https://sputnik.tj/20251217/rusiya-tojikiston-margi-khonanda-maktab-izhori-hamdardi-1073890548.html
Русия ба Тоҷикистон дар робита ба марги як хонанда дар мактаб изҳори ҳамдардӣ баён кард
Русия ба Тоҷикистон дар робита ба марги як хонанда дар мактаб изҳори ҳамдардӣ баён кард
Sputnik Тоҷикистон
Мария Захарова изҳор дошт, ки ҷониби Русия ҳама кори заруриро барои тафтишоти беғаразонаи ин ҳодиса анҷом медиҳад
2025-12-17T17:55+0500
2025-12-17T17:55+0500
2025-12-17T17:59+0500
дар тоҷикистон
русия
дар русия
изҳори таслият
мария захарова
ҳодисаи нохуш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/0b/1063180573_0:38:3476:1993_1920x0_80_0_0_7b001da17acaa8e3274ab41cd8476a7c.jpg
ДУШАНБЕ, 17 дек - Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии Русия ба Тоҷикистон ва оилаи хонандае, ки дар ҳамла ба як мактаб дар вилояти Маскав кушта шудааст, изҳори щамдардь кард.Дар ин бора сухангӯи Вазорати корҳои хориҷӣ Мария Захарова зимни брифинг изҳор дошт.Захарова таъкид кард, ки " ҳаёти ҳар як инсон, новобаста аз ҳама чиз, аз ҷумла шаҳрвандӣ ё миллат, арзиши болотар дорад."Як хонандаи мактабе дар вилояти Маскав рӯзи пеш як посбон ва як хонандаи 10 соларо корд зад. Тибқи иттилои Кумитаи тафтишотии Русия, кӯдак баъдан дар беморхона фавтидааст. Наврас фавран боздошт ва бозпурсӣ шудааст.Кумитаи тафтишот тафтишотро таҳти назорати махсус қарор додааст. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ин ҳодиса бо дархости тафтишот посух дод. Вазорат инчунин ба оилаи кӯдаки фавтида изҳори тасаллият кард.Ғайр аз ин, роҳбарони вазоратҳои корҳои дохилии Русия ва Тоҷикистон, Владимир Колоколтсев ва Рамазон Раҳимзода, аллакай дар бораи ин вазъ музокирот анҷом додаанд.
https://sputnik.tj/20251127/putin-rusiya-tojikiston-amniyat-tamos-1073322695.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/0b/1063180573_384:0:3092:2031_1920x0_80_0_0_1d4aa4d65cd8a5924727a5d62b1958b2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, вух, изҳори ҳамдардӣ, тассалӣ, мария захарова, мактаб, хонанда
тоҷикистон, русия, вух, изҳори ҳамдардӣ, тассалӣ, мария захарова, мактаб, хонанда
Русия ба Тоҷикистон дар робита ба марги як хонанда дар мактаб изҳори ҳамдардӣ баён кард
17:55 17.12.2025 (Навсозишуда: 17:59 17.12.2025) Мария Захарова изҳор дошт, ки ҷониби Русия ҳама кори заруриро барои тафтишоти беғаразонаи ин ҳодиса анҷом медиҳад
ДУШАНБЕ, 17 дек - Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии Русия ба Тоҷикистон ва оилаи хонандае, ки дар ҳамла ба як мактаб дар вилояти Маскав кушта шудааст, изҳори щамдардь кард.
Дар ин бора сухангӯи Вазорати корҳои хориҷӣ Мария Захарова зимни брифинг изҳор дошт.
"Вазорати корҳои хориҷии Русия ба ҷониби Тоҷикистон, оилаи фавтида ва онҳое, ки дар ҳамла маҷрӯҳ шудаанд, изҳори тасаллият мекунад", - гуфт ӯ.
Захарова таъкид кард, ки " ҳаёти ҳар як инсон, новобаста аз ҳама чиз, аз ҷумла шаҳрвандӣ ё миллат, арзиши болотар дорад."
"Ҷониби Русия барои тафтишоти беғаразонаи ин ҳодиса ҳама кори заруриро анҷом медиҳад", - хулоса кард Захарова.
Як хонандаи мактабе дар вилояти Маскав рӯзи пеш як посбон ва як хонандаи 10 соларо корд зад. Тибқи иттилои Кумитаи тафтишотии Русия, кӯдак баъдан дар беморхона фавтидааст. Наврас фавран боздошт ва бозпурсӣ шудааст.
Кумитаи тафтишот тафтишотро таҳти назорати махсус қарор додааст. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ин ҳодиса бо дархости тафтишот посух дод. Вазорат инчунин ба оилаи кӯдаки фавтида изҳори тасаллият кард.
Ғайр аз ин, роҳбарони вазоратҳои корҳои дохилии Русия ва Тоҷикистон, Владимир Колоколтсев ва Рамазон Раҳимзода, аллакай дар бораи ин вазъ музокирот анҷом додаанд.