https://sputnik.tj/20250617/vazorat-darkhost-shirkatho-rusiya-jalb-korgar-tojikiston-1068210347.html
Вазорат: Дархостҳои ширкатҳои Русия барои ҷалби коргар аз Тоҷикистон афзоиш ёфтааст
Вазорат: Дархостҳои ширкатҳои Русия барои ҷалби коргар аз Тоҷикистон афзоиш ёфтааст
Sputnik Тоҷикистон
Аз аввали сол ба вазорати меҳнати Тоҷикистон беш аз 70 ширкати русӣ барои ҷалби қувваи корӣ аз ҷумҳурӣ дархост равон кардаанд
2025-06-17T17:59+0500
2025-06-17T17:59+0500
2025-06-17T17:59+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
дархост
русия
муҳоҷирони корӣ
ҷалб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/13/1063597116_0:197:2965:1865_1920x0_80_0_0_ed3a9011220b89ef66f07fe9150adaba.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Теъдоди дархостҳои корфармоёни рус барои ҷалби муташаккилонаи коргарон аз Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.Дар ин бора дар мусоҳиба бо ТАСС муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Шариф Норзода хабар додааст."Теъдоди дархостҳои корфармоёни рус барои ҷалби нерӯи корӣ аз Тоҷикистон рӯ ба афзоиш аст. Аз авоили соли ҷорӣ ба вазорат аз беш аз 70 ширкати русӣ барои дарёфти беш аз 25 ҳазор ҷойи кори холӣ дархост ворид шудааст", - гуфт ӯҚаблан Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнати Тоҷикистон гуфт, ки мақомоти кишвар ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои кор дар Русияро як василаи муассири танзими муҳоҷират медонанд.Моҳи феврали соли равон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин хабар дода буд, ки дар соли 2024 тавассути ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон 15 ҳазор шаҳрванди ҷумҳурӣ барои кор ба Русия фиристода шудаанд.Ба гуфтаи вазорати меҳнати Тоҷикистон, бештари шаҳрвандони Тоҷикистон, барои кор дар хориҷа Русияро интихоб мекунанд. Аз ҷумла, дар нимсолаи аввали соли 2024 392 ҳазору 805 нафар муҳоҷирони корӣ аз ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар рафтаанд, ки 387 ҳазору 987 нафари онҳо ба Русия рафтаанд.Сафари муҳоҷирони корӣ ба Русия нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 15% коҳиш ёфтааст.
https://sputnik.tj/20250529/muloqot-khosa-rustam-putin-muhojirat-targhib-farhangi-rusi-1067545688.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/13/1063597116_194:0:2925:2048_1920x0_80_0_0_3ca909759342f5138bf0a03e95b22dda.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, муҳоҷират, ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ, ширкатҳои русӣ, қувваи корӣ
русия, муҳоҷират, ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ, ширкатҳои русӣ, қувваи корӣ
Вазорат: Дархостҳои ширкатҳои Русия барои ҷалби коргар аз Тоҷикистон афзоиш ёфтааст
Аз аввали сол ба вазорати меҳнати Тоҷикистон беш аз 70 ширкати русӣ барои ҷалби қувваи корӣ аз ҷумҳурӣ дархост равон кардаанд
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Теъдоди дархостҳои корфармоёни рус барои ҷалби муташаккилонаи коргарон аз Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора дар мусоҳиба бо ТАСС муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Шариф Норзода хабар додааст.
"Теъдоди дархостҳои корфармоёни рус барои ҷалби нерӯи корӣ аз Тоҷикистон рӯ ба афзоиш аст. Аз авоили соли ҷорӣ ба вазорат аз беш аз 70 ширкати русӣ барои дарёфти беш аз 25 ҳазор ҷойи кори холӣ дархост ворид шудааст", - гуфт ӯ
Қаблан Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнати Тоҷикистон гуфт, ки мақомоти кишвар ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои кор дар Русияро як василаи муассири танзими муҳоҷират медонанд.
Моҳи феврали соли равон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин хабар дода буд, ки дар соли 2024 тавассути ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон 15 ҳазор шаҳрванди ҷумҳурӣ барои кор ба Русия фиристода шудаанд.
Ба гуфтаи вазорати меҳнати Тоҷикистон, бештари шаҳрвандони Тоҷикистон, барои кор дар хориҷа Русияро интихоб мекунанд. Аз ҷумла, дар нимсолаи аввали соли 2024 392 ҳазору 805 нафар муҳоҷирони корӣ аз ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар рафтаанд, ки 387 ҳазору 987 нафари онҳо ба Русия рафтаанд.
Сафари муҳоҷирони корӣ ба Русия нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 15% коҳиш ёфтааст.