Ҳушдори КҲФ: То Наврӯз хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад

© Sputnik / Владимир Иванов / Гузариш ба медиабонкСход лавинных очагов
Сход лавинных очагов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2025
Обуна шудан
Обуҳавошиносони тоҷик ҳушдор доданд, ки то 21 март дар ҳудуди Тоҷикистон хатари лағзиши тарма дар роҳҳои кӯҳии кишвар боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар истинодан ба Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки хатари лағзиши тарма дар роҳҳои кӯҳии Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Манбаъ хабар додааст, ки аз 18 то 21 марти соли 2025 бинобар боло рафтани дамои ҳаво дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикии вилояти Суғд, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ (километрҳои 48-74), инчунин дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эҳтимоли тармафароӣ вуҷуд дорад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз ронандагон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми ба нақша гирифтани сафар аз вазъи роҳҳо огоҳ шаванд, воситаҳои нақлиёти худро бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин намоянд ва қоидаҳои ҳаракатро риоя кунанд.
Подготовка к Наврузу в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2025
Наврӯз наздик аст: сокинони Тоҷикистон дар рӯзҳои Ид чӣ гуна истироҳат хоҳанд кард
Ин ниҳод аз ронандагон хостааст дар роҳҳо ҳангоми ҳаракат дар қитъаҳои тармахез масофаи байни мошинҳоро қатъиян риоя намоянд.
Кумита ҳамчунин тавсия медиҳад, ки шаҳрвандоне, ки дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ зиндагӣ мекунанд, дар ин рӯзҳо хеле эҳтиёткор бошанд, аз рафтан ба доманакӯҳҳо барои ғунучини ҳезум,гиёҳҳои шифобахш, шикор ё ба соҳили обҳо барои моҳидорӣ худдорӣ намоянд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон бори дигар аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хоҳиш кардааст, ки ҳушёру эҳтиёткор бошанд ва ҳангоми рӯбарӯ шудан ба ҳолатҳои фавқулода ба КҲФ занг зананд.
Лентаи хабарҳо
0