Группа воздушного прикрытия группировки войск Центр на Красноармейском направлении СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Рубио: Иёлоти Муттаҳида низоъ дар Украинаро ҷанги худ намешуморанд

© AP / Evelyn HocksteinГосударственный секретарь США Марко Рубио на переговорах США и РФ в Эр-Рияде, Саудовская Аравия
Государственный секретарь США Марко Рубио на переговорах США и РФ в Эр-Рияде, Саудовская Аравия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2025
Обуна шудан
Вазири хориҷаи Амрико мегӯяд, ки низоъ дар Украинаро ҷанги ИМА нест
ДУШАНБЕ, 20 дек - Sputnik. Котиби давлатии ИМА Марко Рубио изҳор дошт, ки Иёлоти Муттаҳида низоъ дар Украинаро низои худ намешуморад, аммо итминон дорад, ки танҳо Вашингтон метавонад бо ҳарду ҷониб гуфтушунид кунад.
"Мо ба ин ҷанг кашида шудаем, аммо қатъиян бояд гуфт, ки ин ҷанги мо нест... Дар ҷаҳон танҳо як кишвар, танҳо як ниҳод вуҷуд дорад, ки воқеан қодир аст бо ҳарду ҷониб гуфтушунид кунад ва дарк кунад, ки оё роҳи осоишта барои хотима додан ба ин ҷанг имконпазир аст ва ин Иёлоти Муттаҳида аст", - гуфт Рубио ба хабарнигорон.
Котиби давлатии ИМА Марко Рубио гуфт, ки ҳалли низоъ дар Украина душвортарин вазифаи Вашингтон будааст, ҳарчанд ба назар осонтарин менамояд.
"Ман фикр мекардам, ки ин осонтарин хоҳад буд, аммо маълум шуд, ки душвортарин аст", - гуфт Рубио зимни нишасти матбуотӣ.
Александр Лукашенко на заседании совета глав государств СНГ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2025
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лукашенко: Низоъро дар Украина Ғарб оғоз кардааст
Котиби давлатии ИМА гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида мавқеъҳои Русия ва Украинаро дар бораи созиш омӯхта, кӯшиш мекунад, ки бифаҳмад, ки оё онҳоро метавон ба мувофиқа расонд.
"Мо кӯшиш мекунем, ки мавқеи Русияро дарк кунем... Мо мавқеи Украинаро дарк мекунем ва кӯшиш мекунем, ки фаҳмем, ки оё ин ду чизро метавон ба мувофиқа расонд," гуфт Рубио.
Лентаи хабарҳо
0