Қазоқистон мутаҳидии стратегии худро бо Тоҷикистон дар ҳама самтҳо тақвият хоҳад дод

© Foto / Пресс-служба посольства Казахстана в ТаджикистанеПосол Казахстана в Таджикистане Валихан Туреханов
Посол Казахстана в Таджикистане Валихан Туреханов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2025
Обуна шудан
Сафири Қазоқистон дар Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор кард, ки дар он дар бораи муносибатҳои байни ду кишвар сӯҳбат кард
ДУШАНБЕ, 19 дек – Sputnik. Тоҷикистону Қазоқистон умедворанд, ки дар чанд самт рушд босуръатро таъмин намоянд.
Дар ин бора хадамоти матбуоти сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон дар истинод ба суханони сафир Валихон Турехонов зимни зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе хабар дод.
Дипломат қайд кард, ки муколамаи сиёсӣ байни ду кишвар барои ҳамкорӣ дар ҳама самтҳои калидӣ динамикаи мусбат эҷод мекунад ва муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон шарикии стратегӣ доранд.
Туреханов инчунин дар бораи рушди равобити тиҷоратӣ ва иқтисодӣ сухан ронда, афзоиши мунтазами тиҷорати мутақобила ва васеъ шудани номгӯи маҳсулоти содиротшавандаро қайд кард.
Ғайр аз ин, ҳарду кишвар имкониятҳои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат (аз ҷумла кишоварзӣ), энергетика, нақлиёт ва логистикаро баррасӣ доранд.
Сафир махсусан ҳамкориҳои башардӯстона байни Тоҷикистон ва Қазоқистон, аз ҷумла ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва варзишро қайд кард.
Встреча Эмомали Рахмона с Президентом Республики Казахстан Касым-Жомартом Токаевым - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2025
Мулоқоти Раҳмон бо Токаев: Қазоқистон миёни шарикони асосии тиҷории Тоҷикистон
Дипломат инчунин таъкид кард, ки Қазоқистон тавассути барномаҳои таълимӣ, аз ҷумла додани грантҳо барои таҳсил дар донишгоҳҳои кишвар, дастгирии ҷавонони тоҷикро идома медиҳад.
Ғайр аз ин, Туреханов аҳамияти ҳамкории байни давлатҳоро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, ИДМ ва СҲШ таъкид кард.
Ғайр аз ин, сафир таъкид кард, ки Тоҷикистон ва Қазоқистон дар масъалаҳои амнияти миллӣ, инчунин дар баррасии масъалаҳои обу энергетика дар Осиёи Марказӣ якдигарро дастгирӣ мекунанд.
Тоҷикистон ва Қазоқистон 7 январи соли 1993 муносибатҳои дипломатӣ барқарор карданд, ки пас аз он як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ба имзо расониданд.
Лентаи хабарҳо
0