https://sputnik.tj/20251215/kiev-tasisi-mintaqai-ozodi-iqtisodi-donbass-1073820538.html
ВАО: Киев аз нияти таъсиси минтақаи озоди иқтисодӣ дар Донбасс даст кашид
ВАО: Киев аз нияти таъсиси минтақаи озоди иқтисодӣ дар Донбасс даст кашид
Sputnik Тоҷикистон
Нашрияи Politico навиштааст, ки Киев аз нияти таъсиси минтақаи озоди иқтисодӣ дар минтақаи Донбасс даст кашид
2025-12-15T17:15+0500
2025-12-15T17:15+0500
2025-12-15T19:43+0500
има
украина
русия
дар русия
амалиёти вижа
донбасс
минтақаҳои озоди иқтисодӣ
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/0f/1073814650_289:149:1648:914_1920x0_80_0_0_05f5b22ebcb7657c5502bdb193b696b2.jpg
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Тибқи иттилои нашрияи Politico, Киев дигар намехоҳад Донбасс минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис диҳад."Украина ин пешниҳодро рад кардааст", - хабар дод ин расона бо истинод ба як мақоми фаронсавӣ.Манбаъ афзуд, ки сарфи назар аз эътирозҳои кишварҳои аврупоӣ, ИМА ба додани имтиёзҳои ҳудудӣ аз Киев исрор мекунад.Ҳафтаи гузашта, нашрияи Politico хабар дод, ки Украина бо мақсади ҷалби Доналд Трамп пешниҳод кардааст, ки дар Донбасс минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис диҳад, ки дар он "манфиатҳои тиҷоратии Амрикоро ба назар гирифта шавад".Роҳбари Кохи Сафед қайд кард, ки ин иқдом метавонад кор кунад.Тавре ёвари президенти Русия Юрий Ушаков ҳангоми шарҳи нақшаи Владимир Зеленский барои баргузории раъйпурсӣ оид ба масъалаи ҳудудӣ таъкид кард, тамоми Донбасс моли Русия аст.Оташбас танҳо пас аз хуруҷи Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина – ҳамчун қисми муҳими нақшаи сулҳ - метавонад сурат гирпд.Баррасии ташаббуси ВашингтонДар аввали моҳи декабр, Владимир Путин фиристодаи махсус Стивен Уиткофф ва домоди президенти ИМА Ҷаред Кушнерро дар Кремл қабул кард. Ҷонибҳо моҳияти ташаббуси сулҳи Амрикоро тақрибан панҷ соат муҳокима карданд, аммо ҳанӯз ба созиш нарасида буданд.Тавре ки раҳбари Русия баъдтар изҳор дошт, Вашингтон 27 банди нақшаи аввалияро ба чор баста тақсим карда, пешниҳод кардааст, ки онҳоро алоҳида баррасӣ кунанд. Вай гуфт, қариб ҳар яки онҳоро аз назар гузаронидааст; масъалаҳое буданд, ки Маскав бо онҳо розӣ набуд.ДАр ҳамин ҳол, Зеленский, ахиран ба Бритониё сафар кард ва дар он ҷо пешниҳоди Амрикоро бо роҳбарони аврупоӣ муҳокима кард. Ба гуфтаи расонаҳои Украина, пас аз мулоқот, ӯ бори дигар аз гузаштҳо дар масъалаи ҳудуд худдорӣ кард.Ахиран ҳайатҳои ИМА ва Украина дар Берлин музокирот анҷом доданд. Пас аз музокирот, Уиткофф пешрафти назаррасро эълон кард: ҷонибҳо нақшаи бистбандӣ, масъалаҳои иқтисодӣ ва дигар мавзӯъҳоро баррасӣ карданд.
https://sputnik.tj/20251215/ukraina-zelenskiy-sulh-namekhohad-1073812836.html
https://sputnik.tj/20251215/kallas-ittihodiyai-avrupo-ba-hadafi-khud-dar-tamini-ukraina-bo-lavozimoti-jangi-rasid-1073817705.html
има
украина
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/0f/1073814650_317:0:1648:998_1920x0_80_0_0_b03a8a16020d0e089910ea32dc5bf2fb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
донбасс-украина, амалиёти вижа, тиҷорат, минтақаи озоди иқтисодӣ, има,
донбасс-украина, амалиёти вижа, тиҷорат, минтақаи озоди иқтисодӣ, има,
ВАО: Киев аз нияти таъсиси минтақаи озоди иқтисодӣ дар Донбасс даст кашид
17:15 15.12.2025 (Навсозишуда: 19:43 15.12.2025) Нашрияи Politico навиштааст, ки Киев аз нияти таъсиси минтақаи озоди иқтисодӣ дар минтақаи Донбасс даст кашид
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Тибқи иттилои нашрияи Politico, Киев дигар намехоҳад Донбасс минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис диҳад.
"Украина ин пешниҳодро рад кардааст", - хабар дод ин расона бо истинод ба як мақоми фаронсавӣ.
Манбаъ афзуд, ки сарфи назар аз эътирозҳои кишварҳои аврупоӣ, ИМА ба додани имтиёзҳои ҳудудӣ аз Киев исрор мекунад.
Ҳафтаи гузашта, нашрияи Politico хабар дод, ки Украина бо мақсади ҷалби Доналд Трамп пешниҳод кардааст, ки дар Донбасс минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис диҳад, ки дар он "манфиатҳои тиҷоратии Амрикоро ба назар гирифта шавад".
Роҳбари Кохи Сафед қайд кард, ки ин иқдом метавонад кор кунад.
Тавре ёвари президенти Русия Юрий Ушаков ҳангоми шарҳи нақшаи Владимир Зеленский барои баргузории раъйпурсӣ оид ба масъалаи ҳудудӣ таъкид кард, тамоми Донбасс моли Русия аст.
Оташбас танҳо пас аз хуруҷи Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина – ҳамчун қисми муҳими нақшаи сулҳ - метавонад сурат гирпд.
Баррасии ташаббуси Вашингтон
Дар аввали моҳи декабр, Владимир Путин фиристодаи махсус Стивен Уиткофф ва домоди президенти ИМА Ҷаред Кушнерро дар Кремл қабул кард. Ҷонибҳо моҳияти ташаббуси сулҳи Амрикоро тақрибан панҷ соат муҳокима карданд, аммо ҳанӯз ба созиш нарасида буданд.
Тавре ки раҳбари Русия баъдтар изҳор дошт, Вашингтон 27 банди нақшаи аввалияро ба чор баста тақсим карда, пешниҳод кардааст, ки онҳоро алоҳида баррасӣ кунанд. Вай гуфт, қариб ҳар яки онҳоро аз назар гузаронидааст; масъалаҳое буданд, ки Маскав бо онҳо розӣ набуд.
ДАр ҳамин ҳол, Зеленский, ахиран ба Бритониё сафар кард ва дар он ҷо пешниҳоди Амрикоро бо роҳбарони аврупоӣ муҳокима кард. Ба гуфтаи расонаҳои Украина, пас аз мулоқот, ӯ бори дигар аз гузаштҳо дар масъалаи ҳудуд худдорӣ кард.
Ахиран ҳайатҳои ИМА ва Украина дар Берлин музокирот анҷом доданд. Пас аз музокирот, Уиткофф пешрафти назаррасро эълон кард: ҷонибҳо нақшаи бистбандӣ, масъалаҳои иқтисодӣ ва дигар мавзӯъҳоро баррасӣ карданд.