Баъди тирандозии маргбор: Тоҷикистон аз Толибон* хост ҷилави гурӯҳҳои ҷиноятиро бигиранд

© AP / Ebrahim NorooziМусульмане отмечают Ураза-байрам, Кабул, Афганистан, 21 апреля 2023 года
Мусульмане отмечают Ураза-байрам, Кабул, Афганистан, 21 апреля 2023 года - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2025
Обуна шудан
КДАМ аз ҳукумати феълии Афғонистон хостааст, нафароне, ки дар кушта шудани шаҳрвандони Чин дар марз даст доштанд бояд дастгир ва ҷазо дода шаванд
ДУШАНБЕ, 1 дек - Sputnik. Бо вуҷуди талошҳои мунтазами ҷониби Тоҷикистон барои ҳифзи амният ва эҷоди фазои ҳамкории мутақобилан судманд дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Афғонистон амалҳои гурӯҳҳои ҷинояткор барои халалдор намудани вазъият дар сарҳади давлатӣ ба қайд гирифта шуданд.
Дар ин бора хабар додааст дафтари матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки 30 ноябри соли равон аъзои гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ аз ҳудуди деҳаи Рузваяки вулусволии Моҳи Майи вилояти Бадахшони Афғонистон ба кормандони ширкати роҳсозии "China Road and Bridge Corporation" дар деҳаи Шодаки ҷамоати деҳоти Вишхарви ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳона анҷом доданд.
Дар натиҷа ду шаҳрванди Чин ба ҳалокат расида, 2 шаҳрванди кишвари мазкур ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.
Айнан чунин амали террористӣ рӯзи 26 ноябри соли ҷорӣ 2025 аз ҳудуди вулусволии Шаҳри Бузурги вилояти Бадахшони Афғонистон ба қаламрави ноҳияи Шамсиддин Шоҳини Тоҷикистон сурат гирифта буд, ки дар натиҷаи он 3 корманди ширкати "Шоҳин-СМ" аз ҳисоби шаҳрвандони Чин ба ҳалокат расида, як нафар захмӣ гардид.
КДАМ Тоҷикистон аз ин амал изҳори нигаронии амиқ карда ин амалҳои мудҳиши гурӯҳҳои ҷиноятиро қотеъона маҳкум кардааст.
Ду тирандозӣ аз Афғонистон дар як ҳафта ва ҳалокати 5 нафар: Раҳмон бо генералҳои баландпояи Тоҷикистон машварат баргузор намуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2025
Ҷаласаи Раҳмон пас аз тирпарониҳо ва кушта шудани шаҳрвандони Чин дар марзи бо Афғонистон
КДАМ аз мақомоти феълии Афғонистон барои андешидани тадбирҳои муассири саривақтӣ барои таъмини амну субот дар хатти сарҳади давлатии ду кишвар ва дастгир намудани афроди ба ин амалҳои мудҳиш дастдошта, даъват кард.
Қайд карда шудааст, ки давлати Тоҷикистон барои таҳкими сарҳади давлатӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандони кишвар ва хориҷӣ чораҳои иловагӣ меандешад.
Таъкид карда шудааст, ки айни замон вазъ дар сарҳади давлатӣ ором ва таҳти назорати мақомоти дахлдори Тоҷикистон аст.
Зикр карда шудааст, ки таҳқиқи ҳодисаҳои мазкур аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар идома дорад.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0