Беш аз 80% молҳои содиротии Русия ва Индонезия аз боҷи гумрукӣ пурра озод мешаванд

© AP / Achmad IbrahimКонтейнерный терминал IPC в порту Танджунг Приок в Джакарте, Индонезия, среда, 6 августа 2025 года.
Контейнерный терминал IPC в порту Танджунг Приок в Джакарте, Индонезия, среда, 6 августа 2025 года.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.10.2025
Обуна шудан
Миёни Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Индонезия моҳи декабр созишномаи тиҷорати озод имзо хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Зиёда аз 80% молҳои содиротии Русия ва Индонезия пас аз имзои созишномаи савдои озод миёни ИИАО ва Индонезия, аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешаванд.
Дар ин бора, сафири Русия дар Индонезия Сергей Толченов ба ТАСС хабар додааст.
"Ман мутмаинам, ки ин (имзои созишнома - шарҳ аз идора) ба афзоиши тиҷорати дуҷониба мусоидат хоҳад кард, зеро тибқи ин созишнома, қисми назарраси он, беш аз 80% содироти Русия ва Индонезия аз боҷҳои гумрукӣ пурра озод карда мешаванд", - гуфт ӯ.
Ба андешаи сафир, ин мутаносибан, рақобатпазирии ин молҳоро афзоиш медиҳад ва ба Русия ва Индонезия имкон медиҳад, ки ба ҳамдигар маҳсулоти бештар пешниҳод кунанд.
"Мо аз имзои чунин созишнома таъсири назарраси иқтисодиро интизорем. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки ҳамаи тарафҳо, ки айни замон матни ҳуҷҷатро дар дохили кишвар ҳамоҳанг мекунанд, ин корро анҷом диҳанд, пас мо метавонем онро то охири сол воқеан ба анҷом расонем", - хулоса кард дипломат.
Цистерны с нефтью. Архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2025
Тоҷикистон қариб нисфи колояшро аз кишварҳои узви ИИАО мехарад
Ин дар ҳолест, ки Русия ва Индонезия интизор доранд, ки ҳаҷми тиҷорати дуҷонибаро то охири соли 2025 тақрибан ба 5 млрд доллар мерасонанд.
Сафир инчунин қайд кард, ки сохтори гардиши тиҷорат ба таври назаррас тағйир наёфтааст. Металлҳо, захираҳои энергетикӣ, чӯб, нуриҳо ва маҳсулоти кишоварзӣ содироти асосии Русия боқӣ мемонанд.
Дар бозори Русия бошад, ба қаҳва, чой, меваҳои тропикӣ ва ғайраҳо таваҷҷуҳ доранд.
Лентаи хабарҳо
0