https://sputnik.tj/20251217/pablo-eskobari-khovari-miyona-farmon-hamla-chiniho-1073862819.html
“Пабло Эскобари Ховари Миёна”: фармони ҳамла ба чиниҳоро чӣ касе ва чаро содир кард?
“Пабло Эскобари Ховари Миёна”: фармони ҳамла ба чиниҳоро чӣ касе ва чаро содир кард?
Sputnik Тоҷикистон
Кушта шудани панҷ коргари чинӣ дар пайи тирандозӣ аз сӯи Афғонистон, фазои амнияту субот дар марзҳо ва эътимоди миёни Тоҷикистону Толибонро тира кардааст. Sputnik Тоҷикистон ин масъаларо таҳқиқ кард
2025-12-17T09:36+0500
2025-12-17T09:36+0500
2025-12-17T09:36+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
толибон
ҳамлаи террористӣ
марз
чин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101458/11/1014581158_0:36:1600:936_1920x0_80_0_0_ce2bb918df37ceb06ebf5fd12ea987ed.jpg
ДУШАНБЕ, 17 дек - Sputnik. Кушта шудани шаҳрвандони Чин дар натиҷаи тирпарронӣ аз самти Афғонистон амнияти марзро норушан карда, ба эътимоди байни Тоҷикистон ва Толибон* таъсир расонидааст. Кор ба ҷое расида, ки гузаргоҳҳои марзии миёни Тоҷикистону Афғонистон акнун баста шудаанд.Ин ҳодисаҳо таваҷҷӯҳи байналмилалиро ҷалб карданд. Намояндагиҳои дипломатии Эрон ва Покистон, инчунин Созмони Ҳамкории Шанхай куштори шаҳрвандони Чинро маҳкум карда, онҳоро ҳамалоте номиданд, ки ба ноором кардани вазъияти минтақа нигаронида шудаанд. Сафорати Чин дар Тоҷикистон аз шаҳрвандонаш хост манотиқи хатарнокро тарк кунанд ва президент Эмомалӣ Раҳмон бошад, бо намояндагони нерӯҳои амниятӣ дар бораи "вазъият дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ва роҳҳои тақвияти он" мулоқотҳо анҷом дод.“Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалҳои ғайриқонунӣ ва иғвоангези шаҳрвандони Афғонистонро шадидан маҳкум намуда, ба масъулин дастур доданд, ки доир ба ҳалли масъала ва пешгирӣ аз такрори чунин ҳодисаҳои нохуш аз чораю тадбирҳои муассир кор бигиранд”, - хабар доданд аз Хадамоти матбуотии раҳбари Тоҷикистон.Sputnik Тоҷикистон таҳқиқ кард, ки дар асл чӣ рӯй додааст ва аз ҳамла ба шаҳрвандони Чин дар Тоҷикистон кӣ манфиатдор аст.Фишор ба Чин ё ноором сохтани минтақа?Тибқи иттилоъияи маркази матбуоти Неруҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, 30 ноябри 2025, ҳудуди соъати 18: 45 “аъзои гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ аз ҳудуди вилояти Бадахшони Афғонистон ба кормандони ширкати роҳсозии “China Road and Bridge Corporation” дар деҳаи Шодаки ҷамоати деҳоти Вишхарви ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳона анҷом доданд. Дар натиҷа ду шаҳрванди Чин ба ҳалокат расида, 2 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд”.“Айнан чунин амали террористӣ рӯзи 26 ноябри аз ҳудуди вилояти Бадахшони Афғонистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин содир шуд, ки натиҷаи он 3 корманди чиноии ширкати “Шоҳин-СМ” ба ҳалокат расида, як нафар захмӣ гардид”, - омадааст дар иттилоия.Расонаҳои минтақаиву байналмилалӣ ин рӯйдодҳо дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳлил карда, онҳоро кори гуруҳҳои террористии фаъол дар Афғонистон донистанд, аз ҷумла “Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ”** (ҷангиёни уйғур), ки ҳадафашон тахриби робитаи Толибону* Тоҷикистон, бесуботсозии Осиёи Марказӣ, фишор бар Чину аҳдофи дигар аст.Интизорот ё иштибоҳотБа гуфтаи коршиносон, метавон ишораҳо ба аҳдофи воқеии ин ҳаводисро нахуст пушти сутури баёнияи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва низ баёнияи вазорати хориҷаи Толибон* хонд.Ба қавли мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, бо вуҷуди талошҳои мунтазами ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи амният ва эҷоди фазои ҳамкории мутақобилан судманд дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон амалҳои гурӯҳҳои ҷинояткор барои халалдор намудани вазъият дар сарҳади давлатӣ ба қайд гирифта шуданд.