https://sputnik.tj/20251216/vaziri-difoi-slovakiya-guft-ki-ittihodiyai-avrupo-az-nizo-dar-ukraina-khasta-shudaast-1073854339.html
Вазири дифоъи Словакия гуфт, ки Иттиҳодияи Аврупо аз низоъ дар Украина хаста шудааст
Вазири дифоъи Словакия гуфт, ки Иттиҳодияи Аврупо аз низоъ дар Украина хаста шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Вазири дифоъи Словакия ахиран гуфт, Иттиҳодияи Аврупо аз низоъ дар Украина хаста шудааст ва дар маблағгузории он дудила аст
2025-12-16T16:37+0500
2025-12-16T16:37+0500
2025-12-16T16:37+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
амалиёти вижа
ҷанг
аврупо
русия
низоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/19/1067463238_0:0:3037:1708_1920x0_80_0_0_44ba1c165a77d9dd40be205334cb0b6e.jpg
ДУШАНБЕ, 16 дек - Sputnik. Аврупо аз низоъ дар Украина хаста шудааст ва давлатҳои аврупоӣ аз идомаи маблағгузории он дудилаанд.Гуфт ба рӯзноманигорон вазири дифоъи Словакия, Роберт Калиняк.“Аз ҳамин сабаб идеяи истифодаи дороиҳои мунҷамидшудаи Русия ба манфиати Киев ба миён омадааст”, - гуфт ӯ.Вай илова кард, ки Русия барои ноил шудан ба ҳадафҳои ҳудудии худ талош мекунад ва айни замон пешниҳод мекунад, ё "бе ҷанг ё бо ҷанг".“Ин воқеиятест, ки бояд эътироф карда шавад. Мо бояд байни он чизе, ки мехоҳем ва он чизе, ки воқеият аст, фарқ кунем. Мо мехоҳем, ки Украина пирӯз шавад ва ҳамаи қаламравҳои худро баргардонад, аммо хоҳиш ҳатман ба воқеияти сиёсӣ ва низомӣ табдил намеёбад. Аврупо хаста шудааст; ҳеҷ кас намехоҳад сарбозони худро фиристад ва давлатҳо аллакай аз маблағгузории он дудилаанд, аз ин рӯ дар бораи дороиҳои мунҷамидшудаи Русия сӯҳбат мекунанд", - гуфт Калиняк дар мусоҳиба бо нашрияи словакии "Правда".Ӯ қайд кард, ки пас аз оғози низоъ дар соли 2022 барои Украина имкони созишҳои мусоидтар вуҷуд дошт, аммо ҳоло вазъ ба таври куллӣ тағйир ёфтааст."Агар фишоре вуҷуд надошта бошад, ки ба тарафи дигар (Русия) зарари воқеӣ расонад, пас чаро он бояд созиш кунад? Ҳар қадар низоъ тӯл кашад, ҳамон қадар зарари Украина бештар хоҳад дид", - хулоса кард Калиняк.
https://sputnik.tj/20251216/rusiya-zersokhtori-naqliyoti-ukraina-zarba-1073853187.html
украина
аврупо
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/19/1067463238_154:0:2885:2048_1920x0_80_0_0_c50a8c8b4818ac39e1b592d6df9d7cca.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, украина, словакия, аврупо, ҷанг, хаста, вазорати дифоъ, амалиёти вижа
русия, украина, словакия, аврупо, ҷанг, хаста, вазорати дифоъ, амалиёти вижа
Вазири дифоъи Словакия гуфт, ки Иттиҳодияи Аврупо аз низоъ дар Украина хаста шудааст
Вазири дифоъи Словакия ахиран гуфт, Иттиҳодияи Аврупо аз низоъ дар Украина хаста шудааст ва дар маблағгузории он дудила аст
ДУШАНБЕ, 16 дек - Sputnik. Аврупо аз низоъ дар Украина хаста шудааст ва давлатҳои аврупоӣ аз идомаи маблағгузории он дудилаанд.
Гуфт ба рӯзноманигорон вазири дифоъи Словакия, Роберт Калиняк.
“Аз ҳамин сабаб идеяи истифодаи дороиҳои мунҷамидшудаи Русия ба манфиати Киев ба миён омадааст”, - гуфт ӯ.
Вай илова кард, ки Русия барои ноил шудан ба ҳадафҳои ҳудудии худ талош мекунад ва айни замон пешниҳод мекунад, ё "бе ҷанг ё бо ҷанг".
“Ин воқеиятест, ки бояд эътироф карда шавад. Мо бояд байни он чизе, ки мехоҳем ва он чизе, ки воқеият аст, фарқ кунем. Мо мехоҳем, ки Украина пирӯз шавад ва ҳамаи қаламравҳои худро баргардонад, аммо хоҳиш ҳатман ба воқеияти сиёсӣ ва низомӣ табдил намеёбад. Аврупо хаста шудааст; ҳеҷ кас намехоҳад сарбозони худро фиристад ва давлатҳо аллакай аз маблағгузории он дудилаанд, аз ин рӯ дар бораи дороиҳои мунҷамидшудаи Русия сӯҳбат мекунанд", - гуфт Калиняк дар мусоҳиба бо нашрияи словакии "Правда".
Ӯ қайд кард, ки пас аз оғози низоъ дар соли 2022 барои Украина имкони созишҳои мусоидтар вуҷуд дошт, аммо ҳоло вазъ ба таври куллӣ тағйир ёфтааст.
"Агар фишоре вуҷуд надошта бошад, ки ба тарафи дигар (Русия) зарари воқеӣ расонад, пас чаро он бояд созиш кунад? Ҳар қадар низоъ тӯл кашад, ҳамон қадар зарари Украина бештар хоҳад дид", - хулоса кард Калиняк.