https://sputnik.tj/20251221/rahmon-didori-putin-sankt-peterburg-raft-1074001488.html
Раҳмон ба дидори Путин ба Санкт-Петербург рафт
Раҳмон ба дидори Путин ба Санкт-Петербург рафт
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон барои анҷом додани як сафари кории озими шаҳри Санкт-Петербурги Русия мешавад
2025-12-21T16:43+0500
2025-12-21T16:43+0500
2025-12-21T16:43+0500
дар тоҷикистон
владимир путин
эмомалӣ раҳмон
санкт-петербург
идм
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/15/1074000679_0:42:800:492_1920x0_80_0_0_5641cb3371dfb5ac1a6240a1362fed92.jpg
ДУШАНБЕ, 21 дек - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия сафар кард.Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.Қайд карда шудааст, ки дар ин сафар Президенти Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ доранд.Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси президенти Русия Владимир Путин дар Санкт-Петербург мулоқоти ғайрирасмии роҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор мешавад.Тавре чанде пеш Кохи Кремлин хабар дода буд, мулоқоти анъанавии ғайрирасмии роҳбарони кишварҳои узви ИДМ 22 декабр баргузор мешавад.Ҳамзамон 21 декабр ҷаласаи Шӯрои Олии Иқтисодии АвруОсиё дар Санкт-Петербург баргузор мешавад.Путин роҳбарони ИДМ-ро дар моҳи октябр дар давраи нишасти ИДМ ба нишасти ғайрирасмии Санкт-Петербург даъват кард."Ман хеле хурсанд мешавам, ки шуморо дар Русия, чунон ки анъанаи мост, дар Санкт-Петербург, дар охири соли ҷорӣ, дар арафаи Соли Нав, барои мулоқоти ғайрирасмии худ бубинам", - гуфта буд раҳбари Русия.Путин аз соли 2017 инҷониб мулоқотҳои анъанавии ғайрирасмии пеш аз Солинавӣ бо роҳбарони ИДМ-ро баргузор мекунад. Аз соли 2018 инҷониб чунин чорабиниҳо дар Санкт-Петербург баргузор мешаванд.
https://sputnik.tj/20251014/zangi-putin-rahmon-rusiya-tojikiston-1072090572.html
санкт-петербург
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/15/1074000679_45:0:756:533_1920x0_80_0_0_a5cded0a2e96404034160a440912c155.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, владимир путин, санкт-петербург, идм, ҷаласа, нишаст
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, владимир путин, санкт-петербург, идм, ҷаласа, нишаст
Раҳмон ба дидори Путин ба Санкт-Петербург рафт
Раисҷумҳури Тоҷикистон барои анҷом додани як сафари кории озими шаҳри Санкт-Петербурги Русия мешавад
ДУШАНБЕ, 21 дек - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия сафар кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ки дар ин сафар Президенти Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ доранд.
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси президенти Русия Владимир Путин дар Санкт-Петербург мулоқоти ғайрирасмии роҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор мешавад.
Тавре чанде пеш Кохи Кремлин хабар дода буд, мулоқоти анъанавии ғайрирасмии роҳбарони кишварҳои узви ИДМ 22 декабр баргузор мешавад.
Ҳамзамон 21 декабр ҷаласаи Шӯрои Олии Иқтисодии АвруОсиё дар Санкт-Петербург баргузор мешавад.
Путин роҳбарони ИДМ-ро дар моҳи октябр дар давраи нишасти ИДМ ба нишасти ғайрирасмии Санкт-Петербург даъват кард.
"Ман хеле хурсанд мешавам, ки шуморо дар Русия, чунон ки анъанаи мост, дар Санкт-Петербург, дар охири соли ҷорӣ, дар арафаи Соли Нав, барои мулоқоти ғайрирасмии худ бубинам", - гуфта буд раҳбари Русия.
Путин аз соли 2017 инҷониб мулоқотҳои анъанавии ғайрирасмии пеш аз Солинавӣ бо роҳбарони ИДМ-ро баргузор мекунад. Аз соли 2018 инҷониб чунин чорабиниҳо дар Санкт-Петербург баргузор мешаванд.