“Ҷониби Тоҷикистон бо изҳори нигаронии амиқ ин амалҳои мудҳиши гурӯҳҳои ҷиноятиро қотеъона маҳкум намуда, аз мақомоти феълии Афғонистон барои андешидани тадбирҳои муассири саривақтӣ ҷиҳати таъмини амну субот дар хатти сарҳади давлатии ду кишвар ва дастгир намудани афроди ба ин амалҳои мудҳиш дастдошта, даъват ба амал меорад”, - омадааст дар баёния.Вазорати хориҷаи Толибон* бо интишори баёнияе эълом кард, ки ҳамла дар вилояти Хатлони Тоҷикистон аз сӯи гуруҳҳое анҷом шуда, ки ҳадафашон эҷоди ноамнӣ ва беэътимодӣ миёни кишварҳои минтақа аст.Ба қавли коршиносон, ишора ба ин ки Тоҷикистон ҳамеша талош барои “ҳифзи амният ва эҷоди фазои ҳамкории мутақобилан судманд” дорад, аммо “гуруҳҳои ҷинояткор” амнияту суботи марзро халалдор мекунанд ва инчунин даъват ба "мақомоти кунунии Афғонистон" барои андешидани чораҳо нишон медиҳад, ки Душанбе дар бораи гунаҳкорони воқеӣ маълумот дорад ва даст доштани худи Толибонро* дар ин ҳодисаҳо намебинад.Абдулносири Нурзод, пажӯҳишгари амният ва геополитика мегӯяд, ки Толибон* борҳо ба кишварҳои минтақаву фароминтақа тазмин додаанд, ки аз хоки Афғонистони ҳеҷ гуруҳе барои фаъолиятҳои тахрибӣ ва террористӣ истифода нахоҳад кард, аммо кушта шудани шаҳрвандони чинӣ ҳам қудрати Кобулро зери савол мебарад ва ҳам нигарониҳои минтақавиро афзоиш медиҳад.“Вақте мақомоти расмии Тоҷикистон на ба созмонҳои террористӣ, балки ба “гуруҳҳои ҷинояткор” ишора мекунанд, ин ба он маъност, ки Толибон* қодир ба таъмини амнияти саросарии Афғонистон нестанд. Толибон* низ ғайримустақим ин воқеиятро таъйид карда ва ба гуруҳҳое ишора мекунанд, ки “ҳадафашон эҷоди ноамнӣ ва беэътимодӣ миёни кишварҳои минтақа” аст. Аммо дарвоқеъ худашон ин гуруҳҳоро мешиносанд ва медонанд, ки дар маҳори онҳо оҷизанд”, — гуфт Абдуносир Нурзод.Пулиси вилояти Бадахшони Афғонистон аз боздошти ду нафар ба иттиҳоми даст доштан дар ҳамла ба шаҳрвандони Чин дар Бадахшони Тоҷикистон хабар дод.Дар ҳамин ҳол, бар асоси иттилое, ки аз манобеъи вижа дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистони қарор гирифта, бахши кашфу истихбороти ливои чаҳоруми қули урдуи “Умари Солис”-и вазорати дифои Толибон*, чаҳор сарбози марзбонӣ ба номҳои Қорӣ Мисбоҳулҳақ Умар, Мубориз Садр, Гуланбоз Ҳақҷӯ ва Ёсин (“Анас”) - ро ба унвони омилони аслии ин ҳамла шиносоӣ карда, аз рустои Рузвайи вулусволии Моймай, ки дар наздикии нуқтаи марзии Шодаки Тоҷикистон қарор дорад, дастгир ва ба Файзобод мунтақил кардаанд.Аммо омилони ҳамлаи 26 ноябр, ки дар он 3 корманди ширкати “Шоҳин–СМ” бо истифода аз паҳпод кушта ва як нафар захмӣ шуд, чӣ касоне буданд? Истифода аз паҳпод чӣ паёме дошт?Тилоҷӯёни ҷанубӣДар ҳоле ки тафтишоти тирпарронии рӯзи 30 ноябр фаъолона идома дорад, аммо кӣ дар паси ҳамлаи рӯзи 26-ум, ки дар натиҷаи ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин се корманди Шоҳин-СМ кушта ва яке захмӣ шуд, қарор дорад, номаълум боқӣ мемонад.Толибон* ҳанӯз расман ба ин ҳодиса посух надодаанд ва бовар доранд, ки он дар пасманзари рӯйдодҳои баъдӣ дар Дарвоз "норавшан" шудааст.Ба гуфтаи манобеи Sputnik Тоҷикистон, тирандозии 26 ноябр ба сӯи Тоҷикистон аз макони тилошӯии мутааллиқ ба Юсуфи Ҳилмандӣ анҷом дода шудааст.Шафиқуллоҳ Ҳафиз, аз тоҷикони вулусволии Яфтали вилояти Бадахшони Афғонистон аст, ки дар моҳи апрели имсол ба раёсати маодини вилоят мансуб шуд. Тибқи гуфтаи афроди наздик ба ӯ, ки бо Sputnik Тоҷикистон суҳбат карданд, Шафиқуллоҳ маҳорати зиёде дар “харидан”-и мақомдорони бонуфуз, аз ҷумла Қорӣ Фасеҳуддин, раиси Ситоди кули артиши Толибон* дорад ва мансабашро бо пардохти ришваҳои калон ба даст овардааст.