи Чемпионҳо дар даври 2-юм хуб бозӣ кардем. Ҳадаф аз гурӯҳ баромадан буд, аммо аз сабаби фарқияти голҳо ин кор анҷом наёфт. Ташаккур ба бачаҳо барои заҳматашон", - гуфт ӯ.
Мураббӣ солро барои тими Душанбе муваффақ медонаду дар оянда барои даста муваффақиятҳои бештар таманно кард.
Главный тренер ФК Истиклол Игорь Черевченко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.06.2025
Черевченко дар бораи бозии эҳтимолии Русияву Тоҷикистон: Ин гуна бозиҳо бояд бештар бошанд
Мудири кулли даста, Шаҳзод Сулаймонов, қаблан истеъфои мураббиро эълон карда буд.
Игор Черевченко аз октябри соли 2024 сармураббии дастаи "Истиқлол" буд. Дар ин давра, ӯ бо даста дар солҳои 2024 ва 2025 ду маротиба қаҳрамони Тоҷикистон шуд.
Лентаи хабарҳо
0