https://sputnik.tj/20251213/khusravkhon-rahimov-davr-nihoi-qahramoni-jahon-1073766637.html
Нахустин дар таърихи бокс: Хусравхон Раҳимов ба даври ниҳоии Қаҳрамонии ҷаҳон роҳ ёфт
Нахустин дар таърихи бокс: Хусравхон Раҳимов ба даври ниҳоии Қаҳрамонии ҷаҳон роҳ ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Хусравхон Раҳимов аввалин муштзани тоҷик шуд, ки ба финали Қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи муштзанӣ роҳ ёфт.
2025-12-13T10:31+0500
2025-12-13T10:31+0500
2025-12-13T10:31+0500
навигариҳои варзиши тоҷикистон
федератсияи муштзанӣ
муштзанӣ
бокс
дар ҷаҳон
дар тоҷикистон
дастовард
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/0c/1073766468_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_e2f81ae516c85aa43cad9d355a32bf8e.jpg
ДУШАНБЕ, 13 дек - Sputnik. Хусравхон Раҳимов аввалин муштзани тоҷик шуд, ки ба финали Қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи муштзанӣ роҳ ёфт.Муштзани дигари тоҷик, Акмал Убайдов дар вазни то 60 кг ба гирифтани медали биринҷӣ шарафёб гардид, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Федератсияи муштзании Тоҷикистон.Акмал марҳилаи аввалро бо қарори доварон озод гузашта, дар даври дуюм намояндаи Англия Моҳаммад Меҳдӣ Саҳакро дар раунди сеюм ба тариқи нокаут мағлуб намуда, то даври ниманиҳоӣ расид.ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфт.Убайдов дар марҳилаи нимниҳоӣ аз намояндаи Русия Всеволод Шумков мағлуб гардида, соҳиби медали биринҷӣ ва ҷоизапулӣ ба маблағи 75 ҳазор доллари ИМА шуд.Хусравхон Раҳимов бошад, дар вазни 57 кг дар даври аввал муқобили намояндаи Лесото - Тока Литабе тариқи нокаут дар раунди дуюм пирӯзӣ ба даст оварда, ба марҳилаи чаҳорякниҳоӣ баромад.Дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ бо намояндаи Африқои Ҷанубӣ- Сигвела Масибулеле нерӯсанҷӣ карда, бо қарори доварон (5:0) пирӯзӣ ба даст овард ва роҳашро ба марҳилаи нимниҳоӣ ҳамвор намуд.Дар марҳилаи нимниҳоӣ бо қарори якдилонаи доварон (5:0) бар Хуҷаназар Нортоҷиев аз Ӯзбекистон ғолиб омада, ба финал баромад ва исмашро дар таърихи бокси тоҷик сабт намуд. Ҳамин тавр, Раҳимови 23 сола аввалин муштзани тоҷик аст, ки ба финали Қаҳрамонии ҷаҳон роҳ ёфт. Дар даври ниҳоӣ Раҳимов бо намояндаи Қазоқистон Оразбек Асилқулов //3рақобат мекунад.Мавриди зикр аст, ки нахустин муштзани тоҷике, ки ду бор унвони қаҳрамонии бокси ҷаҳонро дарёфт кардааст, Раҳимқул Малахбеков мебошад, вале ӯ аз Русия намояндагӣ кардааст. Ҳамчунин, муштзани дигари тоҷик Рустамхоҷа Назиров бо намояндагӣ аз Олмон дар соли 2004 низ ба финали Чемпионати ҷаҳон расида буд. Қаблан дар таърихи бокси Тоҷикистон дар Қаҳрамонии ҷаҳон: Ёдовар мешавем, ки XXIII-умин Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни мардон дар соли 2025 аз 2-юм то 13 -уми декабр дар шаҳри Дубайи АМА баргузор мегардад. Дар мусобиқа беҳтарин муштзанҳои беш аз 120 кишвари мухталифи дунё аз рӯи 13 категорияи вазнӣ ҳунарнамоӣ доранд. Фонди ҷоизаваии мусобиқа 8,32 млн доллар мебошад.
