https://sputnik.tj/20251218/guftugui-dabiron-amniyat-rusiya-tojikiston-margi-khonanda-maktab-1073905092.html
Гуфтугӯи дабирони амнияти Русия ва Тоҷикистон дар пайи куштори як хонанда дар мактаб
Гуфтугӯи дабирони амнияти Русия ва Тоҷикистон дар пайи куштори як хонанда дар мактаб
Sputnik Тоҷикистон
Шойгу итминон дод, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои тафтиши холисона ва воқеъбинонаи ҳодиса ҳама кори заруриро хоҳанд кард
2025-12-18T12:55+0500
2025-12-18T12:55+0500
2025-12-18T13:03+0500
дар русия
дар тоҷикистон
юсуф раҳмон
сергей шойгу
шӯрои амнияти фр
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/12/1073903987_0:288:3072:2016_1920x0_80_0_0_b83cc3414f40b7f4acf6e5cc40460f76.jpg
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия тамоми чораҳои заруриро анҷом медиҳанд, то ҳама ҳолатҳои ҷинояти дар Одинтсово содиршуда тафтиши холисона анҷом дода шаванд. Дар ин бора дар сӯҳбати телефонии Сергей Шойгу, дабири Шӯрои амнияти Русия бо Юсуф Раҳмон, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон, таъкид шудааст. Дафтари матбуоти Шӯрои амнияти Русия хабар дод, ки ҷонибҳо ҳодисаи изтирорӣ дар мактаби ноҳияи Одинтсовои вилояти Маскавро баррасӣ карданд.Рӯзи 16 декабр як хонандаи мактаби вилояти Маскав як посбон ва яке аз кӯдаконро бо корд захмӣ кард. Ба гуфтаи Кумитаи тафтишоти Русия, кӯдак дар пайи он дар бемористон ҷон додааст. Дарҳол ин наврас боздошт ва бозпурсӣ шуд. Кумитаи тафтишот тафтишотро таҳти назорати махсус қарор додааст. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба ин қазия вокуниш нишон дода, хостори таҳқиқи ҳодиса шуд. Вазорат ҳамчунин ба хонаводаи кӯдаки марҳум изҳори ҳамдардӣ кардааст. Гузашта аз ин, раҳбарони вазоратҳои корҳои дохилии Русия ва Тоҷикистон Владимир Колоколтсев ва Рамазон Раҳимзода алакай дар бораи ин вазъ гуфтугӯ кардаанд. Мария Захарова, сухангӯи вазорати хориҷаи Русия рӯзи чаҳоршанбе гуфт, вазорати хориҷаи Русия дар робита ба марги кӯдак дар яке аз мактабҳои вилояти Маскав ба ҷониби Тоҷикистон таслият гуфтааст.
https://sputnik.tj/20251217/rusiya-tojikiston-margi-khonanda-maktab-izhori-hamdardi-1073890548.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/12/1073903987_268:0:2999:2048_1920x0_80_0_0_6a10e12578e7f4523a32926ac218716a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон русия шойгу одинтсово
тоҷикистон русия шойгу одинтсово
Гуфтугӯи дабирони амнияти Русия ва Тоҷикистон дар пайи куштори як хонанда дар мактаб
12:55 18.12.2025 (Навсозишуда: 13:03 18.12.2025) Шойгу итминон дод, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои тафтиши холисона ва воқеъбинонаи ҳодиса ҳама кори заруриро хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия тамоми чораҳои заруриро анҷом медиҳанд, то ҳама ҳолатҳои ҷинояти дар Одинтсово содиршуда тафтиши холисона анҷом дода шаванд.
Дар ин бора дар сӯҳбати телефонии Сергей Шойгу, дабири Шӯрои амнияти Русия бо Юсуф Раҳмон, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон, таъкид шудааст.
Дафтари матбуоти Шӯрои амнияти Русия хабар дод, ки ҷонибҳо ҳодисаи изтирорӣ дар мактаби ноҳияи Одинтсовои вилояти Маскавро баррасӣ карданд.
"Дар ҷараёни сӯҳбат ҷонибҳо ҳодисаи изтирориро, ки 16 декабри соли 2025 дар мактаби ноҳияи Одинтсовои вилояти Маскав рух дод, баррасӣ карданд. Гуфта шуд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати холисона таҳқиқ кардани тамоми ҳолатҳои ҷиноят чораҳои заруриро меандешанд", — омадааст дар хабарнома.
Рӯзи 16 декабр як хонандаи мактаби вилояти Маскав як посбон ва яке аз кӯдаконро бо корд захмӣ кард. Ба гуфтаи Кумитаи тафтишоти Русия, кӯдак дар пайи он дар бемористон ҷон додааст. Дарҳол ин наврас боздошт ва бозпурсӣ шуд.
Кумитаи тафтишот тафтишотро таҳти назорати махсус қарор додааст. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба ин қазия вокуниш нишон дода, хостори таҳқиқи ҳодиса шуд. Вазорат ҳамчунин ба хонаводаи кӯдаки марҳум изҳори ҳамдардӣ кардааст.
Гузашта аз ин, раҳбарони вазоратҳои корҳои дохилии Русия ва Тоҷикистон Владимир Колоколтсев ва Рамазон Раҳимзода алакай дар бораи ин вазъ гуфтугӯ кардаанд.
Мария Захарова, сухангӯи вазорати хориҷаи Русия рӯзи чаҳоршанбе гуфт, вазорати хориҷаи Русия дар робита ба марги кӯдак дар яке аз мактабҳои вилояти Маскав ба ҷониби Тоҷикистон таслият гуфтааст.