Мақомоти Суғд бо ширкати “Хуавей” татбиқи лоиҳаи "Шаҳри бехатар" дар Хуҷандро баррасӣ кард

© Sputnik / Наталья СеливерстоваКамеры фиксации нарушений правил дорожного движения.
Камеры фиксации нарушений правил дорожного движения.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2025
Обуна шудан
Раиси вилояти Суғд дар гуфтугӯ бо бо директори генералии ширкати "Хуавей" масъалаҳои марбут ба татбиқи босифати ин лоиҳаро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 22 дек - Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо директори генералии ширкати "Хуавей" дар Тоҷикистон Ма Тян мулоқот анҷом дод.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот рафти корҳои омодагӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаи "Шаҳри бехатар" дар шаҳри Хуҷанд мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раҷаб Аҳмадзода зҳимни мулоқот таъкид намудааст, ки тибқи нақша дар маркази вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд татбиқи лоиҳаи "Шаҳри бехатар" пешбинӣ шуда, ҳадафи асосии он назорати ҳаракати нақлиёт, пешгирии садамаҳои роҳу нақлиёт, қонунвайронкуниҳо ва дигар ҳодисаҳои нохуш мебошад.
“Ҷонибҳо вобаста ба марҳилаҳои амалисозии лоиҳа, истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ ва дурнамои ҳамкорӣ мубодилаи афкор намуда, масъалаҳои марбут ба татбиқи босифати он­ро муҳокима карданд”, - қайд кардааст манбаъ.
Шаҳри бехатар: Раёсати ВКД дар ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2023
Шаҳри бехатар аз ҷаримаи ҳафт қоидавайронкунӣ ҳаракати роҳ дар ВМКБ хабар дод
Мақомоти Суғд хабар додааст, ки ширкати технологии “Хуавей” дар татбиқи лоиҳаҳои марбут ба "Шаҳри бехатар" дорои таҷрибаи калон буда, яке аз бузургтарин лоиҳаҳояш тарҳи “Шаҳри бехатар”, яъне насби камераҳои назоратӣ дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе мебошад.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳа ба маблағи 25 миллион доллар амалӣ карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0