Мулоқоти Раҳмон бо Токаев: Қазоқистон миёни шарикони асосии тиҷории Тоҷикистон

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаВстреча Эмомали Рахмона с Президентом Республики Казахстан Касым-Жомартом Токаевым
Встреча Эмомали Рахмона с Президентом Республики Казахстан Касым-Жомартом Токаевым - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2025
Обуна шудан
Тоҷикистону Қазоқистон ният доранд, нишондиҳандаҳои тиҷорати дуҷонибаро зиёд намоянд
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кишвардори Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев мулоқот кард.
Ин мулоцот дар ҳошияи Ҳамоиши Осиёи Марказӣ-Русия ва Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд, гузориш медиҳад хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.
Кишвардори Тоҷикистон зимни суҳбат Қазоқистонро аз шарикони муҳими кишвар хонд.
“Қазоқистон аз шарикони муҳими Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва мо алоқаманди рушди шарикии стратегию ҳампаймонии давлатҳоямон мебошем”.
Ҳамчунин, муҳимияти Шартномаи ҳампаймонӣ, ки имкониятҳои нави рушди ҳамаҷонибаи ҳамкориро миёни ду давлат фароҳам меорад, таъкид гардид.
"Дар нимсолаи якуми соли 2025 ҳаҷми тиҷорати дуҷониба ба 670 миллион сомонӣ расид, ки ин нишондиҳанда пешсафии Қазоқистонро дар миёни шарикони тиҷоратии Тоҷикистон собит менамояд", - гуфта шуд, зимни мулоқот.
Барои боз ҳам беҳтар гардондани нишондиҳандаҳои тиҷорати дуҷониба зиёд намудани номгуйи маҳсулоти содиротию воридотӣ ва фаъолгардонии бештари кори Комиссияи байниҳукуматӣ зарур шумурда шуд.
Строительство Рогунской ГЭС  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2025
Қазоқистон омода аст созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи "Роғун"-ро имзо кунад
Ба масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, сармоягузорӣ, технологияҳои нав, аз ҷумла дар самтҳои “сабз” таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0