Ҳафиз дар Шаҳри Бузурги ҳеҷ пружае надошт. Бахши бузурге аз майдонҳои тилои ин вулусволӣ ба раиси собиқи маодини Бадахшон, Абдураҳмон Аммор тааллуқ дошт. Аммор мутаваллиди рустои Қассоби вулусволии Шаҳри Бузурги вилояти Тахор, аз қавитарин фармондеҳони тоҷиктолиби минтақа буд. Шафиқуллоҳ барои канор задани ӯ ибтидо бо кӯмаки Қорӣ Фасеҳуддин муваффақ шуд баталиёни тоҷикии марзбонии Толибонро*, ки аз Аммор ҳимоят мекард, бо баталиёне аз паштунҳои ҷанубӣ ҷойгузин ва сипас пружаҳои тилоии ӯро тасарруф кунад. Аммор бошад, ба “қавмгароӣ” муттаҳам гардид ва акнун дар шаҳри Толиқони вилояти Тахор ба сар мебарад ва бино ба иттилои дигар, зиндонист.Тавре манобеи Sputnik Тоҷикистон қайд медоранд, Шафиқуллоҳ дарвоқеъ нақши намояндаи Қорӣ Фасеҳуддин дар канори Ҳоҷӣ Башир Нурзайро иҷро мекунад, ки дар радифи нахусти қочоқбарони бузурги ҷаҳон қарор дорад. Ӯ аз нахустин сармоягузорони ҷунбиши Толибон* дар даҳаи 90 буд ва ба “Пабло Эскобари Ховари Миёна” низ маъруф аст.Амрикоиҳо, ки дар соли 2001 Афғонистонро ишғол карданд, дар ноябри ҳамон сол бо Башир Нурзай тамос гирифтанд ва ӯ ба ҳамкорӣ бо онон ваъда дод. Аммо дар соли 2005 ӯро ба Ню-йорк даъват ва бо иттиҳоми қочоқи 50-миллиондолларии маводи мухаддир боздошт карданд. Дар соли 2009 додгоҳи Амрико ӯро ба ҳабси абад маҳкум кард, вале дар октябри 2021 ӯ бо як муҳандиси ғаввоси артиши Амрико ба номи Марк Фририкс мубодила шуд ва ба Афғонистон бозгашт. Акнун тамоми тиҷорати маводи мухаддири Афғонистон зери кантроли ӯст ва тибқи иттилооти мувассақ, садҳо пружаи истихроҷи тило дар Бадахшону Тахор ба ширкатҳои ӯ тааллуқ доранд, ки рӯзона даҳҳо кило тило тавлид мекунанд.“Зӯрозмои эъломнашуда”Қабл аз ин ҳаводис Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон эълом карда буд, ки барои нахустин бор бо истифода аз паҳпод қочоқбарони афғонро дар бахши марзии ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон нобуд кардааст. Дар пайи як амалиёти ин ниҳод шаби 20 ноябри соли ҷорӣ, ду қочоқбар аз гуруҳи 7-нафара аз байн бурда шуда ва 116 бастаи маводи мухаддир кашфу забт гардид.Афроди огоҳ аз таҳаррукоти қочоқбарони афғонистонӣ дар марзҳои Тоҷикистон мегӯянд, ки дар моҷарои қатли шаҳрвандони чинӣ иддаои шуста шудани савоҳил бар асари рехта шудани сангу шағал ба рудхона баҳона аст, дарвоқеъ он чӣ Толибонро* хашмгин карда, кушта шудани қочоқбарон ва барбод рафтани ҳаҷми бузурги маводи мухаддир будааст.Ҳоҷӣ Абдурауф Раҳимӣ (номи мустаор), полковники аҳли вилояти Тахор, ки солҳои тӯлонӣ ҳам дар даврони ҳукумати коммунистӣ ва ҳам дар даврони ҷумҳурии мавриди ҳимояти Амрико масъулияти раҳбарии неруҳои марзбонии Афғонистонро бар ӯҳда дошт, дар тамоси ихтисосӣ бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки акнун тамоми корҳои марбут ба марзҳо дар Бадахшону Тахор дар дасти ҳамон Башир Нурзай аст ва Шафиқуллоҳ Ҳафиз, фарди наздик ба Қорӣ Фасеҳуддин, бе ризоияти ӯ коре анҷом намедиҳад ва ҳам наметавонад равобити ду кишварро хароб кунад.“ВақтеТоҷикистон қочоқбаронро бо паҳпод аз байн бурд ва 116 баста (ки маъмулан яккилоӣ ҳастанд) нобуд шуд, бо фиристодани паҳпод ба ширкати чиниҳо гуё хост нишон диҳад, ки он чӣ шумо доред, мо ҳам дорем. Дар ҳамла ба чиниҳо дар Тоҷикистон паҳпод аз гулӯлаи хумпора (миномёт) истифода кард ва ҳамла ба чиниҳо дар Дарвоз тақвияти ҳамон “ривояти чиниҳо” буд.”Вай афзуд, Ҳоҷӣ Башир Нурзай, дар асл намояндаи вижаи истихбороти Амрико ва Инглис дар Шимоли Афғонистон аст ва барои онон кор мекунад.Вай афзуд, тиҷорати маводи мухаддир ба номи Башир Нурзай ва ба нафъи инглисҳову амрикоиҳо ҷараён дорад.“Акнун ки дасти истихбороти Амрико дар Афғонистон кӯтоҳ аст ва ба ҳарими ҳавоии манотиқи марзӣ бо Тоҷикистон ва низ ноамнсозии марзҳои ҷанубии ҳавзаи нуфузи Русия ва марзҳои Чин дастрасӣ надорад, коромадтарин фарди истихборотии худро дар ин манотиқ истихдом кардааст. Аммо ҳоло Нурзай “ҳамкорони тиҷорӣ”-и нав низ дорад – чиниҳо. Ӯ шарики аслии онҳо на фақат дар истихроҷи тило дар Бадахшону Тахор, балки истихроҷи нафт дар Балху дигар вилоятҳо аст”, - гуфт Ҳоҷӣ Абдурауٔф Раҳимӣ.