https://sputnik.tj/20251214/rahimov-medal-nuqra-qahramoni-jahon-1073786471.html
Дастоварди таърихӣ: Хусравхон Раҳимов соҳиби медали нуқраи Қаҳрамонии ҷаҳонии бокс шуд
Дастоварди таърихӣ: Хусравхон Раҳимов соҳиби медали нуқраи Қаҳрамонии ҷаҳонии бокс шуд
Sputnik Тоҷикистон
Муштзани 23 солаи тоҷик дар вазни 57 кг дар финал натавонист намояндаи Қазоқистон - Оразбек Асилкуловро шикаст диҳад
2025-12-14T12:23+0500
2025-12-14T12:23+0500
2025-12-14T12:23+0500
навигариҳои варзиши тоҷикистон
федератсияи муштзанӣ
муштзанӣ
ҷоми ҷаҳонии бокс
медал
нуқра
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/0c/1073766468_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_e2f81ae516c85aa43cad9d355a32bf8e.jpg
ДУШАНБЕ, 14 дек – Sputnik. Хусравхон Раҳимов бо гирифтани медали нуқра дар Қаҳрамонии ҷаҳонии бокс номи худро дар таърихи муштзании Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт намуд.Муштзани 23 солаи тоҷик дар вазни 57 кг дар даври финал натавонист намояндаи Қазоқистон - Оразбек Асилкуловро шикаст диҳад ва қарори доварон (0:5) соҳиби ҷойи дуюм шуд. Ин аввалин медали нуқра дар таърихи бокси Тоҷикистон дар мусобиқаҳои Чемпионати ҷаҳон мебошад. Ба ғайр аз медали нуқра ба Хусравхон ҷоизасупӣ дар ҳаҷми 150 ҳазор доллар тақдим карда шуд.Муштзани дигари тоҷик, Акмал Убайдов дар вазни то 60 кг ба гирифтани медали биринҷӣ шарафёб гардид, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Федератсияи муштзании Тоҷикистон.Хусравхон Раҳимов бошад, дар вазни 57 кг дар даври аввал муқобили намояндаи Лесото - Тока Литабе тариқи нокаут дар раунди дуюм пирӯзӣ ба даст оварда, ба марҳилаи чаҳорякниҳоӣ баромад.Дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ бо намояндаи Африқои Ҷанубӣ- Сигвела Масибулеле нерӯсанҷӣ карда, бо қарори доварон (5:0) пирӯзӣ ба даст овард ва роҳашро ба марҳилаи нимниҳоӣ ҳамвор намуд.Дар марҳилаи нимниҳоӣ бо қарори якдилонаи доварон (5:0) бар Хуҷаназар Нортоҷиев аз Ӯзбекистон ғолиб омада, ба финал баромад ва исмашро дар таърихи бокси тоҷик сабт намуд.Мавриди зикр аст, ки нахустин муштзани тоҷике, ки ду бор унвони қаҳрамонии бокси ҷаҳонро дарёфт кардааст, Раҳимқул Малахбеков мебошад, вале ӯ аз Русия намояндагӣ кардааст.Нахустин дар таърихи бокс: Хусравхон Раҳимов ба даври ниҳоии Қаҳрамонии ҷаҳон роҳ ёфтҲамчунин, муштзани дигари тоҷик Рустамхоҷа Назиров бо намояндагӣ аз Олмон дар соли 2004 низ ба финали Чемпионати ҷаҳон расида буд.Қаблан дар таърихи бокси Тоҷикистон дар Қаҳрамонии ҷаҳон:Ёдовар мешавем, ки XXIII-умин Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни мардон дар соли 2025 аз 2-юм то 13 -уми декабр дар шаҳри Дубайи АМА баргузор мегардад.Дар мусобиқа беҳтарин муштзанҳои беш аз 120 кишвари мухталифи дунё аз рӯи 13 категорияи вазнӣ ҳунарнамоӣ доранд. Фонди ҷоизаваии мусобиқа 8,32 млн доллар мебошад.
