https://sputnik.tj/20251209/korkhona-maktab-boghcha-rahmaon-tursunzoda-inshoot-iftitoh-1073648066.html
Аз корхона то мактабу боғча: Раҳмаон дар Турсунзода чанд иншооти муҳимро ифтитоҳ кард
Аз корхона то мактабу боғча: Раҳмаон дар Турсунзода чанд иншооти муҳимро ифтитоҳ кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури кишвар бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, раванди корҳои ободониву созандагӣ ва ифтитоҳи чанд иншоот ба шаҳри Турсунзода сафар кард
2025-12-09T13:11+0500
2025-12-09T13:11+0500
2025-12-09T13:11+0500
дар тоҷикистон
турсунзода
раҳмон
ифтитоҳ
иншоот
маориф
саноат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/09/1073648372_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_1114b27da56da90df05b8e7f30b678a6.jpg
ДУШАНБЕ, 9 дек - Sputnik. Нахуст, Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти марҳилаи дуюми корхонаи "Алюмин Проф" бо иқтидори 8760 тонна маҳсулоти пластикӣ дар як сол расман оғоз бахшид.Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, дар корхона зиёда аз 5 навъи маҳсулоти гуногуни пластикӣ ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол мешавад. Маҳсулоти корхона 100% содирот карда мешавад.Таъкид гардидааст, ки фаъолияти мунтазами марҳилаи дуюми корхона талаботи бозори дохилиро бо 5 намуди маҳсулоти босифати ватании ивазкунандаи воридот, аз ҷумла профилҳои пластикӣ, лулаҳои пластикӣ, резин, бутил ва ғайра таъмин намуда, ба паст шудани нархи он мусоидат мекунад.Ҳамчунин раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Регари шаҳри Турсунзода Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 23-ро мавриди истифода қарор дод.Президенти Тоҷикистон, дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода 8 муассисаи наву замонавии соҳаи маориф, аз ҷумла Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №83 дар деҳаи Роҳати деҳоти Турсун Туйчиев, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39 дар деҳаи Файзобод, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36 дар деҳаи Шӯрхок, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44 дар деҳаи Юлдош Ашуров, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №99 дар деҳаи Ҳуснобод, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №122 дар деҳаи Навобод, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №108 дар деҳаи Шулум ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 дар деҳоти 10-солагии Истиқлолиятро тариқи фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар шаҳри Турсунзода инчунин бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Ғунчаҳои Истиқлолро дар деҳаи Исмоили Сомонӣ мавриди истифода қарор дод.Қайд карда шудааст, ки сохтмони муассиса моҳи феврали соли 2024 оғоз гардида, дар муҳлати кӯтоҳ ҷавобгӯ ба талаботи меъмориву шаҳрсозӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Неъматулло Ҳаитов бунёд гардидааст.Эмомалӣ Раҳмон пас аз ба истифода супоридани Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Ғунчаҳои Истиқлол дар шаҳри Турсунзода, ҳамчунин кӯдакистони хусусии Дунёи ширин дар кӯчаи Ҷалолиддини Балхӣ, муассисаи томактабии Лабханди кӯдак дар деҳоти Регар, кӯдакистони Ҷони бобо дар шаҳри Турсунзода, боғчаҳои хусусии Шукуфа ва Лола”, ҳамчунин Муассисаи томактабии наздимуассисавии деҳаи Шӯрхокро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ кард.Сипас Президенти кишвар дар шаҳри Турсунзода корхонаи нави маҳсулоти алюминийи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Алюминийи аввалинро мавриди истифода қарор дод.Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Азизов Хуршед дар якҷоягӣ бо ширкати хориҷии Treks Munandislik дар масоҳати умумии 6,2 га замин бунёд шудааст. Корҳои бунёдӣ дар корхонаи маҳсулоти алюминӣ аз моҳи октябри соли 2022 оғоз гардида, дар муҳлати муайяншуда бо сифати баланд бунёд гардидааст.Иншооти нав дар ҳудуди шаҳри Турсунзода бунёд шуда, яке аз корхонаҳои муҳими саноати коркарди алюминий дар мамлакат ба шумор меравад.Иттиллоъ доданд, ки корхона бо хатҳои пешрафтаи технологӣ муҷаҳҳаз буда, имконият дорад 40 намуд профилҳои алюминӣ ва дар як сол 10 ҳазор тонна маҳсулоти баландсифат истеҳсол намояд.Бояд қайд кард, ки ҳоло дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 100 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият намуда, ҳаҷми маҳсулоти онҳо дар 10 моҳи соли 2025 ба зиёда аз якуним миллиард сомонӣ расонида шуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 185 миллион сомонӣ зиёд мебошад.Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон сипас дар шаҳри Турсунзода бинои нави Раёсати минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро ифтитоҳ намуд.Сохтмони бинои нав моҳи январи соли 2024 оғоз гардида, моҳи ноябри соли 2025, дар муҳлати муайянгардида бо сифати баланд ҷавобгӯ ба талаботи муосир бунёд шудааст.Президенти кишвар сипас дар шаҳри Турсунзода Бозори Турсунзодаро, ки иншооти калони дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ аст, ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуд. Иншоот бо саҳми соҳибкорони ватанӣ сохта шудааст.12 бино бо тарҳи милливу муосир ва 10 соябон дар масоҳати умумии 14 гектар замини бекорхобида ҷавобгӯй ба талаботи замон бунёд гардидааст.Дар асоси нишондоди лоиҳавӣ Бозори Турсунзода аз ду марҳилаи сохтмон иборат буда, марҳилаи аввал бо 1500 нуқтаи савдо ва ду таваққуфгоҳ ифтитоҳ гардид.
