Черевченко дар бораи бозии эҳтимолии Русияву Тоҷикистон: Ин гуна бозиҳо бояд бештар бошанд

© Foto / ФК Istiklol DushanbeГлавный тренер ФК Истиклол Игорь Черевченко
Главный тренер ФК Истиклол Игорь Черевченко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.06.2025
Обуна шудан
Собиқ бозигари тими миллии Тоҷикистон Игор Черевченко дар бораи бозии эҳтимолии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Русия ва Тоҷикистон ибрози назар кард
ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Игор Черевченко собиқ бозигари тими миллии Тоҷикистон гуфт, ки бозиҳо миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Русия бояд бештар сурат бигиранд, иттилоъ додааст Metaratings.ru.
"Дар Тоҷикистон вокуниши манфӣ нахоҳад дошт, агар федератсияи футбол дар мавриди як бозӣ бо тими миллии Русия ба мувофиқа расанд. Қаблан Тоҷикистон бо мунтахаби Русия бозӣ карда буд. Ин бозии хуб буд миёни ду тим. Чунин бозиҳо бояд бештар сурат бигиранд", - қайд кард Черевченко.
Бори охир Русия бо Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2022 бозӣ карда буд. Он бозӣ мусовӣ - 0:0 анҷом ёфт.
Ёдовар мешавем, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) пешниҳоди Иттиҳодияи футболи Русияро дар бораи баргузории бозии дӯстона миёни дастаҳои ду кишвар дар моҳи ноябри соли 2024-ро рад карда буд.
Дар Душанбе бозии легендаҳои футболи Тоҷикистону Русия баргузор шуд.
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2025
Бозии дӯстонаи ситораҳои футболи Тоҷикистону Русия чӣ гуна гузашт - видео
ФФТ ин тасмимашро ба аллакай нақшаи бозиҳои дарпешистода рабт дода буд.
"Иттиҳодияи футболи Русия ҳанӯз моҳҳои июн-июль пешниҳод карда буд, аммо мо бозиҳои хонагӣ дар моҳи ноябр ба нақша гирифтаем", - гуфт ҳамсуҳбат.
Вале Федератсияи футболи Тоҷикистон имкони баргузории бозии дӯстона миёни мунтахаби футболи Русия ва Тоҷикистонро дар соли 2025 рад накард.
Лентаи хабарҳо
0