https://sputnik.tj/20251109/madina-qurbonzoda-nuqrai-boziho-islomi-2025-1072790695.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/0c/1073766468_0:0:1138:853_1920x0_80_0_0_75d20965261177e7b12eb588b9bc88b8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хусравхон раҳимов, даври ниҳоӣ, қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс
хусравхон раҳимов, даври ниҳоӣ, қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс
Нахустин дар таърихи бокс: Хусравхон Раҳимов ба даври ниҳоии Қаҳрамонии ҷаҳон роҳ ёфт
Муштзанҳои Тоҷикистон дар Қаҳрамонии ҷаҳон ба дастовардҳои нодир ноил гардиданд. Яке соҳиби медали биринҷӣ шуду, дигаре ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 13 дек - Sputnik. Хусравхон Раҳимов аввалин муштзани тоҷик шуд, ки ба финали Қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи муштзанӣ роҳ ёфт.
Муштзани дигари тоҷик, Акмал Убайдов дар вазни то 60 кг ба гирифтани медали биринҷӣ шарафёб гардид, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Федератсияи муштзании Тоҷикистон.
Акмал марҳилаи аввалро бо қарори доварон озод гузашта, дар даври дуюм намояндаи Англия Моҳаммад Меҳдӣ Саҳакро дар раунди сеюм ба тариқи нокаут мағлуб намуда, то даври ниманиҳоӣ расид.ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфт.
Убайдов дар марҳилаи нимниҳоӣ аз намояндаи Русия Всеволод Шумков мағлуб гардида, соҳиби медали биринҷӣ ва ҷоизапулӣ ба маблағи 75 ҳазор доллари ИМА шуд.
Хусравхон Раҳимов бошад, дар вазни 57 кг дар даври аввал муқобили намояндаи Лесото - Тока Литабе тариқи нокаут дар раунди дуюм пирӯзӣ ба даст оварда, ба марҳилаи чаҳорякниҳоӣ баромад.
Дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ бо намояндаи Африқои Ҷанубӣ- Сигвела Масибулеле нерӯсанҷӣ карда, бо қарори доварон (5:0) пирӯзӣ ба даст овард ва роҳашро ба марҳилаи нимниҳоӣ ҳамвор намуд.
Дар марҳилаи нимниҳоӣ бо қарори якдилонаи доварон (5:0) бар Хуҷаназар Нортоҷиев аз Ӯзбекистон ғолиб омада, ба финал баромад ва исмашро дар таърихи бокси тоҷик сабт намуд.
Ҳамин тавр, Раҳимови 23 сола аввалин муштзани тоҷик аст, ки ба финали Қаҳрамонии ҷаҳон роҳ ёфт. Дар даври ниҳоӣ Раҳимов бо намояндаи Қазоқистон Оразбек Асилқулов //3рақобат мекунад.
Мавриди зикр аст, ки нахустин муштзани тоҷике, ки ду бор унвони қаҳрамонии бокси ҷаҳонро дарёфт кардааст, Раҳимқул Малахбеков мебошад, вале ӯ аз Русия намояндагӣ кардааст.
Ҳамчунин, муштзани дигари тоҷик Рустамхоҷа Назиров бо намояндагӣ аз Олмон дар соли 2004 низ ба финали Чемпионати ҷаҳон расида буд.
Қаблан дар таърихи бокси Тоҷикистон дар Қаҳрамонии ҷаҳон:
Абдусалом Ҳасанов (57 кг) соли 2003 дар Бангкок,
Шералӣ Достиев (48 кг) соли 2005 дар Мянян,
Анвар Юнусов (56 кг) соли 2011 дар Боку,
Мавзуна Чориева (60 кг) соли 2012 дар Синхуандао,
Баҳодур Усмонов (63,5 кг) соли 2023 дар Тошканд соҳиби медалҳои биринҷӣ шуда буданд.
Ёдовар мешавем, ки XXIII-умин Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни мардон дар соли 2025 аз 2-юм то 13 -уми декабр дар шаҳри Дубайи АМА баргузор мегардад.
Дар мусобиқа беҳтарин муштзанҳои беш аз 120 кишвари мухталифи дунё аз рӯи 13 категорияи вазнӣ ҳунарнамоӣ доранд. Фонди ҷоизаваии мусобиқа 8,32 млн доллар мебошад.