https://sputnik.tj/20251119/idomai-safari-rahmon-sugd-inshoot-istaravshan-iftitoh-1073074211.html
https://sputnik.tj/20251121/natija-safar-rahmon-sughd-aks-1073139647.html
https://sputnik.tj/20251110/rahmon-militsiya-hifzi-oromi-subot-omoda-1072809360.html
турсунзода
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/09/1073648372_143:0:1280:853_1920x0_80_0_0_dadb3932a68ccd62401bcab5140f7633.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, раҳмон, раисҷумҳур, турсунзода, ифтитоҳ, иншоот, корхона, мактаб, боғча, маориф
тоҷикистон, раҳмон, раисҷумҳур, турсунзода, ифтитоҳ, иншоот, корхона, мактаб, боғча, маориф
Аз корхона то мактабу боғча: Раҳмаон дар Турсунзода чанд иншооти муҳимро ифтитоҳ кард
Раисҷумҳури кишвар бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, раванди корҳои ободониву созандагӣ ва ифтитоҳи чанд иншоот ба шаҳри Турсунзода сафар кард
ДУШАНБЕ, 9 дек - Sputnik. Нахуст, Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти марҳилаи дуюми корхонаи "Алюмин Проф" бо иқтидори 8760 тонна маҳсулоти пластикӣ дар як сол расман оғоз бахшид.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар корхона зиёда аз 5 навъи маҳсулоти гуногуни пластикӣ ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол мешавад. Маҳсулоти корхона 100% содирот карда мешавад.
Таъкид гардидааст, ки фаъолияти мунтазами марҳилаи дуюми корхона талаботи бозори дохилиро бо 5 намуди маҳсулоти босифати ватании ивазкунандаи воридот, аз ҷумла профилҳои пластикӣ, лулаҳои пластикӣ, резин, бутил ва ғайра таъмин намуда, ба паст шудани нархи он мусоидат мекунад.
Ҳамчунин раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Регари шаҳри Турсунзода Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 23-ро мавриди истифода қарор дод.
Президенти Тоҷикистон, дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода 8 муассисаи наву замонавии соҳаи маориф, аз ҷумла Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №83 дар деҳаи Роҳати деҳоти Турсун Туйчиев, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39 дар деҳаи Файзобод, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36 дар деҳаи Шӯрхок, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44 дар деҳаи Юлдош Ашуров, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №99 дар деҳаи Ҳуснобод, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №122 дар деҳаи Навобод, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №108 дар деҳаи Шулум ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 дар деҳоти 10-солагии Истиқлолиятро тариқи фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар шаҳри Турсунзода инчунин бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Ғунчаҳои Истиқлолро дар деҳаи Исмоили Сомонӣ мавриди истифода қарор дод.
Қайд карда шудааст, ки сохтмони муассиса моҳи феврали соли 2024 оғоз гардида, дар муҳлати кӯтоҳ ҷавобгӯ ба талаботи меъмориву шаҳрсозӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Неъматулло Ҳаитов бунёд гардидааст.
Эмомалӣ Раҳмон пас аз ба истифода супоридани Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Ғунчаҳои Истиқлол дар шаҳри Турсунзода, ҳамчунин кӯдакистони хусусии Дунёи ширин дар кӯчаи Ҷалолиддини Балхӣ, муассисаи томактабии Лабханди кӯдак дар деҳоти Регар, кӯдакистони Ҷони бобо дар шаҳри Турсунзода, боғчаҳои хусусии Шукуфа ва Лола”, ҳамчунин Муассисаи томактабии наздимуассисавии деҳаи Шӯрхокро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ кард.
Сипас Президенти кишвар дар шаҳри Турсунзода корхонаи нави маҳсулоти алюминийи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Алюминийи аввалинро мавриди истифода қарор дод.
Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Азизов Хуршед дар якҷоягӣ бо ширкати хориҷии Treks Munandislik дар масоҳати умумии 6,2 га замин бунёд шудааст. Корҳои бунёдӣ дар корхонаи маҳсулоти алюминӣ аз моҳи октябри соли 2022 оғоз гардида, дар муҳлати муайяншуда бо сифати баланд бунёд гардидааст.
Иншооти нав дар ҳудуди шаҳри Турсунзода бунёд шуда, яке аз корхонаҳои муҳими саноати коркарди алюминий дар мамлакат ба шумор меравад.
Иттиллоъ доданд, ки корхона бо хатҳои пешрафтаи технологӣ муҷаҳҳаз буда, имконият дорад 40 намуд профилҳои алюминӣ ва дар як сол 10 ҳазор тонна маҳсулоти баландсифат истеҳсол намояд.
Бояд қайд кард, ки ҳоло дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 100 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият намуда, ҳаҷми маҳсулоти онҳо дар 10 моҳи соли 2025 ба зиёда аз якуним миллиард сомонӣ расонида шуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 185 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон сипас дар шаҳри Турсунзода бинои нави Раёсати минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро ифтитоҳ намуд.
Сохтмони бинои нав моҳи январи соли 2024 оғоз гардида, моҳи ноябри соли 2025, дар муҳлати муайянгардида бо сифати баланд ҷавобгӯ ба талаботи муосир бунёд шудааст.
Президенти кишвар сипас дар шаҳри Турсунзода Бозори Турсунзодаро, ки иншооти калони дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ аст, ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуд. Иншоот бо саҳми соҳибкорони ватанӣ сохта шудааст.
12 бино бо тарҳи милливу муосир ва 10 соябон дар масоҳати умумии 14 гектар замини бекорхобида ҷавобгӯй ба талаботи замон бунёд гардидааст.
Дар асоси нишондоди лоиҳавӣ Бозори Турсунзода аз ду марҳилаи сохтмон иборат буда, марҳилаи аввал бо 1500 нуқтаи савдо ва ду таваққуфгоҳ ифтитоҳ гардид.