https://sputnik.tj/20251211/emomali-rahmon-ishqobod-parvoz-1073724194.html
Эмомалӣ Раҳмон ба Ишқобод парвоз кард: мақсади сафар
Эмомалӣ Раҳмон ба Ишқобод парвоз кард: мақсади сафар
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон сафар кард.
2025-12-11T18:43+0500
2025-12-11T18:43+0500
2025-12-11T19:30+0500
туркманистон
эмомалӣ раҳмон
парвоз
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/0b/1073725053_0:206:2048:1359_1920x0_80_0_0_759d9cd66b86d409f696c6a293f56c78.jpg
ДУШАНБЕ, 11 дек - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ озими Туркманистон шуд.Дар ин бора, хадамоти матбуотии президент гузориш медиҳад.Гуфта мешавад, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод ба пойтахти Тукрманистон шаҳри Ишқобод парвоз кард.Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроия ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.Дар ин сафар кишвардорро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.Ҳамгироӣ дар қолаби нав: Раҳмон самти рушди Осиёи Марказиро нишон додБояд гуфт, ки президенти Русия Владимир Путин низ ба Туркманистон сафар хоҳад кард. Дар давоми сафари дурӯзаи худ, раҳбари Русия як қатор мулоқотҳои дуҷониба бо роҳбарони кишварҳои хориҷӣ баргузор мекунад.
туркманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/0b/1073725053_163:0:1983:1365_1920x0_80_0_0_a0fa9d7830d4df640675823a3a8a7273.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
президент,тоҷикистон, туркманистон
президент,тоҷикистон, туркманистон
Эмомалӣ Раҳмон ба Ишқобод парвоз кард: мақсади сафар
18:43 11.12.2025 (Навсозишуда: 19:30 11.12.2025) Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод ширкат хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 11 дек - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ озими Туркманистон шуд.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии президент гузориш медиҳад.
Гуфта мешавад, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод ба пойтахти Тукрманистон шаҳри Ишқобод парвоз кард.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроия ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар кишвардорро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Бояд гуфт, ки президенти Русия Владимир Путин низ ба Туркманистон сафар хоҳад кард. Дар давоми сафари дурӯзаи худ, раҳбари Русия як қатор мулоқотҳои дуҷониба бо роҳбарони кишварҳои хориҷӣ баргузор мекунад.