https://sputnik.tj/20251222/ryabkov-rusiya-mukolama-ima-ukraina-idoma-1074042149.html
Рябков: Русия муколамаро бо ИМА дар масъалаи Украина идома медиҳад
Рябков: Русия муколамаро бо ИМА дар масъалаи Украина идома медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Муовини вазири корҳои хориҷии Русия гуфт, ки кишвараш музокиротро бо ИМА дар масъалаи ҳалли низоъ дар Украина идома медиҳад
2025-12-22T20:15+0500
2025-12-22T20:15+0500
2025-12-22T20:14+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
русия
дар русия
има
музокирот
украина
амалиёти вижа
низоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/08/1071850582_0:45:3082:1779_1920x0_80_0_0_09b748dbaf4d275f3745afdfc35a28dd.jpg
ДУШАНБЕ, 22 дек – Sputnik. Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Рябков гуфт, ки Русия муколамаро бо Иёлоти Муттаҳида дар мавриди Украина идома медиҳад."Дар мавриди даври охирини тамосҳо (байни Русия ва Иёлоти Муттаҳида), ман итминон дорам, ки пас аз гузориш ба президент, ба иловаи он чизе, ки аллакай гуфта шудааст, арзёбиҳои мувофиқ пешниҳод карда мешаванд. Мо идома медиҳем. Маъмурияти Трамп омодагии худро барои таҳияи роҳҳои ҳалли мушкилот, ки сабабҳои аслии низоъро бартараф мекунанд ва устуворанд, нишон медиҳад", - гуфт ӯ дар Клуби байналмилалии мубоҳисавии Валдай ба хабарнигорон.Ҳафтаи гузашта Кирилл Дмитриев, намояндаи махсуси президенти Русия оид ба сармоягузорӣ ва ҳамкории иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва роҳбари Фонди сармоягузории мустақими Русия, дар Майами бо фиристодаи президенти ИМА Стив Уиткофф ва домоди президенти ИМА Ҷаред Кушнер мулоқот кард.Маъмурияти ИМА қаблан таҳияи нақшаи ҳалли низоъи Украинаро эълон карда буд. Кремл изҳор дошт, ки Русия барои музокирот боз аст ва ба музокироти Анкориҷ содиқ мемонад.Президенти Русия Владимир Путин Уиткофф ва Кушнерро 2 декабр дар Кремл қабул кардЁвари президенти Русия Юрий Ушаков музокироти Кремлро хеле пурмазмун номид ва афзуд, ки тамосҳо байни Русия ва ИМА идома хоҳанд ёфт. Ушаков инчунин қайд кард, ки муваффақиятҳои низомиёни Русия дар майдони ҷанг ба раванд ва хусусияти музокирот таъсири мусбат расонидаанд.
https://sputnik.tj/20251222/mushoviri-orban-ittihodiyai-avruporo-ba-kashol-dodani-nizo-dar-ukraina-muttaham-kard-1074026025.html
русия
има
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/08/1071850582_187:0:2918:2048_1920x0_80_0_0_eb3ccbc5dd6793e79c1ac6e776fce63b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, украина, има, амалиёти вижа, низоъ, музоокирот, сулҳ, ҳалли низоъ
русия, украина, има, амалиёти вижа, низоъ, музоокирот, сулҳ, ҳалли низоъ
Рябков: Русия муколамаро бо ИМА дар масъалаи Украина идома медиҳад
Муовини вазири корҳои хориҷии Русия гуфт, ки кишвараш музокиротро бо ИМА дар масъалаи ҳалли низоъ дар Украина идома медиҳад
ДУШАНБЕ, 22 дек – Sputnik. Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Рябков гуфт, ки Русия муколамаро бо Иёлоти Муттаҳида дар мавриди Украина идома медиҳад.
"Дар мавриди даври охирини тамосҳо (байни Русия ва Иёлоти Муттаҳида), ман итминон дорам, ки пас аз гузориш ба президент, ба иловаи он чизе, ки аллакай гуфта шудааст, арзёбиҳои мувофиқ пешниҳод карда мешаванд. Мо идома медиҳем. Маъмурияти Трамп омодагии худро барои таҳияи роҳҳои ҳалли мушкилот, ки сабабҳои аслии низоъро бартараф мекунанд ва устуворанд, нишон медиҳад", - гуфт ӯ дар Клуби байналмилалии мубоҳисавии Валдай ба хабарнигорон.
Ҳафтаи гузашта Кирилл Дмитриев, намояндаи махсуси президенти Русия оид ба сармоягузорӣ ва ҳамкории иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва роҳбари Фонди сармоягузории мустақими Русия, дар Майами бо фиристодаи президенти ИМА Стив Уиткофф ва домоди президенти ИМА Ҷаред Кушнер мулоқот кард.
Маъмурияти ИМА қаблан таҳияи нақшаи ҳалли низоъи Украинаро эълон карда буд. Кремл изҳор дошт, ки Русия барои музокирот боз аст ва ба музокироти Анкориҷ содиқ мемонад.
Президенти Русия Владимир Путин Уиткофф ва Кушнерро 2 декабр дар Кремл қабул кард
Ёвари президенти Русия Юрий Ушаков музокироти Кремлро хеле пурмазмун номид ва афзуд, ки тамосҳо байни Русия ва ИМА идома хоҳанд ёфт. Ушаков инчунин қайд кард, ки муваффақиятҳои низомиёни Русия дар майдони ҷанг ба раванд ва хусусияти музокирот таъсири мусбат расонидаанд.