https://sputnik.tj/20251020/emomali-rahmon-dushanbe-shahraki-navi-sanoatiro-iftitoh-1072276999.html
Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе шаҳраки нави саноатиро ифтитоҳ намуд
Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе шаҳраки нави саноатиро ифтитоҳ намуд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон қайд намудааст, ки шаҳраки нави саноатӣ дар қисмати шимолии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бунёд гардидааст
2025-10-20T18:59+0500
2025-10-20T18:59+0500
2025-10-20T18:59+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
саноат
шаҳрак
ифтитоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/14/1072275222_0:124:1280:844_1920x0_80_0_0_7eaf9ce01b89382a69a97193b5e4de8c.jpg
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар қисмати шимолии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт шаҳраки нави саноатиро ифтитоҳ намуд.Ба иттилои Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар роҳбари давлат дар ин ҷо ба фаъолияти 3 корхонаи калони саноатӣ бо зиёда аз 650 ҷойи корӣ оғоз бахшид.Ҳамчунин дар ин ҷо раисҷумҳур ба бунёди 3 корхонаи дигари истеҳсолӣ санги асос гузошт.Қайд карда шудааст, ки бо омода шудани се корхонаи дигар, ки санги асосашон ҳамакнун гузошта мешавад, шумораи коргарон дар ин шаҳрак ба зиёда аз 1100 кас хоҳад расид.Таъкид бояд намуд, ки маоши коргарон аз 4500 то 12000 ҳазор сомонӣ аст.Қайд карда шудааст, ки се корхона, ки дар шаҳраки нави саноатӣ ба кор дароварда шуд, бо харҷи қариб 800 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ бо ворид намудани таҷҳизоту технологияи нави соҳа ва аз ҷиҳати экологӣ безарару бехатар бунёд ёфтаанд.Маблағи умумӣ барои ин се корхонаи фаъолгардида ва се корхонаи дигар, ки дар муҳлати кӯтоҳ сохта хоҳанд шуд, наздики 2 миллиард сомониро ташкил хоҳад дод.
https://sputnik.tj/20251019/rahmon-mehrgon-adolatkhohi-barobari-tojikiston-1072224365.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/14/1072275222_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_8f267d086e287bdc1104e5d3bcdf475b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, ифтитоҳ, марказ, саноат, шаҳрак, пойтахт,
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, ифтитоҳ, марказ, саноат, шаҳрак, пойтахт,
Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе шаҳраки нави саноатиро ифтитоҳ намуд
Мақомоти Тоҷикистон қайд намудааст, ки шаҳраки нави саноатӣ дар қисмати шимолии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бунёд гардидааст
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар қисмати шимолии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт шаҳраки нави саноатиро ифтитоҳ намуд.
Ба иттилои Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар роҳбари давлат дар ин ҷо ба фаъолияти 3 корхонаи калони саноатӣ бо зиёда аз 650 ҷойи корӣ оғоз бахшид.
Ҳамчунин дар ин ҷо раисҷумҳур ба бунёди 3 корхонаи дигари истеҳсолӣ санги асос гузошт.
Қайд карда шудааст, ки бо омода шудани се корхонаи дигар, ки санги асосашон ҳамакнун гузошта мешавад, шумораи коргарон дар ин шаҳрак ба зиёда аз 1100 кас хоҳад расид.
Таъкид бояд намуд, ки маоши коргарон аз 4500 то 12000 ҳазор сомонӣ аст.
Қайд карда шудааст, ки се корхона, ки дар шаҳраки нави саноатӣ ба кор дароварда шуд, бо харҷи қариб 800 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ бо ворид намудани таҷҳизоту технологияи нави соҳа ва аз ҷиҳати экологӣ безарару бехатар бунёд ёфтаанд.
Маблағи умумӣ барои ин се корхонаи фаъолгардида ва се корхонаи дигар, ки дар муҳлати кӯтоҳ сохта хоҳанд шуд, наздики 2 миллиард сомониро ташкил хоҳад дод.