https://sputnik.tj/20251215/kamboja-iiao-sozishnoma-tijorati-imzo-1073791397.html
Камбоҷа мехоҳад бо кишварҳои ИИАО созишномаи тиҷоратӣ бандад
Камбоҷа мехоҳад бо кишварҳои ИИАО созишномаи тиҷоратӣ бандад
Sputnik Тоҷикистон
Ин созишнома ба тарафҳо имкон медиҳад, ки боҷҳои гумрукиро барои молҳо кам кунанду, расмиёти тиҷоратӣ ва ҳамкории гумрукиро содда гардонанд
2025-12-15T10:35+0500
2025-12-15T10:35+0500
2025-12-15T10:35+0500
ииао
иқтисод
тиҷорат
созишнома
камбоҷа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/0b/1073721375_0:0:2112:1188_1920x0_80_0_0_838c9df9f3cc0c7b0100f3235a12f027.png
ДУШАНБЕ, 15 дек - Sputnik. Камбоҷа қасд дорад, ки бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) созишномаи пурраи тиҷоратӣ бандад. Дар ин бора котиби давлатии Вазорати тиҷорати Камбоҷа Текрет Камранг дар мусоҳиба бо РИА Новости изҳор дошт. Ба гуфтаи вай, чунин созишнома ба тарафҳо имкон медиҳад, ки дар бораи доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла тиҷорати хизматрасонӣ, кам кардани боҷҳои гумрукӣ барои молҳо, содда кардани расмиёти тиҷоратӣ ва ҳамкории гумрукӣ, гуфтушунид кунанд.Котиби давлатӣ таъкид кард, ки Камбоҷа ба муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ бо кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, бахусус Русия, арҷ мегузорад. "Мо барои ҳамкории наздик омодаем ва ба самти шарикии ҳамаҷонибаи тиҷоратӣ бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳаракат мекунем", - афзуд ӯ. Ин изҳорот дар ҳошияи конфронси Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат дар бораи нақши тиҷорати хидматрасонӣ барои кишварҳои рӯ ба инкишоф ироа шудааст. Айни замон, ду ҷониб танҳо бо ёддошти тафоҳуме, ки соли 2015 имзо шудааст, алоқаманданд. Камбоҷа бовар дорад, ки вақти он расидааст, ки ба пеш ҳаракат кунанд ва як созишномаи амиқтарро ба имзо расонанд, ки имкониятҳои навро барои ҳарду ҷониб фароҳам меорад.Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё як созмони байналмилалии ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ буда, тибқи Шартнома дар бораи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё таъсис ёфтааст. Иттиҳод ҳаракати озоди молҳо, хизматрасонӣ, сармоя ва қувваи корӣ, инчунин татбиқи сиёсати ҳамоҳангшуда, мувофиқашуда ё муттаҳидшударо дар бахшҳои иқтисодӣ таъмин мекунад. Аъзоёни Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд. Аз соли 2015 инҷониб, Тоҷикистон масъалаи пайвастан ба Иттиҳодро баррасӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20251029/rusiya-indoneziya-boj-gumruk-ozod-1072508952.html
камбоҷа
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/0b/1073721375_182:0:1766:1188_1920x0_80_0_0_0a541ec0f96f1f7a54ed6a4c74fe5cc7.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ииао
Камбоҷа мехоҳад бо кишварҳои ИИАО созишномаи тиҷоратӣ бандад
Ин созишнома ба тарафҳо имкон медиҳад, ки боҷҳои гумрукиро барои молҳо кам кунанду, расмиёти тиҷоратӣ ва ҳамкории гумрукиро содда гардонанд
ДУШАНБЕ, 15 дек - Sputnik. Камбоҷа қасд дорад, ки бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) созишномаи пурраи тиҷоратӣ бандад.
Дар ин бора котиби давлатии Вазорати тиҷорати Камбоҷа Текрет Камранг дар мусоҳиба бо РИА Новости изҳор дошт.
"Мо боварӣ дорем, ки гузариш аз ёддошт ба созишномаҳои пурраи тиҷоратӣ барои ҳарду ҷониб судманд хоҳад буд. Ин заминаро барои густариши ҳамкорӣ дар оянда фароҳам меорад", - қайд кард Камранг.
Ба гуфтаи вай, чунин созишнома ба тарафҳо имкон медиҳад, ки дар бораи доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла тиҷорати хизматрасонӣ, кам кардани боҷҳои гумрукӣ барои молҳо, содда кардани расмиёти тиҷоратӣ ва ҳамкории гумрукӣ, гуфтушунид кунанд.
Котиби давлатӣ таъкид кард, ки Камбоҷа ба муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ бо кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, бахусус Русия, арҷ мегузорад.
"Мо барои ҳамкории наздик омодаем ва ба самти шарикии ҳамаҷонибаи тиҷоратӣ бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳаракат мекунем", - афзуд ӯ.
Ин изҳорот дар ҳошияи конфронси Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат дар бораи нақши тиҷорати хидматрасонӣ барои кишварҳои рӯ ба инкишоф ироа шудааст.
Айни замон, ду ҷониб танҳо бо ёддошти тафоҳуме, ки соли 2015 имзо шудааст, алоқаманданд. Камбоҷа бовар дорад, ки вақти он расидааст, ки ба пеш ҳаракат кунанд ва як созишномаи амиқтарро ба имзо расонанд, ки имкониятҳои навро барои ҳарду ҷониб фароҳам меорад.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё як созмони байналмилалии ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ буда, тибқи Шартнома дар бораи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё таъсис ёфтааст.
Иттиҳод ҳаракати озоди молҳо, хизматрасонӣ, сармоя ва қувваи корӣ, инчунин татбиқи сиёсати ҳамоҳангшуда, мувофиқашуда ё муттаҳидшударо дар бахшҳои иқтисодӣ таъмин мекунад.
Аъзоёни Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд. Аз соли 2015 инҷониб, Тоҷикистон масъалаи пайвастан ба Иттиҳодро баррасӣ мекунад.