Нерӯҳои Мусаллаҳи Русия ба зерсохтори нақлиётии Украина зарба заданд

© Sputnik / Сергей Бобылев / Гузариш ба медиабонкБоевая работа 73-й артбригады группировки войск "Запад"
Боевая работа 73-й артбригады группировки войск Запад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2025
Обуна шудан
Нерӯҳои Мусаллаҳи Русия ба иншооти зерсохтори нақлиётӣ ва корхонаи васлкунии ҳавопаймоҳои бесарнишини Украина зарба заданд
ДУШАНБЕ, 16 дек - Sputnik. Вазорати дифои Русия хабар дод, ки артиш ба зерсохтори нақлиётии истифодашуда аз ҷониби Қувваҳои Мусаллаҳи Украина зарба заданд.
"Авиатсия, ҳавопаймоҳои бесарнишин, нерӯҳои мушакӣ ва тӯпхонаӣ артиши Русия ба иншооти зерсохтори нақлиётие, ки аз ҷониби Қувваҳои Мусаллаҳи Украина истифода мешуд, инчунин ба иншооти ҷамъоварӣ ва нигоҳдории ҳавопаймоҳои бесарнишинзарба заданд", - хабар додааст вазорати дифоъ
Вазорат қайд кард, ки нерӯҳои Русия инчунин ба маконҳои муваққатии ҷойгиркунии ҷангиёни украинӣ ва зархаридони хориҷӣ дар 154 минтақа ҳамла карданд.
Вазорат афзуд, ки нерӯҳои дифоъи ҳавоӣ 180 ҳавопаймои бесарнишин интиҳории украиниро нобуд карданд.
Премьер-министр Эстонии Кая Каллас. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2025
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Каллас: Иттиҳодияи Аврупо ба ҳадафи худ дар таъмини Украина бо лавозимоти ҷангӣ расид
Дар маҷмӯъх аз оғози амалиёти вижаи низомӣ, душман 669 ҳавопаймо, 283 чархбол, 103,362 ҳавопаймои бесарнишини ҷангӣ, 639 системаи дифоъи ҳавоӣ, 26,562 танк ва дигар мошинҳои ҷангии зиреҳпӯш, 1,633 мошини ҷангӣ, 31,948 тӯп ва миномётҳои саҳроӣ ва 49,167 воҳиди мошинҳои махсуси низомиро аз даст додааст.
Лентаи хабарҳо
0