Дидору мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Бердимуҳаммадовҳо

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон в Ашхабаде встретился с Президентом Туркменистана Сердаром Бердымухамедовым
Эмомали Рахмон в Ашхабаде встретился с Президентом Туркменистана Сердаром Бердымухамедовым - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.12.2025
Обуна шудан
Дар фурудгоҳи Ишқобод Эмомалӣ Раҳмонро раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимухамедов пешвоз гирифт
ДУШАНБЕ, 12 дек - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри ишқобод бо преизденти пешин ва кунунии Туркманистон - Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва Сардор Бердимуҳаммадов дидору мулоқот кард.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар фурудгоҳи Ишқобод Эмомалӣ Раҳмонро раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон ва президенти пешин - Қурбонгулӣ Бердимухамедов пешвоз гирифт. Пасон кишвардори Тоҷикистон бо ҳамтои туркманаш мулоқот кард.
Дар мулоқот як зумра масоили вобаста ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шудааст.
Раҳмон таъкид карда, ки Тоҷикистон ҷонибдори дар руҳияи шарикии стратегӣ рушд додани ҳамкорӣ бо Туркманистон мебошад.
"Таваҷҷуҳи зиёд ба тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, густариши робитаҳо дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, саноат, кишоварзӣ ва дигар самтҳо зоҳир гардид", - омадааст дар хабарнома.
Алоқамандии ҳарду кишвар ба густариши робитаҳои фарҳангию башарӣ таъкид гардид.
Дар ҷараёни суҳбат, ҳамчунин, масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ мавриди назари ҷонибҳо қарор доштаанд.
Визит Эмомали Рахмона в Туркменистан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.12.2025
Эмомалӣ Раҳмон ба Ишқобод парвоз кард: мақсади сафар
Зимни ин сафар раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод иштирок менамоянд.
Лентаи хабарҳо
0