https://sputnik.tj/20230410/shahri-bekhatar-jarima-haft-qoidavayronkun-roh-vmkb-1056360352.html
Шаҳри бехатар аз ҷаримаи ҳафт қоидавайронкунӣ ҳаракати роҳ дар ВМКБ хабар дод
Шаҳри бехатар аз ҷаримаи ҳафт қоидавайронкунӣ ҳаракати роҳ дар ВМКБ хабар дод
Sputnik Тоҷикистон
Кормандони милиса дар шаҳри Хоруғ барои тартибот дар роҳ аз имконияти камераҳои маркази "Шаҳри бехатар"-и Раёсати ВКД дар ВМКБ истифода мебаранд
2023-04-10T21:30+0500
2023-04-10T21:30+0500
2023-04-10T21:30+0500
дар тоҷикистон
вмкб
"шаҳри бехатар"
ҷарима
қоидавайронкунӣ
роҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/0a/1056360112_0:49:601:387_1920x0_80_0_0_7cd7bd1a0da0fead3bfc14437101f33d.jpg
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Давоми ҳафтаи сипаришуда бо истифода аз имкониятҳои камераҳои "Шаҳри бехатар"- и Раёсати ВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ба монанди дар ҷои ғайримуқаррарӣ таваққуф намудани воситаҳои нақлиёт ошкору муайян ва нисбати ронандагон чорабиниҳои таъсиррасони ҳуқуқӣ андешида шуд.Дар ин бора Раёсати ВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар додааст.Манбаъ таъкид кардааст, ки чунин навъи қоидавайронкунӣ ба тамбашавии сунъии ҳаракат дар роҳ мерасонад ва ба ҳаракати бонизоми нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ ва дигар намуд воситаҳои нақлиёт халал ворид менамояд.Ҳамзамон Раёсати ВКД дар ВМКБ рӯйхати ҳафт нафар қоидавайронкуни ҳаракати роҳро расонаӣ карданд.Ба иттилои манбаъ, ронадаҳо бештар барои итоат накардан ба аломати роҳ ва таваққуфи нодуруст ҷарима шудаанд.“Дар натиҷа нисбати ронандагон аз рўи қоидавайронкунии содирнамудаашон бо моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкуниии маъмурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои минбаъд риоя намудани Қоидаҳои ҳаркати роҳ аз ҷониби нозирони роҳ суҳбатҳои профилактикӣ гузаронида шуд”,- таъкид намудааст Раёсати ВКД дар ВМКБ.Инчунин манбаъ илова кардааст, ки нисбати як ронандаи дигар дар ҳудуди шаҳри Хоруғ ба таври ғайриқонунӣ бо шишаҳои сиёҳ мошинро идора мекард протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, автомашинаи ӯ ба майдончаи ҷаримавӣ бурда шуд.
https://sputnik.tj/20230329/dah-durbin-tartibot-khorugh-nazorat-1055839271.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/0a/1056360112_9:0:590:436_1920x0_80_0_0_a6e84b7933df6512d03b26ae6c8b04af.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, шаҳри бехатар, ҷарима, ронанда, қоидаваронкун, қонуншикан, ҳаракат, роҳ, вмкб
тоҷикистон, шаҳри бехатар, ҷарима, ронанда, қоидаваронкун, қонуншикан, ҳаракат, роҳ, вмкб
Шаҳри бехатар аз ҷаримаи ҳафт қоидавайронкунӣ ҳаракати роҳ дар ВМКБ хабар дод
Кормандони милиса дар шаҳри Хоруғ барои тартибот дар роҳ аз имконияти камераҳои маркази "Шаҳри бехатар"-и Раёсати ВКД дар ВМКБ истифода мебаранд
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Давоми ҳафтаи сипаришуда бо истифода аз имкониятҳои камераҳои "Шаҳри бехатар"- и Раёсати ВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ба монанди дар ҷои ғайримуқаррарӣ таваққуф намудани воситаҳои нақлиёт ошкору муайян ва нисбати ронандагон чорабиниҳои таъсиррасони ҳуқуқӣ андешида шуд.
Дар ин бора Раёсати ВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар додааст.
Манбаъ таъкид кардааст, ки чунин навъи қоидавайронкунӣ ба тамбашавии сунъии ҳаракат дар роҳ мерасонад ва ба ҳаракати бонизоми нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ ва дигар намуд воситаҳои нақлиёт халал ворид менамояд.
Ҳамзамон Раёсати ВКД дар ВМКБ рӯйхати ҳафт нафар қоидавайронкуни ҳаракати роҳро расонаӣ карданд.
Ба иттилои манбаъ, ронадаҳо бештар барои итоат накардан ба аломати роҳ ва таваққуфи нодуруст ҷарима шудаанд.
“Дар натиҷа нисбати ронандагон аз рўи қоидавайронкунии содирнамудаашон бо моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкуниии маъмурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои минбаъд риоя намудани Қоидаҳои ҳаркати роҳ аз ҷониби нозирони роҳ суҳбатҳои профилактикӣ гузаронида шуд”,- таъкид намудааст Раёсати ВКД дар ВМКБ.
Инчунин манбаъ илова кардааст, ки нисбати як ронандаи дигар дар ҳудуди шаҳри Хоруғ ба таври ғайриқонунӣ бо шишаҳои сиёҳ мошинро идора мекард протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, автомашинаи ӯ ба майдончаи ҷаримавӣ бурда шуд.