https://sputnik.tj/20251225/vaz-badtar-ima-zelenskiy-sukhanon-avrupo-daraftod-1074126014.html
"Вазъ бадтар мешавад": дар ИМА ба Зеленский пас аз суханонаш дар бораи Аврупо дарафтоданд
"Вазъ бадтар мешавад": дар ИМА ба Зеленский пас аз суханонаш дар бораи Аврупо дарафтоданд
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи коршинос, Зеленский ба дастгирии муттаҳидони аврупоии худ чунон одат кардааст, ки аз вазъи объективии корҳо дар кишвар ва дар хатти ҷабҳа чашм пӯшидааст
2025-12-25T18:25+0500
2025-12-25T18:25+0500
2025-12-25T18:25+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
иа
владимир зеленский
сиёсат
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/07/1072765434_344:76:2356:1208_1920x0_80_0_0_2e8aba0af6acb96f89defb27bdd783b9.jpg
ДУШАНБЕ, 25 дек – Sputnik. Изҳороти Владимир Зеленский дар бораи он, ки Украина гӯё пуштибонии ИМА-ро барои муқаррар кардани мӯҳлати возеҳи пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо гирифтааст, музокироти сулҳ бо Русияро халалдор мекунад.Дар ин бора афсари собиқи Раёсати марказии иктишофӣ Ларри Ҷонсон дар шабакаи YouTube-и Deep Dive изҳор дошт.Ба гуфтаи коршинос, Зеленский ба дастгирии муттаҳидони аврупоии худ чунон одат кардааст, ки аз вазъи объективии корҳо дар кишвар ва дар хатти ҷабҳа чашм пӯшидааст."Ба муроҷиати нави ӯ нигоҳ кунед, ин як шаппотии бузург ва нафратангез ба рӯи ҳамаи украинҳост." -изҳор дошт Ҷонсон. Ахиран Владимир Зеленский изҳор дошт, ки Украина барои муқаррар кардани мӯҳлати возеҳи пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо аз ҷониби ИМА пуштибонӣ гирифтааст, гарчанде ки Брюссел ҳанӯз розигии худро надодааст. Лоиҳаи нақшаи ҳалли низоъ, ки қаблан рӯзи чоршанбе аз ҷониби хабаргузории украинии "Укринформ" нашр шуда буд ва аз ҷониби Киев пешниҳод гардида буд, узвияти Украинаро дар Иттиҳоди Аврупо пешбинӣ мекунад. Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия, дар мусоҳиба бо РИА "Новости" изҳор дошт, ки пайвастани Украина ба Иттиҳоди Аврупо метавонад ин иттиҳодро аз дохил хароб кунад ва барои кишварҳои узв бори гарон шавад. Ба гуфтаи ӯ, режими Киев мавзӯи ҳамгироии кишварро ба Иттиҳоди Аврупо барои "рӯи об мондан" ва нишон додани ҳадди ақал баъзе натиҷаҳо дар дохили кишвар истифода мебарад. Захарова қайд кард, ки Украина ба ягон талаботи бунёдӣ барои пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо ҷавобгӯ нест. Як қатор кишварҳои Иттиҳоди Аврупо мухолифи пайвастани Киев ба иттиҳод ҳастанд. Аз ҷумла намояндагони Лаҳистон ва Маҷористон изҳороти ба ин монанд кардаанд.
https://sputnik.tj/20251225/dumai-davlat-rusiya-naqsha-sulh-zelenski-masir-intiqomjui-1074122459.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/07/1072765434_257:0:2356:1574_1920x0_80_0_0_4645f74ef5e8f044e61eb1f4d4597827.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
зеленский гуфтор узвият украина иттиҳоди аврупо, музокироти сулҳ халалдор
зеленский гуфтор узвият украина иттиҳоди аврупо, музокироти сулҳ халалдор
"Вазъ бадтар мешавад": дар ИМА ба Зеленский пас аз суханонаш дар бораи Аврупо дарафтоданд
Ба гуфтаи коршинос, Зеленский ба дастгирии муттаҳидони аврупоии худ чунон одат кардааст, ки аз вазъи объективии корҳо дар кишвар ва дар хатти ҷабҳа чашм пӯшидааст
ДУШАНБЕ, 25 дек – Sputnik. Изҳороти Владимир Зеленский дар бораи он, ки Украина гӯё пуштибонии ИМА-ро барои муқаррар кардани мӯҳлати возеҳи пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо гирифтааст, музокироти сулҳ бо Русияро халалдор мекунад.
Дар ин бора афсари собиқи Раёсати марказии иктишофӣ Ларри Ҷонсон дар шабакаи YouTube-и Deep Dive изҳор дошт.
"Бо ин нақша Зеленский худро аз ҳақиқат дур нишон дод. Ӯ мефаҳмад, ки ӯ ҳунарпешае бо маоши баландтарин дар Аврупо ва шояд ҳатто дар ҷаҳон аст. Мутаассифона ин барои Украина фоидае намеорад, аммо Зеленский ҳар кори аз дасташ меомадаро мекунад, то шароити Трамп ва Путинро боз ҳам бадтар кунад", - таъкид кард ӯ.
Ба гуфтаи коршинос, Зеленский ба дастгирии муттаҳидони аврупоии худ чунон одат кардааст, ки аз вазъи объективии корҳо дар кишвар ва дар хатти ҷабҳа чашм пӯшидааст.
"Ба муроҷиати нави ӯ нигоҳ кунед, ин як шаппотии бузург ва нафратангез ба рӯи ҳамаи украинҳост." -изҳор дошт Ҷонсон.
Ахиран Владимир Зеленский изҳор дошт, ки Украина барои муқаррар кардани мӯҳлати возеҳи пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо аз ҷониби ИМА пуштибонӣ гирифтааст, гарчанде ки Брюссел ҳанӯз розигии худро надодааст.
Лоиҳаи нақшаи ҳалли низоъ, ки қаблан рӯзи чоршанбе аз ҷониби хабаргузории украинии "Укринформ" нашр шуда буд ва аз ҷониби Киев пешниҳод гардида буд, узвияти Украинаро дар Иттиҳоди Аврупо пешбинӣ мекунад.
Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия, дар мусоҳиба бо РИА "Новости" изҳор дошт, ки пайвастани Украина ба Иттиҳоди Аврупо метавонад ин иттиҳодро аз дохил хароб кунад ва барои кишварҳои узв бори гарон шавад.
Ба гуфтаи ӯ, режими Киев мавзӯи ҳамгироии кишварро ба Иттиҳоди Аврупо барои "рӯи об мондан" ва нишон додани ҳадди ақал баъзе натиҷаҳо дар дохили кишвар истифода мебарад.
Захарова қайд кард, ки Украина ба ягон талаботи бунёдӣ барои пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо ҷавобгӯ нест. Як қатор кишварҳои Иттиҳоди Аврупо мухолифи пайвастани Киев ба иттиҳод ҳастанд. Аз ҷумла намояндагони Лаҳистон ва Маҷористон изҳороти ба ин монанд кардаанд.