Ба назар мерасад ин таҳлили полковники афғонистонӣ ба воқеият наздик шояд бошад, аммо чунин таҳлилҳо ҳамеша зери сояи таблиғоти расонаҳои ғарбӣ қарор мегиранд, ки мехоҳанд вазъияти марз миёни Тоҷикистону Афғонистонро вахим ҷилва диҳанд. Онон бори дигар ҳамон ривоятҳои қадимӣ, монанди таҳдиди гуруҳҳои террористӣ, тақобули Чину Амрико ва ғайраро матраҳ мекунанд.“Бозиҳои печида”Нахустин хабари ҷаълӣ аз сӯи Ройтерс, хабаргузории бритониёӣ, мунташир шуд, ки пас аз такзиби вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба далели “набуди шавоҳид” аз сайти хабаргузорӣ ҳазф гардид. Аммо расонаҳои дигар монанди Afghanistan International, Hashti Subh, Radio Ozodi, "Настояшее время", Мавҷи Олмон ва ҳатто бархе расонаҳои Осиёи Марказӣ, ки зоҳиран аз ҳимояти молии Ғарб баҳраманданд ё аз вазъи марз миёни Тоҷикистону Афғонистон беиттилоъ, ҳамлаҳо ва кушта шудани чиниҳо дар марзи Тоҷикистонро ба гуруҳҳои террористӣ, аз ҷумла ДИИШ** ва Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ** (ҷангиёни уйғур) ва ҳамчунин тақобули Амрикову Чин нисбат доданд.Расонаҳои таҳти контроли Толибон*, аз ҷумла “Тулӯъ нюз” ва “1TV”, онро кори истихбороти Покистон хонданд, ки акнун вориди марҳалае аз ихтилофоти шадид бо ин гуруҳ шудааст.“Вокуниши Тоҷикистони муҳтотона ва бар асоси иттилооти муътабар буд. Акнун Душанбе бо ин пурсиш рӯ ба рӯст, ки оё Толибон* тавони муқобила бо гуруҳҳои ҷинояткори Башири Нурзайро, доранд ё на? Аз худи суол пайдост, ки Толибон* ин тавонро надоранд ва тақсирро гардани истихбороти Покистон андохтанд”.Ва зоҳиран ҳақиқати амр шояд ҳамин бошад.Ҳоҷӣ Абдурауф Раҳимӣ гуфт, нисбат додани куштори чиниҳо ба гуруҳҳои террористӣ ҳам аз воқеият дур аст ва ҳам аз мантиқ, зеро дар дохили хоки Афғонистон, дар ҳамон пружаҳои тило, садҳо чинӣ кор мекунанд ва то кунун дар пойи ягон нафари онон хоре нахалидааст, ҷузъ як нафар, ки соли гузашта дар Тахор ба далели ҳамкории мутарҷимаш бо Толибон* барои пули зиёдаш кушта шуд.“Чиниҳо дар рустоҳои Овез, Понимур, Дошмандӣ, Бозори Виндиён, Шулманд, Ашвал ва Ҳолур ҳузур доранд. Ин танҳо марбут ба вулусволии Шаҳри Бузург аст, аз дигар вулусволиҳо ва вилояти Тахор намегӯем. Садҳо техникаву дастгоҳи истихроҷи тило ворид кардаанд. Ҳеҷ як аз онон бо мардуми маҳал иртибот надоранд. “Чайна таунча”-чаҳои худро доранд, ки аз сӯи афроди Башири Нурзай, паштунҳои ҷануб, ҳифозат мешаванд. Чинӣ дар Тоҷикистон ҳам чинӣ аст, дар Афғонистони ҳам. Аммо чаро дар Тоҷикистон кушта мешавад, дар Афғонистон на?”Тоҷикистон аз чӣ нигарон аст?Аммо нигаронӣ ё он гуна ки ба назар мерасад, як гуна ҳайратзадагии Тоҷикистон аз чист?Нурулло Ҳусейнов мегӯяд, ҷанҷоли аслӣ, ки барои Тоҷикистон эҷод шуда, пеш омадани таъхир дар пружаи сохти роҳ аст, ба ин маъно ки ба далели тилошуии хазанда аз сӯи Афғонистон, наметавонад пружаҳои зербиноии худро мутаваққиф кунад.“То ба имрӯз даҳҳо километри ҷода ба самти Бадахшон дар имтидоди руди Панҷ такмил шудаву сангу регу шағали он ба рӯдхона рехта шудааст, аммо аз сӯи Афғонистон, ҳатто дар чаҳор соли ҳукумати Толибон*, эътирозе вуҷуд надошт, зеро миёни тилокорони маҳалу марзбонони тоҷик навъе тафоҳум вуҷуд дошт. Аммо акнун бояд ба хотири манфиати чанд тилокор, ки аз ҷануби Афғонистон омадаанд ва мехоҳанд назари худро ба як кишвар таҳмил кунанд, як пружаи миллӣ бояд мутаваққиф шавад? Хонаи худро дар қади дарё месозанд ва ба табиат ҳукм мекунанд, ки сел нафиристад”, - гуфт Нуруллоҳ Ҳусейнов.Дар ҳоле ки Тоҷикистон моҳҳои ахир талош дорад равобити худро бо Толибон* беҳбуд бахшаду Кобули расмӣ низ аз ин таҳаввулот розӣ ба назар мерасид, зуҳури “гуруҳҳои ҷинояткор” дар равобити ду кишвар ва аҷзи Толибон* дар ҷилавгирӣ аз онҳо, ҳам ояндаи равобити ду тарафро тира мекунад ва ҳам коромадии худ Толибонро*, ки дар пайи машрӯъияти байналмилалӣ ҳастанд, зери пурсиш мебарад.*Созмон таҳти таҳримҳои СММ барои фаъолиятҳои террористӣ қарор дорад.**Созмонҳои террористӣ, ки дар Русия ва Тоҷикистон манъ карда шудаанд.
