Баррасии масоили консулӣ, тиҷорат ва фарҳангӣ миёни Тоҷикистону Эрон дар Душанбе

© Foto / Пресс-служба МИД ТаджикистанаВстреча Сироджиддина Мухриддина с заместителем Министра иностранных дел Ирана
Встреча Сироджиддина Мухриддина с заместителем Министра иностранных дел Ирана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.12.2025
Обуна шудан
Вазири хориҷаи Тоҷикистон ва муовини вазири умури хориҷаи Эрон дар заминаи масоили консулӣ, тиҷорат ва фарҳанг табодули назар карданд
ДУШАНБЕ, 10 дек - Sputnik. Дар дидори вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо муовини вазири умури хориҷаи Эрон бар омодагии ду тараф барои таъмиқи бештари ҳамкориҳои дӯстона байни ду кишвари бародар таъкид шуд.
Ваҳид Ҷалолизода, муовини консулӣ, маҷлис ва умури эрониёни вазорати умури хориҷаи Эрон бо Сироҷддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дидору гуфтугу кард.
Дар ҷараёни ин дидор, вазъияти кунунӣ ва чашмандози тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва чандҷониба дар заминаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва консулӣ маврид гуфтугу табодули назар қарор гирифт.
Тарафайн ҳамчунин омодагии худро барои таъмиқи бештари ҳамкориҳои дӯстона байни ду кишвари бародар таъйид карданд.
Подписание меморандума о взаимопонимании между Торгово-промышленной палатой Таджикистана и Торгово-промышленной палатой провинции Казвин Республики Иран - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2025
Тоҷикистон бо утони Қазвини Эрон ҳамкориҳояшро тақвият мебахшад
Муовини консулӣ, маҷлису умури эрониёни вазорати умури хориҷаи Эрон ба манзури ширкат дар ҳафтумин нишаст камиссиюни муштараки консулӣ миёни Эрону Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе сафар кардааст .
Лентаи хабарҳо
0