https://sputnik.tj/20251218/it-parki-dushanbe-yarmarka-joyhoi-kori-1073917708.html
Дар IT-парки шаҳри Душанбе ярмаркаи ҷойҳои корӣ баргузор шуд
Дар IT-парки шаҳри Душанбе ярмаркаи ҷойҳои корӣ баргузор шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳадафи ярмарка таъмини ҷойҳои корӣ, ҷалби шаҳрвандон ба касбомӯзӣ ва додани машваратҳо мебошад
2025-12-18T19:43+0500
2025-12-18T19:43+0500
2025-12-18T19:43+0500
видео
ярмарка
ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ
душанбе
шуғл
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/12/1073917393_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_7012bdceb0d921815fe14c77c2181f30.jpg
Дар IT-PARK-и шаҳри Душанбе ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва имкониятҳои нав бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳоҷир баргузор гардид.Ҳадафи асосии он фароҳам овардани шароити мусоид барои шуғли аҳолӣ, дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ва шахсони ба ватан бозгашта, инчунин муаррифии имкониятҳои нави меҳнатӣ дар дохили кишвар арзёбӣ гардид.Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода таъкид кард, ки чунин ташаббусҳо минбаъд низ идома ёфта, ба рушди бозори меҳнат ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат хоҳанд кард,.Занони бекор: Аксари сокинони корҷӯи Спитаменро бонувон ташкил медиҳадЗикр шуд, ки баргузории чунин ярмаркаҳо ба коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҷалби шаҳрвандон ба ҷойҳои кори шоиста дар дохили кишвар мусоидат мекунад.Дар ярмарка намояндагони 75 корхонаю муассиса, ташкилотҳои давлатӣ ва хусусӣ иштирок намуда, ба шаҳрвандон 4810 адад ҷойи холии корӣ аз рӯи ихтисосҳои гуногун дар соҳаҳои саноат, сохтмон, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, хизматрасонӣ ва соҳибкории хурд пешниҳод шуданд.Вазорат: Дархостҳои ширкатҳои Русия барои ҷалби коргар аз Тоҷикистон афзоиш ёфтаастДар маҷмӯъ, дар чорабинӣ 1732 нафар шаҳрвандон иштирок карданд, ки аз ин шумора 362 нафар аз ҷониби корхонаю муассисаҳо ҳамчун довталаб барои ишғоли ҷойҳои холии корӣ ба қайд гирифта шуданд.Ҳамзамон, 317 нафар аз иштирокчиён бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб гардиданд, ки аз самаранокии баргузории ярмарка ва таваҷҷуҳи корфармоён ба ҷалби неруи корӣ шаҳодат медиҳад.
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/12/1073917393_240:0:1680:1080_1920x0_80_0_0_95f65558f68b37bfe513e9f2caed9de7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ҷойҳои корӣ, ярмарка, душанбе, касбомӯзӣ, ҷалби шаҳрвандон
тоҷикистон, ҷойҳои корӣ, ярмарка, душанбе, касбомӯзӣ, ҷалби шаҳрвандон
Дар IT-парки шаҳри Душанбе ярмаркаи ҷойҳои корӣ баргузор шуд
Ҳадафи ярмарка таъмини ҷойҳои корӣ, ҷалби шаҳрвандон ба касбомӯзӣ ва додани машваратҳо мебошад
Дар IT-PARK-и шаҳри Душанбе ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва имкониятҳои нав бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳоҷир баргузор гардид.
Ҳадафи асосии он фароҳам овардани шароити мусоид барои шуғли аҳолӣ, дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ва шахсони ба ватан бозгашта, инчунин муаррифии имкониятҳои нави меҳнатӣ дар дохили кишвар арзёбӣ гардид.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода таъкид кард, ки чунин ташаббусҳо минбаъд низ идома ёфта, ба рушди бозори меҳнат ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат хоҳанд кард,.
Зикр шуд, ки баргузории чунин ярмаркаҳо ба коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҷалби шаҳрвандон ба ҷойҳои кори шоиста дар дохили кишвар мусоидат мекунад.
Дар ярмарка намояндагони 75 корхонаю муассиса, ташкилотҳои давлатӣ ва хусусӣ иштирок намуда, ба шаҳрвандон 4810 адад ҷойи холии корӣ аз рӯи ихтисосҳои гуногун дар соҳаҳои саноат, сохтмон, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, хизматрасонӣ ва соҳибкории хурд пешниҳод шуданд.
Дар маҷмӯъ, дар чорабинӣ 1732 нафар шаҳрвандон иштирок карданд, ки аз ин шумора 362 нафар аз ҷониби корхонаю муассисаҳо ҳамчун довталаб барои ишғоли ҷойҳои холии корӣ ба қайд гирифта шуданд.
Ҳамзамон, 317 нафар аз иштирокчиён бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб гардиданд, ки аз самаранокии баргузории ярмарка ва таваҷҷуҳи корфармоён ба ҷалби неруи корӣ шаҳодат медиҳад.