https://sputnik.tj/20251117/tojikiston-qazvini-eron-hamkor-taqviyat-1073004939.html
Тоҷикистон бо утони Қазвини Эрон ҳамкориҳояшро тақвият мебахшад
Тоҷикистон бо утони Қазвини Эрон ҳамкориҳояшро тақвият мебахшад
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистону устони Қазвини Эрон барои тақвияти ҳамкориҳои тиҷорӣ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расониданд
2025-11-17T12:21+0500
2025-11-17T12:21+0500
2025-11-17T12:21+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
равобит
иқтисод
ёддошти ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/11/1073004795_135:112:1025:613_1920x0_80_0_0_a8edc30747ecb0719a7270c8b1c91d08.jpg
ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Дар шаҳи Душанбе миёни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Палатаи савдо, саноат, маъдан ва кишоварзии вилояти Қазвини Эрон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо карданд.Тавре дафтари матбуоти палатаи савдо ва саноати мамлакат хабар додааст, ин санади ҳамкорӣ дар доираи баргузории Намоишгоҳи байналмилалии универсалии "Тоҷикистон-2025" ба имзо расид.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш ҳайати иқтисодию тиҷоратии вилояти Қазвин бо мақсади шиносоӣ бо имконияти нави ҳамкорӣ, фаъолияти ширкату корхонаҳо ва ёфтани шарикони тиҷоратӣ ба Тоҷикистон омад.Манбаъ қайд кардааст, ки меҳмонон аз Эрон зимни тамошои намоишгоҳ бо имконияти истеҳсолӣ ва маҳсулоти пешниҳоднамудаи иштирокчиён шинос гардида, барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ изҳори омодагӣ намуданд.Бояд гуфт, ки Намоишгоҳи байналмилалии универсалии "Тоҷикистон – 2025" аз 13 то 15 ноябр идома ёфт.Дар он зиёда аз 60 ширкат аз Тоҷикистон, Узбекистон, Эрон, Покистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Беларус, Ҳиндустон ва Арабистони Саудӣ молу маҳсулоташонро пешниҳод намуданд.
https://sputnik.tj/20251112/eron-tojikiston-khatsayr-nav-havoi-1072872961.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/11/1073004795_190:114:970:699_1920x0_80_0_0_8186ca0632e68d0df754b0b051b6ea8d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, қазвин, ҳамкорӣ, санад, имзо, ёддошти тафошуми ҳамкорӣ, душанбе
тоҷикистон, эрон, қазвин, ҳамкорӣ, санад, имзо, ёддошти тафошуми ҳамкорӣ, душанбе
Тоҷикистон бо утони Қазвини Эрон ҳамкориҳояшро тақвият мебахшад
Мақомоти Тоҷикистону устони Қазвини Эрон барои тақвияти ҳамкориҳои тиҷорӣ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Дар шаҳи Душанбе миёни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Палатаи савдо, саноат, маъдан ва кишоварзии вилояти Қазвини Эрон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо карданд.
Тавре дафтари матбуоти палатаи савдо ва саноати мамлакат хабар додааст, ин санади ҳамкорӣ дар доираи баргузории Намоишгоҳи байналмилалии универсалии "Тоҷикистон-2025" ба имзо расид.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш ҳайати иқтисодию тиҷоратии вилояти Қазвин бо мақсади шиносоӣ бо имконияти нави ҳамкорӣ, фаъолияти ширкату корхонаҳо ва ёфтани шарикони тиҷоратӣ ба Тоҷикистон омад.
Манбаъ қайд кардааст, ки меҳмонон аз Эрон зимни тамошои намоишгоҳ бо имконияти истеҳсолӣ ва маҳсулоти пешниҳоднамудаи иштирокчиён шинос гардида, барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ изҳори омодагӣ намуданд.
Бояд гуфт, ки Намоишгоҳи байналмилалии универсалии "Тоҷикистон – 2025" аз 13 то 15 ноябр идома ёфт.
Дар он зиёда аз 60 ширкат аз Тоҷикистон, Узбекистон, Эрон, Покистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Беларус, Ҳиндустон ва Арабистони Саудӣ молу маҳсулоташонро пешниҳод намуданд.