Бозори ҷоду: аз ҳушдорҳои ВУД то шарҳи Шӯрои уламо дар бораи муолиҷаи нафари ҷодушуда

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкПредседатель Совета улемов Исламского центра Таджикистана Саидмукаррам Абдукодирзода, архивное фото
Председатель Совета улемов Исламского центра Таджикистана Саидмукаррам Абдукодирзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2021
Обуна шудан
Дар ҳоле, ки Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, фолбинию ҷоду ба як манбаи даромад барои бархе аз шаҳрвандон табдил ёфтааст, Шӯрои уламои кишвар тарзи табобат аз ҷодуро эълон кард
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Ҷаҳонгир, як корбари сомонаи Шӯрои уламо, аз ин ниҳод суол кардааст, шахсе, ки ҷоду хӯронда шуда бошад, аз нигоҳи шариат чигуна муолиҷа карда мешавад?
Праздничный намаз на Иди Курбон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2021
Фатвои Шӯрои уламо дар бораи қасами “занталоқ” ва савганд ба номи Худою Қуръон
“Бародари азиз, барои муолиҷаи шахси ҷодушуда сураҳои зайл хонда мешавад: Сураи “Фотиҳа”, “Оятул-Курсӣ”, сураҳои “Ёсин”, “Ториқ”, “Шарҳ”, “Кофирун”, “Ихлос”, “Фалақ” ва “Нос”. Инчунин, бо сидқу ихлоси комил нўшидани оби Замзам сабаби раҳоӣ аз ҳар навъ сеҳру ҷоду аст”, - посух додааст Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон.
Ин посух дар ҳолест, ки  ҷоду кардан ва барои бархе мубориза бо ҷоду дар Тоҷикистон як сарчашмаи сердаромад табдил ёфтааст. Аз ҷумла ахиран як ҷавони 26-сола дар Душанбе боздошт шуд, ки худро муборизи зидди ҷодукорӣ гуфта, аввал ашёи гӯиё ҷодшударо дар хонаҳои мардум ҷой медоду, сипас онро ёфта додаву барои ин "хизматаш" пул мегирифт.
Инчунин мақомот бархе афродеро муайян намудаанд, ки таштоби навиштаашонро хонда наметавонистанд.
Муайян шудааст, ки сокини Восеъ бо маҳсулоти хӯрокворӣ ба мизоҷони худ роҳкушоиву бахткушоӣ мекардаасту сокини ноҳияи Тоҷикобод ба ивази чорвои хурду ашёи қиматнок хизматрасонӣ менамудааст.
Мақомот ҷой доштани хурофотпарастиро аз омилҳои асосии гарм будани бозори ба ном ҷодугарону фолбинон арзёбӣ мекунанд ва шаҳрвандонро ба худдорӣ аз чунин аъмол даъват месозанд.
Лентаи хабарҳо
0