https://sputnik.tj/20251201/chin-tojikiston-amniyati-shahrvandon-tijorati-tamin-1073440948.html
https://sputnik.tj/20251201/jalasa-rahmon-tirparoni-kushta-chin-marz-afghoniston-1073427656.html
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/48486
https://sputnik.tj/20251201/tojikiston-tolibon-jilavi-guruhhoi-jinoyati-bigirand-1073443080.html
https://sputnik.tj/20251124/tojikiston-pahpod-qochoqbaron-marzi-afghoniston-istifoda-1073210812.html
https://sputnik.tj/20251029/tojikiston-faoliyat-guruhho-terroristi-afghoniston-khatar-jiddi-mintaqa-1072497463.html
https://sputnik.tj/20251013/mujohid-marzi-afghoniston-tojikiston-amn-tavajjuh-vizhae-1072054422.html
https://sputnik.tj/20251024/voi-balkh-saymumin-yatimov-muloqot-1072408409.html
афғонистон
толибон
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101458/11/1014581158_0:0:1248:936_1920x0_80_0_0_4c1aabdcc9216610cdaad6371feddbb7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, афғонистон, чин, марз, низоъ, толибон, амният субот
тоҷикистон, афғонистон, чин, марз, низоъ, толибон, амният субот
ДУШАНБЕ, 17 дек - Sputnik. Кушта шудани шаҳрвандони Чин дар натиҷаи тирпарронӣ аз самти Афғонистон амнияти марзро норушан карда, ба эътимоди байни Тоҷикистон ва Толибон* таъсир расонидааст. Кор ба ҷое расида, ки гузаргоҳҳои марзии миёни Тоҷикистону Афғонистон акнун баста шудаанд.
Ин ҳодисаҳо таваҷҷӯҳи байналмилалиро ҷалб карданд. Намояндагиҳои дипломатии Эрон ва Покистон, инчунин Созмони Ҳамкории Шанхай куштори шаҳрвандони Чинро маҳкум карда, онҳоро ҳамалоте номиданд, ки ба ноором кардани вазъияти минтақа нигаронида шудаанд. Сафорати Чин дар Тоҷикистон аз шаҳрвандонаш хост манотиқи хатарнокро тарк кунанд ва президент Эмомалӣ Раҳмон бошад, бо намояндагони нерӯҳои амниятӣ дар бораи "вазъият дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ва роҳҳои тақвияти он" мулоқотҳо анҷом дод.
“Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалҳои ғайриқонунӣ ва иғвоангези шаҳрвандони Афғонистонро шадидан маҳкум намуда, ба масъулин дастур доданд, ки доир ба ҳалли масъала ва пешгирӣ аз такрори чунин ҳодисаҳои нохуш аз чораю тадбирҳои муассир кор бигиранд”, - хабар доданд аз Хадамоти матбуотии раҳбари Тоҷикистон.
Sputnik Тоҷикистон таҳқиқ кард, ки дар асл чӣ рӯй додааст ва аз ҳамла ба шаҳрвандони Чин дар Тоҷикистон кӣ манфиатдор аст.
Фишор ба Чин ё ноором сохтани минтақа?
Тибқи иттилоъияи маркази матбуоти Неруҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, 30 ноябри 2025, ҳудуди соъати 18: 45 “аъзои гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ аз ҳудуди вилояти Бадахшони Афғонистон ба кормандони ширкати роҳсозии “China Road and Bridge Corporation” дар деҳаи Шодаки ҷамоати деҳоти Вишхарви ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳона анҷом доданд.
Дар натиҷа ду шаҳрванди Чин ба ҳалокат расида, 2 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд”.
“Айнан чунин амали террористӣ рӯзи 26 ноябри аз ҳудуди вилояти Бадахшони Афғонистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин содир шуд, ки натиҷаи он 3 корманди чиноии ширкати “Шоҳин-СМ” ба ҳалокат расида, як нафар захмӣ гардид”, - омадааст дар иттилоия.
Расонаҳои минтақаиву байналмилалӣ ин рӯйдодҳо дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳлил карда, онҳоро кори гуруҳҳои террористии фаъол дар Афғонистон донистанд, аз ҷумла “Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ”** (ҷангиёни уйғур), ки ҳадафашон тахриби робитаи Толибону* Тоҷикистон, бесуботсозии Осиёи Марказӣ, фишор бар Чину аҳдофи дигар аст.
Ба гуфтаи коршиносон, метавон ишораҳо ба аҳдофи воқеии ин ҳаводисро нахуст пушти сутури баёнияи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва низ баёнияи вазорати хориҷаи Толибон* хонд.
Ба қавли мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, бо вуҷуди талошҳои мунтазами ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи амният ва эҷоди фазои ҳамкории мутақобилан судманд дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон амалҳои гурӯҳҳои ҷинояткор барои халалдор намудани вазъият дар сарҳади давлатӣ ба қайд гирифта шуданд.
“Ҷониби Тоҷикистон бо изҳори нигаронии амиқ ин амалҳои мудҳиши гурӯҳҳои ҷиноятиро қотеъона маҳкум намуда, аз мақомоти феълии Афғонистон барои андешидани тадбирҳои муассири саривақтӣ ҷиҳати таъмини амну субот дар хатти сарҳади давлатии ду кишвар ва дастгир намудани афроди ба ин амалҳои мудҳиш дастдошта, даъват ба амал меорад”, - омадааст дар баёния.
Вазорати хориҷаи Толибон* бо интишори баёнияе эълом кард, ки ҳамла дар вилояти Хатлони Тоҷикистон аз сӯи гуруҳҳое анҷом шуда, ки ҳадафашон эҷоди ноамнӣ ва беэътимодӣ миёни кишварҳои минтақа аст.
Ба қавли коршиносон, ишора ба ин ки Тоҷикистон ҳамеша талош барои “ҳифзи амният ва эҷоди фазои ҳамкории мутақобилан судманд” дорад, аммо “гуруҳҳои ҷинояткор” амнияту суботи марзро халалдор мекунанд ва инчунин даъват ба "мақомоти кунунии Афғонистон" барои андешидани чораҳо нишон медиҳад, ки Душанбе дар бораи гунаҳкорони воқеӣ маълумот дорад ва даст доштани худи Толибонро* дар ин ҳодисаҳо намебинад.
