https://sputnik.tj/20251202/epidemiologi-sughd-sabab-zukom-tojkiston-1073459689.html
Паҳншавии зукоми шадид дар Тоҷикистон: Маркази эпидемиологӣ роҳи пешгириро нишон дод
Паҳншавии зукоми шадид дар Тоҷикистон: Маркази эпидемиологӣ роҳи пешгириро нишон дод
Sputnik Тоҷикистон
Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд, барои пешгирии бемориҳои сироятии мавсимӣ тавсияҳо нашр кардааст
2025-12-02T14:11+0500
2025-12-02T14:11+0500
2025-12-02T14:11+0500
вазорати тандурустии ҷт
тандурустӣ
соҳаи тандурустӣ
эпидемия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/0d/1056424117_0:318:3076:2048_1920x0_80_0_0_2700b05bb39373b929d117d49ed4445b.jpg
ДУШАНБЕ, 2 дек - Sputnik. Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд, аз сокинон даъват карда, ки барои пешгирии паҳншавии бемориҳои мавсимӣ чораҳои зарурии беҳдоштӣ ва муҳофизатиро ҷиддан риоя намоянд.Ин ниҳод сабаби паҳншавии шадид бемориҳои сироятии ГРИП, ОРВИ ва дигар бемориҳои роҳи нафасро ба фарорасии рӯзҳои сард, пастшавии ҳарорат ва зиёдшавии чангу ғубор дар ҳаво гуфт.Ин ниҳод мегӯяд дар ин давра, диққати бештар ба саломатӣ ва амалисозии тавсияҳои пешгирикунанда аҳамияти калон дорад.Нишонаҳои беморӣ ва роҳи пешгирӣНишонаҳои аввалини бемориҳои мавсимӣ одатан бо баланд шудани ҳарорати бадан, сулфа, дарди гулӯ, бинипурӣ, хастагии ногаҳонӣ, бадҳолӣ ва дарди мушакҳо оғоз меёбанд. Дар ҳолатҳои вазнин душвории нафаскашӣ мушоҳида мешавад, ки чунин ҳолат талаб мекунад, ки шахс ба муассисаи тиббӣ муроҷиат намояд.Марказ тавсия медиҳад, ки қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, аз ҷумла шустани дастҳо бо собун, риоя карда шаванд. Дар ҳолати пайдо шудани нишонаҳои беморӣ ҳузур дар ҷойҳои серодам тавсия дода намешавад. Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд афзуда, ки риояи тавсияҳои зикршуда метавонад хатари сироятёбӣ ва паҳншавии бемориҳои мавсимиро ба таври назаррас коҳиш диҳад.
https://sputnik.tj/20250922/tojikiston-bemoriho-siroyati-afzoish-omori-1071408543.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/0d/1056424117_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_63c1f175b70bbcedcd308e64ac073de2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, суғд, бемориҳои сироятии мавсимӣ, тавсияҳо
маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, суғд, бемориҳои сироятии мавсимӣ, тавсияҳо
Паҳншавии зукоми шадид дар Тоҷикистон: Маркази эпидемиологӣ роҳи пешгириро нишон дод
Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд, барои пешгирии бемориҳои сироятии мавсимӣ тавсияҳо нашр кардааст
ДУШАНБЕ, 2 дек - Sputnik. Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд, аз сокинон даъват карда, ки барои пешгирии паҳншавии бемориҳои мавсимӣ чораҳои зарурии беҳдоштӣ ва муҳофизатиро ҷиддан риоя намоянд.
Ин ниҳод сабаби паҳншавии шадид бемориҳои сироятии ГРИП, ОРВИ ва дигар бемориҳои роҳи нафасро ба фарорасии рӯзҳои сард, пастшавии ҳарорат ва зиёдшавии чангу ғубор дар ҳаво гуфт.
Ин ниҳод мегӯяд дар ин давра, диққати бештар ба саломатӣ ва амалисозии тавсияҳои пешгирикунанда аҳамияти калон дорад.
Нишонаҳои беморӣ ва роҳи пешгирӣ
Нишонаҳои аввалини бемориҳои мавсимӣ одатан бо баланд шудани ҳарорати бадан, сулфа, дарди гулӯ, бинипурӣ, хастагии ногаҳонӣ, бадҳолӣ ва дарди мушакҳо оғоз меёбанд. Дар ҳолатҳои вазнин душвории нафаскашӣ мушоҳида мешавад, ки чунин ҳолат талаб мекунад, ки шахс ба муассисаи тиббӣ муроҷиат намояд.
Марказ тавсия медиҳад, ки қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, аз ҷумла шустани дастҳо бо собун, риоя карда шаванд.
"Шамол додани мунтазами утоқҳои кориву истиқоматӣ ва пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои серодам низ аҳамияти калон дорад. Тавсия дода мешавад, ки шахсони бояд ғизои солим, нӯшокиҳои гарм истеъмол намоянд ва аз худсарона истифода бурдани антибиотикҳо қатъиян худдорӣ кунанд", - тавсия додааст Марказ.
Дар ҳолати пайдо шудани нишонаҳои беморӣ ҳузур дар ҷойҳои серодам тавсия дода намешавад.
"Бемор бояд истироҳати кофӣ гирад ва дар сурати баланд шудани таб ё бадшавии вазъи умумӣ ба табиб муроҷиат намояд. Масъалаи тақвияти масуният тавассути тарзи ҳаёти солим низ аз омилҳои муҳими пешгирикунанда мебошад", - омадааст дар дастурамал.
Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд афзуда, ки риояи тавсияҳои зикршуда метавонад хатари сироятёбӣ ва паҳншавии бемориҳои мавсимиро ба таври назаррас коҳиш диҳад.