https://sputnik.tj/20251225/dumai-davlat-rusiya-naqsha-sulh-zelenski-masir-intiqomjui-1074122459.html
Думаи давлатии Русия нақшаи сулҳи Зеленскийро масири пинҳон ба сӯи интиқомҷӯӣ хонд
Думаи давлатии Русия нақшаи сулҳи Зеленскийро масири пинҳон ба сӯи интиқомҷӯӣ хонд
Sputnik Тоҷикистон
Нақшаи Зеленский нишон медиҳад, ки мехоҳад Русияро то ҳадди имкон аз нақши фаъол дар Аврупо ва ҷаҳон дур кунад, мегӯяд як вакили парлумон,
2025-12-25T15:21+0500
2025-12-25T15:21+0500
2025-12-25T15:21+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
дар русия
владимир зеленский
украина
думаи давлатӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/19/1074120839_0:46:1280:767_1920x0_80_0_0_430db536f26c41b00308de0f0c72a9bb.jpg
ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Нақшаи Владимир Зеленский барои ҳалли муноқишаи низомӣ дар Украина роҳи пинҳоншуда барои миллатгароёни украинӣ ба интиқомҷӯӣ аст.Дар ин бора ба РИА "Новости" вакили Думаи давлатӣ аз вилояти Қрим, генерал-майори мустаъфӣ Леонид Ивлев изҳор дошт. Ба гуфтаи ӯ, нақшаи Зеленский нишон медиҳад, ки мехоҳад Русияро то ҳадди имкон аз нақши фаъол дар Аврупо ва ҳатто ҷаҳон дур кунад."Баъзе нуктаҳои нақша комилан сохтаанд, ба монанди соҳибихтиёрии Украина, ки Русия бешубҳа ба он таҳдид намекунад. Ҷанбаи низомии ин нақша режими Киевро ҳамчун як давлати хеле милитаризатсияшуда тасвир мекунад, ки бо вуҷуди он ки шумораи аҳолии он хеле кам аст, артиш назар ба кишварҳои бузургтарини Аврупои Ғарбӣ аз се то панҷ маротиба зиёдтар аст. Украина наметавонад чунин артишро нигоҳ дорад, яъне интиқоли аслиҳа ва техникаи низомӣ идома хоҳад ёфт ва иттифоқҳои низомӣ бо кишварҳои сеюм таъсис дода мешавад”,- гуфт вакил.Тибқи гузоришҳои чанде аз расонаҳо, Зеленский ин нақшаро рӯзи чаҳоршанбе ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигорони украинӣ пешниҳод кардааст. Аз ҷумлаи нуктаҳои он сарпечии Киев аз хурӯҷи нерӯҳояш аз минтақаҳои Русия аст, аммо ба Русия пешниҳод шудааст, ки аз вилоятҳои Днепропетровск, Николаев, Сумӣ ва Харков хурӯҷ кунад. Украина ҳамчунин мехоҳад, нирӯгоҳи ҳастаии Запорожҷияро якҷоя бо Амрико ва бидуни ширкати Русия таҳти назорат бигирад.
https://sputnik.tj/20251225/tramp-talosh-senariya-afghoniston-ukraina-peshgiri-1074121638.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/19/1074120839_18:0:1155:853_1920x0_80_0_0_4ecd5afac89450768c39f896d084e2e3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия нақша сулҳ зеленский масир пинҳон интиқомҷӯӣ
русия нақша сулҳ зеленский масир пинҳон интиқомҷӯӣ
Думаи давлатии Русия нақшаи сулҳи Зеленскийро масири пинҳон ба сӯи интиқомҷӯӣ хонд
Нақшаи Зеленский нишон медиҳад, ки мехоҳад Русияро то ҳадди имкон аз нақши фаъол дар Аврупо ва ҷаҳон дур кунад, мегӯяд як вакили парлумон,
ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Нақшаи Владимир Зеленский барои ҳалли муноқишаи низомӣ дар Украина роҳи пинҳоншуда барои миллатгароёни украинӣ ба интиқомҷӯӣ аст.
Дар ин бора ба РИА "Новости" вакили Думаи давлатӣ аз вилояти Қрим, генерал-майори мустаъфӣ Леонид Ивлев изҳор дошт.
"Нақшаи ба истилоҳ сулҳи Зеленский дарвоқеъ як роҳи пардапӯш ва ниқобшуда барои миллатгароёни украинӣ барои реваншизм аст. Аз ин рӯ, ба мо пардаи дуди 20 банди "нақшаи сулҳи Зеленский" лозим нест, танҳо онро "нақшаи зидди Русия" бинависед. Ин ростқавлтар мебуд, аммо сиёсатмадорони украинӣ шараф надоранд",- гуфт Ивлев.
Ба гуфтаи ӯ, нақшаи Зеленский нишон медиҳад, ки мехоҳад Русияро то ҳадди имкон аз нақши фаъол дар Аврупо ва ҳатто ҷаҳон дур кунад.
"Баъзе нуктаҳои нақша комилан сохтаанд, ба монанди соҳибихтиёрии Украина, ки Русия бешубҳа ба он таҳдид намекунад. Ҷанбаи низомии ин нақша режими Киевро ҳамчун як давлати хеле милитаризатсияшуда тасвир мекунад, ки бо вуҷуди он ки шумораи аҳолии он хеле кам аст, артиш назар ба кишварҳои бузургтарини Аврупои Ғарбӣ аз се то панҷ маротиба зиёдтар аст. Украина наметавонад чунин артишро нигоҳ дорад, яъне интиқоли аслиҳа ва техникаи низомӣ идома хоҳад ёфт ва иттифоқҳои низомӣ бо кишварҳои сеюм таъсис дода мешавад”,- гуфт вакил.
Тибқи гузоришҳои чанде аз расонаҳо, Зеленский ин нақшаро рӯзи чаҳоршанбе ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигорони украинӣ пешниҳод кардааст.
Аз ҷумлаи нуктаҳои он сарпечии Киев аз хурӯҷи нерӯҳояш аз минтақаҳои Русия аст, аммо ба Русия пешниҳод шудааст, ки аз вилоятҳои Днепропетровск, Николаев, Сумӣ ва Харков хурӯҷ кунад.
Украина ҳамчунин мехоҳад, нирӯгоҳи ҳастаии Запорожҷияро якҷоя бо Амрико ва бидуни ширкати Русия таҳти назорат бигирад.