https://sputnik.tj/20251208/sherali-kabir-nbo-roghun-zehni-suni-puli-beshtar-1073607879.html
Шералӣ Кабир гуфт чӣ гуна метавон аз НБО “Роғун” ва зеҳни сунъӣ пули бештар кор кард
Шералӣ Кабир гуфт чӣ гуна метавон аз НБО “Роғун” ва зеҳни сунъӣ пули бештар кор кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон гуфт чӣ гуна метавон ҳиссаи зеҳни сунъиро дар ММД Тоҷикистон то соли 2040 ба 5% расонд
2025-12-08T11:49+0500
2025-12-08T11:49+0500
2025-12-08T14:01+0500
дар тоҷикистон
саноат
рақамӣ
шералӣ кабир
барқ
энергетика
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/09/1063463078_573:464:1938:1232_1920x0_80_0_0_4f9901ca8beb12d59d10f054e96f21b3.jpg
ДУШАНБЕ, 8 дек - Sputnik. Шералӣ Кабир вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар мусоҳиба ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” гуфт, ки бо таъсиси Корпоратсияи миллии зеҳни сунъӣ Тоҷикистон метавонад, ба ин ҳадафҳо ноил шавад.Вай гуфт, ин кор барои иқтисоди Тоҷикистон нафъи бештар меорад.Вай таъкид кард, ки ҳоло Тоҷикистон аз ҳамаи захираҳои гидроэнергетикии худ ҳамагӣ 5-6%-и онро истифода мебарад.Вай илова кард, ки бо ин роҳ Тоҷикистон метавонад маблағҳои иловагӣ ба даст биёрад.“Албатта, мехоҳем ҳарчи зудтар ин захираро коркард кунем, вале барои ин сармоягузории калон зарур аст. Ба ҳамин хотир, мо барои ворид шудани сармояҳои бузург ба бахши гидроэнергетикаи кишвар дарҳои боз эълон намудаем”, - гуфт ӯ.Вай афзуд, ки ҳоло ҳиссаи зеҳни сунъӣ дар ММД хеле ночиз аст. Аммо стартапҳои ватанӣ дар ин самт фаъолият доранд ва нишондодҳо умедворкунанда доранд.Вазири тоҷик илова кард, ки агар Корпоратсияи давлатии зеҳни сунъӣ таъсис дода шавад, албатта, Тоҷикистон метавонад ба ин нишондиҳанда ноил шавад.Вай гуфт, нақшаҳо барои таъсиси чунин корпоратсия ҳоло дар баррасии Ҳукумат қарор доранд.Шералӣ Кабир гуфт, ки дар доираи Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ то соли 2040 тадбирҳои муҳим андешида мешаванд.Вай афзуд худи Стратегия имиҷ барои кишвар аст."Стратегияи моро Аморати Муттаҳидаи Араб низ омӯхта, мехоҳанд таҷрибаи онро дар давлатҳои худ татбиқ намоянд”, - гуфт Шералӣ Кабир.Вай зикр кард, ки ин аз он нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар рушди технологии зеҳни сунъӣ пешсаф аст.
https://sputnik.tj/20251206/sherali-kabir-zs-joyguzin-odamon-nakhohad-shud-1073552697.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/09/1063463078_0:0:2048:1536_1920x0_80_0_0_9f7bf16a213af2a5d2516056a6b8b671.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, зеҳни сунъӣ, шералӣ кабир, саноат, энергетика, барқ, роғун, ҳисса, ммд, иқтисод
тоҷикистон, зеҳни сунъӣ, шералӣ кабир, саноат, энергетика, барқ, роғун, ҳисса, ммд, иқтисод
Шералӣ Кабир гуфт чӣ гуна метавон аз НБО “Роғун” ва зеҳни сунъӣ пули бештар кор кард
11:49 08.12.2025 (Навсозишуда: 14:01 08.12.2025) Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон гуфт чӣ гуна метавон ҳиссаи зеҳни сунъиро дар ММД Тоҷикистон то соли 2040 ба 5% расонд
ДУШАНБЕ, 8 дек - Sputnik. Шералӣ Кабир вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар мусоҳиба ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” гуфт, ки бо таъсиси Корпоратсияи миллии зеҳни сунъӣ Тоҷикистон метавонад, ба ин ҳадафҳо ноил шавад.
“Вақте НБО "Роғун" бо иқтидори пуррааш ба кор дарояд, барқи иловагиро ба хориҷи кишвар набароварда, балки онро барои коркарди технологияи зеҳни сунъӣ истифода бурдан имконпазир мешавад.
Вай гуфт, ин кор барои иқтисоди Тоҷикистон нафъи бештар меорад.
Вай таъкид кард, ки ҳоло Тоҷикистон аз ҳамаи захираҳои гидроэнергетикии худ ҳамагӣ 5-6%-и онро истифода мебарад.
“Масалан, тибқи шартномаҳои мавҷуда, барқро бо нархи 5 сент мефурӯшем, вале агар онро барои коркарди технологияи зеҳни сунъӣ истифода намоем, арзиши он то 8 маротиба зиёд мешавад”, - қайд кард Шералӣ Кабир.
Вай илова кард, ки бо ин роҳ Тоҷикистон метавонад маблағҳои иловагӣ ба даст биёрад.
“Албатта, мехоҳем ҳарчи зудтар ин захираро коркард кунем, вале барои ин сармоягузории калон зарур аст. Ба ҳамин хотир, мо барои ворид шудани сармояҳои бузург ба бахши гидроэнергетикаи кишвар дарҳои боз эълон намудаем”, - гуфт ӯ.
Вай афзуд, ки ҳоло ҳиссаи зеҳни сунъӣ дар ММД хеле ночиз аст. Аммо стартапҳои ватанӣ дар ин самт фаъолият доранд ва нишондодҳо умедворкунанда доранд.
Вазири тоҷик илова кард, ки агар Корпоратсияи давлатии зеҳни сунъӣ таъсис дода шавад, албатта, Тоҷикистон метавонад ба ин нишондиҳанда ноил шавад.
Вай гуфт, нақшаҳо барои таъсиси чунин корпоратсия ҳоло дар баррасии Ҳукумат қарор доранд.
Шералӣ Кабир гуфт, ки дар доираи Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ то соли 2040 тадбирҳои муҳим андешида мешаванд.
Вай афзуд худи Стратегия имиҷ барои кишвар аст.
"Стратегияи моро Аморати Муттаҳидаи Араб низ омӯхта, мехоҳанд таҷрибаи онро дар давлатҳои худ татбиқ намоянд”, - гуфт Шералӣ Кабир.
Вай зикр кард, ки ин аз он нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар рушди технологии зеҳни сунъӣ пешсаф аст.