Ошкор шудани наздик ба 440 ҳазор тонна маводи ғизоии ғайристандартӣ дар кишвар

© Sputnik / Амир ИсаевКолбасные продукты в магазине
Колбасные продукты в магазине  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2022
Обуна шудан
Кормандони агентии “Тоҷикстандарт” дар соли гузашта беш аз 400 ҳазор тонна маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истифодаашон гузаштаро ошкор кардаанд
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Темурҷон Абдуллозода, раиси оҷонсии “Тоҷикстандарт” дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, дар соли гузашта агентӣ 438 ҳазору 799 кило маводи ғизоии ғайристандартӣ дарёфт намудааст.
“366 ҳазору 105 кило маҳсулоти мазкур ба қоидаҳои бехатарӣ мувофиқ набуда, 72 ҳазору 674 кг тамғагузорӣ карда нашудаанд”, - зикр кард Темурҷон Абдуллозода.
Международная торговая ярмарка СУГД 2019 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2022
Дараҷа аз 38 дарсад кам набошад: қоидаҳои ҷадиди тавлиди арақ дар Тоҷикистон
Ба гуфтаи вай, беш аз 130,8 ҳазор кило маҳсулоти гӯштии пастсифат, 11 ҳазору 368 кг рӯғани растанӣ, 6 ҳазору 511 литр нӯшокиҳои спиртӣ, 4 ҳазору 80 кило маҳсулоти қаннодӣ, 19,4 ҳазор кило шир, 102 ҳазору 445 дона тухм ва дигар маҳсулоти ғизоии пастсифат ошкор гардидааст.

“Тибқи тартиби мавҷуда, як қисми ин маҳсулот барои коркард фиристода шуда, як қисми он нобуд карда шуд. Нафароне, ки қавонинро нақз карданд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд”, - гуфт сардори агентии “Тоҷикстандарт”.

Вай илова кард, ки дар давраи ҳисоботӣ 42 ҳазору 33 кило маҳсулоти ғайриғизоӣ аз муомилот гирифта шуд, ки масолеҳи сохтмонӣ, антифриз, атриёт, лампаҳои барқӣ, дафтару китобҳоро шомил мешуданд.
Лентаи хабарҳо
0