https://sputnik.tj/20251109/madina-qurbonzoda-nuqrai-boziho-islomi-2025-1072790695.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/0c/1073766468_0:0:1138:853_1920x0_80_0_0_75d20965261177e7b12eb588b9bc88b8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳимов, соҳиби, медали нуқра, қаҳрамонии ҷаҳон
раҳимов, соҳиби, медали нуқра, қаҳрамонии ҷаҳон
Дастоварди таърихӣ: Хусравхон Раҳимов соҳиби медали нуқраи Қаҳрамонии ҷаҳонии бокс шуд
Муштзани 23 солаи тоҷик дар вазни 57 кг дар финал натавонист намояндаи Қазоқистон - Оразбек Асилкуловро шикаст диҳад
ДУШАНБЕ, 14 дек – Sputnik. Хусравхон Раҳимов бо гирифтани медали нуқра дар Қаҳрамонии ҷаҳонии бокс номи худро дар таърихи муштзании Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт намуд.
Муштзани 23 солаи тоҷик дар вазни 57 кг дар даври финал натавонист намояндаи Қазоқистон - Оразбек Асилкуловро шикаст диҳад ва қарори доварон (0:5) соҳиби ҷойи дуюм шуд.
Ин аввалин медали нуқра дар таърихи бокси Тоҷикистон дар мусобиқаҳои Чемпионати ҷаҳон мебошад. Ба ғайр аз медали нуқра ба Хусравхон ҷоизасупӣ дар ҳаҷми 150 ҳазор доллар тақдим карда шуд.
Муштзани дигари тоҷик, Акмал Убайдов дар вазни то 60 кг ба гирифтани медали биринҷӣ шарафёб гардид, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Федератсияи муштзании Тоҷикистон.
Хусравхон Раҳимов бошад, дар вазни 57 кг дар даври аввал муқобили намояндаи Лесото - Тока Литабе тариқи нокаут дар раунди дуюм пирӯзӣ ба даст оварда, ба марҳилаи чаҳорякниҳоӣ баромад.
Дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ бо намояндаи Африқои Ҷанубӣ- Сигвела Масибулеле нерӯсанҷӣ карда, бо қарори доварон (5:0) пирӯзӣ ба даст овард ва роҳашро ба марҳилаи нимниҳоӣ ҳамвор намуд.
Дар марҳилаи нимниҳоӣ бо қарори якдилонаи доварон (5:0) бар Хуҷаназар Нортоҷиев аз Ӯзбекистон ғолиб омада, ба финал баромад ва исмашро дар таърихи бокси тоҷик сабт намуд.
Мавриди зикр аст, ки нахустин муштзани тоҷике, ки ду бор унвони қаҳрамонии бокси ҷаҳонро дарёфт кардааст, Раҳимқул Малахбеков мебошад, вале ӯ аз Русия намояндагӣ кардааст.
Ҳамчунин, муштзани дигари тоҷик Рустамхоҷа Назиров бо намояндагӣ аз Олмон дар соли 2004 низ ба финали Чемпионати ҷаҳон расида буд.
Қаблан дар таърихи бокси Тоҷикистон дар Қаҳрамонии ҷаҳон:
Абдусалом Ҳасанов (57 кг) соли 2003 дар Бангкок,
Шералӣ Достиев (48 кг) соли 2005 дар Мянян,
Анвар Юнусов (56 кг) соли 2011 дар Боку,
Мавзуна Чориева (60 кг) соли 2012 дар Синхуандао,
Баҳодур Усмонов (63,5 кг) соли 2023 дар Тошканд соҳиби медалҳои биринҷӣ шуда буданд.
Ёдовар мешавем, ки XXIII-умин Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни мардон дар соли 2025 аз 2-юм то 13 -уми декабр дар шаҳри Дубайи АМА баргузор мегардад.
Дар мусобиқа беҳтарин муштзанҳои беш аз 120 кишвари мухталифи дунё аз рӯи 13 категорияи вазнӣ ҳунарнамоӣ доранд. Фонди ҷоизаваии мусобиқа 8,32 млн доллар мебошад.