Ҷашнвораи байналмилалии сӯзанӣ дар Панҷакент бошаҳомат доир шуд

Обуна шудан
Эксклюзив
Дар Кохи фарҳанги ба номи Олим Бобоев намоиши махсусгардонидашудаи сӯзании Панҷакент баргузор гардид.
Ба иттилои хабарнигори Sputnik Тоҷикистон, дар намоишгоҳ даҳҳо намунаи сӯзаниҳои дӯхтаи бонувони ҳунарманди шаҳр, ки заминаи боътимод барои ноил шудани Панҷакент ба унвони Шаҳри байналмилалии ҳунармандӣ шудааст, ба маъраз гузошта шуда буд.
Ба меҳмонон хоса сӯзание, ки бонувони ҳунарманди шаҳри Панҷакент ба ифтихори ҷашнвора дар ҳаҷми шаш ба се метр омода намудаанд, писанд афтод. Онро 35 нафар бонуи ҳунарманд бо шогирдонашон дар 25 рӯз бо панҷ миллион кӯк омода кардаанд.
Қайд карда шудааст, ки сӯзанӣ бо ин ҳаҷму нақш, ки ифодагари анъанаҳои қадимаи сӯзанидӯзӣ дар ин хитаи бостонии Тоҷикистон аст ва орзую омол, дидгоҳи нақшофарон, нерӯи қавӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳунари волои бонувонро ифода менамояд, дар ҷаҳон камназир аст.
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Коршиносони байналмилалӣ сӯзании Панҷакентро намунаи олии ҳунари дастии бонувон номиданд.
Ҷолибтарин лаҳзаҳои намоишгоҳро дар гузориши видеоии хабарнигори Sputnik Тоҷикистон тамошо намоед.
Лентаи хабарҳо
0