https://sputnik.tj/20251225/namoyanda-doimi-ukraina-smm-muvaffaqiyat-rusiya-shikoyat-1074125206.html
Намояндаи доимии Украина дар СММ аз муваффақиятҳои Русия шикоят кард.
Намояндаи доимии Украина дар СММ аз муваффақиятҳои Русия шикоят кард.
Sputnik Тоҷикистон
Дипломат тамоюли таҳкими мавқеъи Русия дар созмони ҷаҳонӣ ва аз даст додани нуфузи Киев дар он ҷоро мебинад
2025-12-25T16:55+0500
2025-12-25T16:55+0500
2025-12-25T16:55+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
русия
украина
амалиёти вижа
дастовард
смм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/06/1048252172_0:0:1353:762_1920x0_80_0_0_cba8d70ed7bc8ff3d57b874de2b8c04d.jpg
ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Намояндаи доимии Украина дар Созмони Милали Муттаҳид Андрей Мелник аз муваффақияти Русия дар арсаи байналмилалӣ изҳори норозигӣ кард.Вай дар ин бора дар мусоҳиба бо хабаргузории Укринформ изҳор дошт. Сиёсатмадор қайд кард, ки тағйирот дар вазъи геополитикӣ аллакай ба амал омадаанд. Мелник ҳамчунин таъкид кард, ки нуфузи Киев дар ин созмон ба гумон аст, ки афзоиш ёбад. Ба гуфтаи ӯ, дар соли 2022 Украина беш аз 140 раъй гирифта буд, аммо ҳоло камтар аз 100 раъй дорад ва афзуд, ки "ин чолишҳои ҷиддӣ аст".Русия сар аз 1 октябр барои як моҳ раёсати Шӯрои Амнияти Созмони Милалро бар ӯҳда дошт. Раёсати Шӯрои Амният байни кишварҳо давр мезанад. Он 15 нафар аъзо дорад, ки 10-тои он ғайридоимӣ мебошад.Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро идома медиҳад.Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ҳадафи онро "ҳифозати одамоне, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард. Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
https://sputnik.tj/20251225/dumai-davlat-rusiya-naqsha-sulh-zelenski-masir-intiqomjui-1074122459.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/06/1048252172_135:0:1335:900_1920x0_80_0_0_9fd04b748b5cf3218acf4a919c3a4eef.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
намоянда украина смм муваффақият русия шикоят
намоянда украина смм муваффақият русия шикоят
Намояндаи доимии Украина дар СММ аз муваффақиятҳои Русия шикоят кард.
Дипломат тамоюли таҳкими мавқеъи Русия дар созмони ҷаҳонӣ ва аз даст додани нуфузи Киев дар он ҷоро мебинад
ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Намояндаи доимии Украина дар Созмони Милали Муттаҳид Андрей Мелник аз муваффақияти Русия дар арсаи байналмилалӣ изҳори норозигӣ кард.
Вай дар ин бора дар мусоҳиба бо хабаргузории Укринформ изҳор дошт. Сиёсатмадор қайд кард, ки тағйирот дар вазъи геополитикӣ аллакай ба амал омадаанд.
"Шарикони аврупоии мо дар СММ пайваста шикоят мекунанд: "Оҳ, оҳ, оҳ, Русия ба ҳолати муқаррарӣ бармегардад ва тадриҷан аз бунбасти байналмилалии худ берун мешавад." <…> Аммо ба таври ошкоро агар гӯем, дар доираи СММ, ин аллакай як амали анҷомшуда аст,"- гуфт ӯ.
Мелник ҳамчунин таъкид кард, ки нуфузи Киев дар ин созмон ба гумон аст, ки афзоиш ёбад. Ба гуфтаи ӯ, дар соли 2022 Украина беш аз 140 раъй гирифта буд, аммо ҳоло камтар аз 100 раъй дорад ва афзуд, ки "ин чолишҳои ҷиддӣ аст".
Русия сар аз 1 октябр барои як моҳ раёсати Шӯрои Амнияти Созмони Милалро бар ӯҳда дошт. Раёсати Шӯрои Амният байни кишварҳо давр мезанад. Он 15 нафар аъзо дорад, ки 10-тои он ғайридоимӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро идома медиҳад.
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ҳадафи онро "ҳифозати одамоне, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.