Абдулносири Нурзод, пажӯҳишгари амният ва геополитика мегӯяд, ки Толибон* борҳо ба кишварҳои минтақаву фароминтақа тазмин додаанд, ки аз хоки Афғонистони ҳеҷ гуруҳе барои фаъолиятҳои тахрибӣ ва террористӣ истифода нахоҳад кард, аммо кушта шудани шаҳрвандони чинӣ ҳам қудрати Кобулро зери савол мебарад ва ҳам нигарониҳои минтақавиро афзоиш медиҳад.
“Вақте мақомоти расмии Тоҷикистон на ба созмонҳои террористӣ, балки ба “гуруҳҳои ҷинояткор” ишора мекунанд, ин ба он маъност, ки Толибон* қодир ба таъмини амнияти саросарии Афғонистон нестанд. Толибон* низ ғайримустақим ин воқеиятро таъйид карда ва ба гуруҳҳое ишора мекунанд, ки “ҳадафашон эҷоди ноамнӣ ва беэътимодӣ миёни кишварҳои минтақа” аст. Аммо дарвоқеъ худашон ин гуруҳҳоро мешиносанд ва медонанд, ки дар маҳори онҳо оҷизанд”, — гуфт Абдуносир Нурзод.
Пулиси вилояти Бадахшони Афғонистон аз боздошти ду нафар ба иттиҳоми даст доштан дар ҳамла ба шаҳрвандони Чин дар Бадахшони Тоҷикистон хабар дод.
Дар ҳамин ҳол, бар асоси иттилое, ки аз манобеъи вижа дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистони қарор гирифта, бахши кашфу истихбороти ливои чаҳоруми қули урдуи “Умари Солис”-и вазорати дифои Толибон*, чаҳор сарбози марзбонӣ ба номҳои Қорӣ Мисбоҳулҳақ Умар, Мубориз Садр, Гуланбоз Ҳақҷӯ ва Ёсин (“Анас”) - ро ба унвони омилони аслии ин ҳамла шиносоӣ карда, аз рустои Рузвайи вулусволии Моймай, ки дар наздикии нуқтаи марзии Шодаки Тоҷикистон қарор дорад, дастгир ва ба Файзобод мунтақил кардаанд.
“Дар ин ҳамла онҳо аз силоҳи лайзерӣ (зоҳиран туфангҳои дурбиндори M4-и амрикоӣ) истифода кардаанд”, — афзуд манбаъ.
Аммо омилони ҳамлаи 26 ноябр, ки дар он 3 корманди ширкати “Шоҳин–СМ” бо истифода аз паҳпод кушта ва як нафар захмӣ шуд, чӣ касоне буданд? Истифода аз паҳпод чӣ паёме дошт?
Дар ҳоле ки тафтишоти тирпарронии рӯзи 30 ноябр фаъолона идома дорад, аммо кӣ дар паси ҳамлаи рӯзи 26-ум, ки дар натиҷаи ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин се корманди Шоҳин-СМ кушта ва яке захмӣ шуд, қарор дорад, номаълум боқӣ мемонад.
Толибон* ҳанӯз расман ба ин ҳодиса посух надодаанд ва бовар доранд, ки он дар пасманзари рӯйдодҳои баъдӣ дар Дарвоз "норавшан" шудааст.
Ба гуфтаи манобеи Sputnik Тоҷикистон, тирандозии 26 ноябр ба сӯи Тоҷикистон аз макони тилошӯии мутааллиқ ба Юсуфи Ҳилмандӣ анҷом дода шудааст.
“Юсуф аз ҷумлаи афроди таҳти ҳимояти Башир Нурзай аст, ки имсол аз вилоятҳои ҷанубӣ ба Шаҳри Бузург омадаанд. Аммо мумкин аст, ки фармони тирандозӣ ба сӯи Тоҷикистонро роҳбарияти Раёсати маодини Бадахшон содир кардааст”, — гуфт манбаъ.
Шафиқуллоҳ Ҳафиз, аз тоҷикони вулусволии Яфтали вилояти Бадахшони Афғонистон аст, ки дар моҳи апрели имсол ба раёсати маодини вилоят мансуб шуд. Тибқи гуфтаи афроди наздик ба ӯ, ки бо Sputnik Тоҷикистон суҳбат карданд, Шафиқуллоҳ маҳорати зиёде дар “харидан”-и мақомдорони бонуфуз, аз ҷумла Қорӣ Фасеҳуддин, раиси Ситоди кули артиши Толибон* дорад ва мансабашро бо пардохти ришваҳои калон ба даст овардааст.
Ҳафиз дар Шаҳри Бузурги ҳеҷ пружае надошт. Бахши бузурге аз майдонҳои тилои ин вулусволӣ ба раиси собиқи маодини Бадахшон, Абдураҳмон Аммор тааллуқ дошт. Аммор мутаваллиди рустои Қассоби вулусволии Шаҳри Бузурги вилояти Тахор, аз қавитарин фармондеҳони тоҷиктолиби минтақа буд. Шафиқуллоҳ барои канор задани ӯ ибтидо бо кӯмаки Қорӣ Фасеҳуддин муваффақ шуд баталиёни тоҷикии марзбонии Толибонро*, ки аз Аммор ҳимоят мекард, бо баталиёне аз паштунҳои ҷанубӣ ҷойгузин ва сипас пружаҳои тилоии ӯро тасарруф кунад. Аммор бошад, ба “қавмгароӣ” муттаҳам гардид ва акнун дар шаҳри Толиқони вилояти Тахор ба сар мебарад ва бино ба иттилои дигар, зиндонист.
