https://sputnik.tj/20251225/rahmon-sanjish-kor-iftitoh-inshooat-nav-khatlon-1074117940.html
Раҳмон барои санҷиши корҳо ва ифтитоҳи иншооти нав ба Бохтар рафт
Раҳмон барои санҷиши корҳо ва ифтитоҳи иншооти нав ба Бохтар рафт
Sputnik Тоҷикистон
Зимни сафар раисҷумҳур дар маҷмуъ наздики 60 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, ба сохтмони 7 иншооти дигар оғоз бахшида мешавад
2025-12-25T12:48+0500
2025-12-25T12:48+0500
2025-12-25T13:34+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
хатлон
бохтар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/19/1074118492_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_5fb45ff0c364c90969bb7e66272a5e44.jpg
ДУШАНБЕ, 25 дек – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ, ифтитоҳи як зумра иншооти муҳим ва боздид аз хоҷагиҳои кишоварзӣ ба минтақаи Бохтари вилояти Хатлон рафт.Ба гузориши дафтари матбуоти раисҷумҳур, зимни сафар дар маҷмуъ наздики 60 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, ба сохтмони 7 иншооти дигар оғоз бахшида мешавад. Танҳо дар соҳаи маориф 18 муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 13700 хонанда дар ду баст ва 10 муассисаи томактабӣ барои 1500 кӯдак мавриди истифода қарор мегирад. Ҳамчунин, 8 корхонаи саноатӣ бо наздики 600 ҷойи корӣ ифтитоҳ меёбад. Ғайр аз ин, давоми соли равон бо саҳмгузории соҳибкорон ва мардуми саховатпеша дар ҳудуди вилоят 546 километр роҳ навсозӣ гардидааст.Боздиди кории раисҷумҳур аз ноҳияи Ҷайҳун бошад, бо ифтитоҳи Корхонаи Шири Ҷайҳун оғоз ёфт.Дар ин корхонаи нави саноатӣ, ки дар заминаи Ҷамъияти саҳҳомии пушидаи Комбинати шири Душанбе бунёд гардидааст, истеҳсоли зиёда аз 10 намуди маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, творог, кефир, ҷурғот, кефири мевагӣ, дуғоб ва маска ба роҳ монда шудааст.Иқтидори истеҳсолии Шири Ҷайҳун дар як шабонарӯз 10 тонна маҳсулоти ширии дорои сифати баландро ташкил медиҳад.Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо раванди истеҳсолот дар ҳамин ҷо аз гӯшаи намоиши маҳсулоти истеҳсолии корхона дидан кард.Дар намоишгоҳ маҳсулоти ширии корхонаи нави саноатӣ, ки бо сифати баланд истеҳсол ва барои пешниҳод ба бозори истеъмолӣ омода мегардад, муаррифӣ карда шуд.
https://sputnik.tj/20251020/emomali-rahmon-dushanbe-shahraki-navi-sanoatiro-iftitoh-1072276999.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/19/1074118492_228:0:2048:1365_1920x0_80_0_0_e9212e39d4015eef8400446bf7d797b3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон санҷиш корҳо ифтитоҳ иншооат бохтар
раҳмон санҷиш корҳо ифтитоҳ иншооат бохтар
Раҳмон барои санҷиши корҳо ва ифтитоҳи иншооти нав ба Бохтар рафт
12:48 25.12.2025 (Навсозишуда: 13:34 25.12.2025) Зимни сафар раисҷумҳур дар маҷмуъ наздики 60 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, ба сохтмони 7 иншооти дигар оғоз бахшида мешавад
ДУШАНБЕ, 25 дек – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ, ифтитоҳи як зумра иншооти муҳим ва боздид аз хоҷагиҳои кишоварзӣ ба минтақаи Бохтари вилояти Хатлон рафт.
Ба гузориши дафтари матбуоти раисҷумҳур, зимни сафар дар маҷмуъ наздики 60 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, ба сохтмони 7 иншооти дигар оғоз бахшида мешавад.
Танҳо дар соҳаи маориф 18 муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 13700 хонанда дар ду баст ва 10 муассисаи томактабӣ барои 1500 кӯдак мавриди истифода қарор мегирад.
Ҳамчунин, 8 корхонаи саноатӣ бо наздики 600 ҷойи корӣ ифтитоҳ меёбад. Ғайр аз ин, давоми соли равон бо саҳмгузории соҳибкорон ва мардуми саховатпеша дар ҳудуди вилоят 546 километр роҳ навсозӣ гардидааст.
Боздиди кории раисҷумҳур аз ноҳияи Ҷайҳун бошад, бо ифтитоҳи Корхонаи Шири Ҷайҳун оғоз ёфт.
Дар ин корхонаи нави саноатӣ, ки дар заминаи Ҷамъияти саҳҳомии пушидаи Комбинати шири Душанбе бунёд гардидааст, истеҳсоли зиёда аз 10 намуди маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, творог, кефир, ҷурғот, кефири мевагӣ, дуғоб ва маска ба роҳ монда шудааст.
Иқтидори истеҳсолии Шири Ҷайҳун дар як шабонарӯз 10 тонна маҳсулоти ширии дорои сифати баландро ташкил медиҳад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо раванди истеҳсолот дар ҳамин ҷо аз гӯшаи намоиши маҳсулоти истеҳсолии корхона дидан кард.
Дар намоишгоҳ маҳсулоти ширии корхонаи нави саноатӣ, ки бо сифати баланд истеҳсол ва барои пешниҳод ба бозори истеъмолӣ омода мегардад, муаррифӣ карда шуд.