https://sputnik.tj/20251223/folbin-jodugar-jazo-taghirot-kodeksi-jinoyati-1074043918.html
Муштарии фолбину ҷодугар низ ҷазо мегирад: тағирот ба Кодекси Ҷиноятӣ
Муштарии фолбину ҷодугар низ ҷазо мегирад: тағирот ба Кодекси Ҷиноятӣ
Sputnik Тоҷикистон
Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Тоҷикистон тағйирот ба Кодекси ҷиноиро тасвиб кард, ки бар асоси он барои рафтан ба назди фолбин ва ҷодугарҳо ҷазо таъйин мешавад
2025-12-23T10:49+0500
2025-12-23T10:49+0500
2025-12-23T10:49+0500
дар тоҷикистон
қонун
сеҳру ҷоду
муштарӣ
ҷазо
маҷлиси миллӣ
қавонин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/12/1070141407_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_e65d435f6a7c3e3212bbed94cc68a136.jpg
ДУШАНБЕ, 23 дек – Sputnik. Бар асоси қарори Маҷлиси миллӣ, минбаъд нафароне, ки назди фолбин ва ҷодугарҳо мераванд аз 50 то 60 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (3750-4500 сомонӣ) ҷарима мешаванд, иттилоъ додааст сомонаи “Фараҳ”.Узви Маҷлиси миллӣ Маҳмадалӣ Ватанзода гуфтааст, ҳадафи тасвиби ин қонун “пешгирии густариши мафкураи ифротӣ ва болоравии хурофотпарастӣ” аст.Ёдовар мешавем, ки тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ, ки бар асоси он мизоҷони фолбинҳо ҷазо мегиранд, қаблан аз сӯи парлумони Тоҷикистон қабул шуда буд.Акнун баъди имзои ин санад аз тарафи раисҷумҳур, қонун эътибори қонунӣ пайдо хоҳад кард.Қаблан ҷазо барои худи фолбинҳо низ сахтар шуда буд.Мақомоти Тоҷикистон бар зидди фолбин ва ҷодугарҳо муқовиматро пурзур кардааст.Ба сокинон борҳо ҳушдор дода шуд, ки аз рафтан ба назди фолбин ва ҷодугарҳо худдорӣ кунанд.Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тақрибан ҳаррӯз аз боздошти фолбину ҷодугар хабар медиҳад.Вале пайвандони бархе аз ин боздоштшудаҳо гуфтанд, хешовандони онҳо ҷодугар ё фолбин набуданд, балки танҳо дуохонӣ мекарданд.
https://sputnik.tj/20210328/Bozori-jodu-hushdor-VUD-shari-Shuroi-ulamo-muolija-1033091534.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/12/1070141407_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_c4ea344e2546a9f3e511b87e2ec61089.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қонун, тағйирот, ҷодугарӣ, фолбинӣ, маҷлиси миллӣ, муштарӣ, ҷазо
тоҷикистон, қонун, тағйирот, ҷодугарӣ, фолбинӣ, маҷлиси миллӣ, муштарӣ, ҷазо
Муштарии фолбину ҷодугар низ ҷазо мегирад: тағирот ба Кодекси Ҷиноятӣ
Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Тоҷикистон тағйирот ба Кодекси ҷиноиро тасвиб кард, ки бар асоси он барои рафтан ба назди фолбин ва ҷодугарҳо ҷазо таъйин мешавад
ДУШАНБЕ, 23 дек – Sputnik. Бар асоси қарори Маҷлиси миллӣ, минбаъд нафароне, ки назди фолбин ва ҷодугарҳо мераванд аз 50 то 60 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (3750-4500 сомонӣ) ҷарима мешаванд, иттилоъ додааст сомонаи “Фараҳ”.
Узви Маҷлиси миллӣ Маҳмадалӣ Ватанзода гуфтааст, ҳадафи тасвиби ин қонун “пешгирии густариши мафкураи ифротӣ ва болоравии хурофотпарастӣ” аст.
Ёдовар мешавем, ки тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ, ки бар асоси он мизоҷони фолбинҳо ҷазо мегиранд, қаблан аз сӯи парлумони Тоҷикистон қабул шуда буд.
Акнун баъди имзои ин санад аз тарафи раисҷумҳур, қонун эътибори қонунӣ пайдо хоҳад кард.
Қаблан ҷазо барои худи фолбинҳо низ сахтар шуда буд.
Мақомоти Тоҷикистон бар зидди фолбин ва ҷодугарҳо муқовиматро пурзур кардааст.
Ба сокинон борҳо ҳушдор дода шуд, ки аз рафтан ба назди фолбин ва ҷодугарҳо худдорӣ кунанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тақрибан ҳаррӯз аз боздошти фолбину ҷодугар хабар медиҳад.
Вале пайвандони бархе аз ин боздоштшудаҳо гуфтанд, хешовандони онҳо ҷодугар ё фолбин набуданд, балки танҳо дуохонӣ мекарданд.