Тавре манобеи Sputnik Тоҷикистон қайд медоранд, Шафиқуллоҳ дарвоқеъ нақши намояндаи Қорӣ Фасеҳуддин дар канори Ҳоҷӣ Башир Нурзайро иҷро мекунад, ки дар радифи нахусти қочоқбарони бузурги ҷаҳон қарор дорад. Ӯ аз нахустин сармоягузорони ҷунбиши Толибон* дар даҳаи 90 буд ва ба “Пабло Эскобари Ховари Миёна” низ маъруф аст.
Амрикоиҳо, ки дар соли 2001 Афғонистонро ишғол карданд, дар ноябри ҳамон сол бо Башир Нурзай тамос гирифтанд ва ӯ ба ҳамкорӣ бо онон ваъда дод. Аммо дар соли 2005 ӯро ба Ню-йорк даъват ва бо иттиҳоми қочоқи 50-миллиондолларии маводи мухаддир боздошт карданд.
Дар соли 2009 додгоҳи Амрико ӯро ба ҳабси абад маҳкум кард, вале дар октябри 2021 ӯ бо як муҳандиси ғаввоси артиши Амрико ба номи Марк Фририкс мубодила шуд ва ба Афғонистон бозгашт. Акнун тамоми тиҷорати маводи мухаддири Афғонистон зери кантроли ӯст ва тибқи иттилооти мувассақ, садҳо пружаи истихроҷи тило дар Бадахшону Тахор ба ширкатҳои ӯ тааллуқ доранд, ки рӯзона даҳҳо кило тило тавлид мекунанд.
Қабл аз ин ҳаводис Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон эълом карда буд, ки барои нахустин бор бо истифода аз паҳпод қочоқбарони афғонро дар бахши марзии ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон нобуд кардааст. Дар пайи як амалиёти ин ниҳод шаби 20 ноябри соли ҷорӣ, ду қочоқбар аз гуруҳи 7-нафара аз байн бурда шуда ва 116 бастаи маводи мухаддир кашфу забт гардид.
Афроди огоҳ аз таҳаррукоти қочоқбарони афғонистонӣ дар марзҳои Тоҷикистон мегӯянд, ки дар моҷарои қатли шаҳрвандони чинӣ иддаои шуста шудани савоҳил бар асари рехта шудани сангу шағал ба рудхона баҳона аст, дарвоқеъ он чӣ Толибонро* хашмгин карда, кушта шудани қочоқбарон ва барбод рафтани ҳаҷми бузурги маводи мухаддир будааст.
Ҳоҷӣ Абдурауф Раҳимӣ (номи мустаор), полковники аҳли вилояти Тахор, ки солҳои тӯлонӣ ҳам дар даврони ҳукумати коммунистӣ ва ҳам дар даврони ҷумҳурии мавриди ҳимояти Амрико масъулияти раҳбарии неруҳои марзбонии Афғонистонро бар ӯҳда дошт, дар тамоси ихтисосӣ бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки акнун тамоми корҳои марбут ба марзҳо дар Бадахшону Тахор дар дасти ҳамон Башир Нурзай аст ва Шафиқуллоҳ Ҳафиз, фарди наздик ба Қорӣ Фасеҳуддин, бе ризоияти ӯ коре анҷом намедиҳад ва ҳам наметавонад равобити ду кишварро хароб кунад.
“ВақтеТоҷикистон қочоқбаронро бо паҳпод аз байн бурд ва 116 баста (ки маъмулан яккилоӣ ҳастанд) нобуд шуд, бо фиристодани паҳпод ба ширкати чиниҳо гуё хост нишон диҳад, ки он чӣ шумо доред, мо ҳам дорем. Дар ҳамла ба чиниҳо дар Тоҷикистон паҳпод аз гулӯлаи хумпора (миномёт) истифода кард ва ҳамла ба чиниҳо дар Дарвоз тақвияти ҳамон “ривояти чиниҳо” буд.”
Вай афзуд, Ҳоҷӣ Башир Нурзай, дар асл намояндаи вижаи истихбороти Амрико ва Инглис дар Шимоли Афғонистон аст ва барои онон кор мекунад.
“Дар тӯли таърих, маводи мухаддири Афғонистон ва “Секуныаи тилоӣ”-ро инглисҳо мудирият мекарданд, ки баъдҳо амрикоиҳо ҳам ба онон пайвастанд. Дар замони ҷумҳурӣ Ҳилманд, ки 40 дарсади героини ҷаҳонро тавлид мекард, 20 сол таҳти контроли истихбороту артиши Бритониё буд. Ҳатто амрикоиҳо иҷозаи вуруд ба ин вилоятро надоштанд ва чандин талоши онон барои канор задани инглисҳо ба нокомӣ анҷомид. ”, - гуфт ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон.
Вай афзуд, тиҷорати маводи мухаддир ба номи Башир Нурзай ва ба нафъи инглисҳову амрикоиҳо ҷараён дорад.
“Акнун ки дасти истихбороти Амрико дар Афғонистон кӯтоҳ аст ва ба ҳарими ҳавоии манотиқи марзӣ бо Тоҷикистон ва низ ноамнсозии марзҳои ҷанубии ҳавзаи нуфузи Русия ва марзҳои Чин дастрасӣ надорад, коромадтарин фарди истихборотии худро дар ин манотиқ истихдом кардааст. Аммо ҳоло Нурзай “ҳамкорони тиҷорӣ”-и нав низ дорад – чиниҳо. Ӯ шарики аслии онҳо на фақат дар истихроҷи тило дар Бадахшону Тахор, балки истихроҷи нафт дар Балху дигар вилоятҳо аст”, - гуфт Ҳоҷӣ Абдурауٔф Раҳимӣ.
Ба назар мерасад ин таҳлили полковники афғонистонӣ ба воқеият наздик шояд бошад, аммо чунин таҳлилҳо ҳамеша зери сояи таблиғоти расонаҳои ғарбӣ қарор мегиранд, ки мехоҳанд вазъияти марз миёни Тоҷикистону Афғонистонро вахим ҷилва диҳанд. Онон бори дигар ҳамон ривоятҳои қадимӣ, монанди таҳдиди гуруҳҳои террористӣ, тақобули Чину Амрико ва ғайраро матраҳ мекунанд.
Нахустин хабари ҷаълӣ аз сӯи Ройтерс, хабаргузории бритониёӣ, мунташир шуд, ки пас аз такзиби вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба далели “набуди шавоҳид” аз сайти хабаргузорӣ ҳазф гардид. Аммо расонаҳои дигар монанди Afghanistan International, Hashti Subh, Radio Ozodi, "Настояшее время", Мавҷи Олмон ва ҳатто бархе расонаҳои Осиёи Марказӣ, ки зоҳиран аз ҳимояти молии Ғарб баҳраманданд ё аз вазъи марз миёни Тоҷикистону Афғонистон беиттилоъ, ҳамлаҳо ва кушта шудани чиниҳо дар марзи Тоҷикистонро ба гуруҳҳои террористӣ, аз ҷумла ДИИШ** ва Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ** (ҷангиёни уйғур) ва ҳамчунин тақобули Амрикову Чин нисбат доданд.
Расонаҳои таҳти контроли Толибон*, аз ҷумла “Тулӯъ нюз” ва “1TV”, онро кори истихбороти Покистон хонданд, ки акнун вориди марҳалае аз ихтилофоти шадид бо ин гуруҳ шудааст.
“Вокуниши Тоҷикистони муҳтотона ва бар асоси иттилооти муътабар буд. Акнун Душанбе бо ин пурсиш рӯ ба рӯст, ки оё Толибон* тавони муқобила бо гуруҳҳои ҷинояткори Башири Нурзайро, доранд ё на? Аз худи суол пайдост, ки Толибон* ин тавонро надоранд ва тақсирро гардани истихбороти Покистон андохтанд”.
Ва зоҳиран ҳақиқати амр шояд ҳамин бошад.
Ҳоҷӣ Абдурауф Раҳимӣ гуфт, нисбат додани куштори чиниҳо ба гуруҳҳои террористӣ ҳам аз воқеият дур аст ва ҳам аз мантиқ, зеро дар дохили хоки Афғонистон, дар ҳамон пружаҳои тило, садҳо чинӣ кор мекунанд ва то кунун дар пойи ягон нафари онон хоре нахалидааст, ҷузъ як нафар, ки соли гузашта дар Тахор ба далели ҳамкории мутарҷимаш бо Толибон* барои пули зиёдаш кушта шуд.
“Чиниҳо дар рустоҳои Овез, Понимур, Дошмандӣ, Бозори Виндиён, Шулманд, Ашвал ва Ҳолур ҳузур доранд. Ин танҳо марбут ба вулусволии Шаҳри Бузург аст, аз дигар вулусволиҳо ва вилояти Тахор намегӯем. Садҳо техникаву дастгоҳи истихроҷи тило ворид кардаанд. Ҳеҷ як аз онон бо мардуми маҳал иртибот надоранд. “Чайна таунча”-чаҳои худро доранд, ки аз сӯи афроди Башири Нурзай, паштунҳои ҷануб, ҳифозат мешаванд. Чинӣ дар Тоҷикистон ҳам чинӣ аст, дар Афғонистони ҳам. Аммо чаро дар Тоҷикистон кушта мешавад, дар Афғонистон на?”
Тоҷикистон аз чӣ нигарон аст?
Аммо нигаронӣ ё он гуна ки ба назар мерасад, як гуна ҳайратзадагии Тоҷикистон аз чист?
Нурулло Ҳусейнов мегӯяд, ҷанҷоли аслӣ, ки барои Тоҷикистон эҷод шуда, пеш омадани таъхир дар пружаи сохти роҳ аст, ба ин маъно ки ба далели тилошуии хазанда аз сӯи Афғонистон, наметавонад пружаҳои зербиноии худро мутаваққиф кунад.
“То ба имрӯз даҳҳо километри ҷода ба самти Бадахшон дар имтидоди руди Панҷ такмил шудаву сангу регу шағали он ба рӯдхона рехта шудааст, аммо аз сӯи Афғонистон, ҳатто дар чаҳор соли ҳукумати Толибон*, эътирозе вуҷуд надошт, зеро миёни тилокорони маҳалу марзбонони тоҷик навъе тафоҳум вуҷуд дошт. Аммо акнун бояд ба хотири манфиати чанд тилокор, ки аз ҷануби Афғонистон омадаанд ва мехоҳанд назари худро ба як кишвар таҳмил кунанд, як пружаи миллӣ бояд мутаваққиф шавад? Хонаи худро дар қади дарё месозанд ва ба табиат ҳукм мекунанд, ки сел нафиристад”, - гуфт Нуруллоҳ Ҳусейнов.
Дар ҳоле ки Тоҷикистон моҳҳои ахир талош дорад равобити худро бо Толибон* беҳбуд бахшаду Кобули расмӣ низ аз ин таҳаввулот розӣ ба назар мерасид, зуҳури “гуруҳҳои ҷинояткор” дар равобити ду кишвар ва аҷзи Толибон* дар ҷилавгирӣ аз онҳо, ҳам ояндаи равобити ду тарафро тира мекунад ва ҳам коромадии худ Толибонро*, ки дар пайи машрӯъияти байналмилалӣ ҳастанд, зери пурсиш мебарад.
*Созмон таҳти таҳримҳои СММ барои фаъолиятҳои террористӣ қарор дорад.
**Созмонҳои террористӣ, ки дар Русия ва Тоҷикистон манъ карда шудаанд.