Группа воздушного прикрытия группировки войск Центр на Красноармейском направлении СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

CNN: Роҳбарони аврупоӣ аз тағйири мавқеи ИМА дар мавриди Украина нигаронанд

© AP / Suzanne PlunkettВладимир Зеленский беседует с премьер-министром Великобритании Киром Стармером и Кайей Каллас. Архивное фото
Владимир Зеленский беседует с премьер-министром Великобритании Киром Стармером и Кайей Каллас. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2025
Обуна шудан
Шабакаи телевизионии амрикоӣ хабар додааст, ик тағйири мавқеи ИМА метавонад ба музокироти Украина таъсири ҷиддӣ расонад
ДУШАНБЕ, 8 дек - Sputnik. Шабакаи телевизионии CNN хабар медиҳад, ки роҳбарони аврупоӣ аз он метарсанд, ки тағйири мавқеи ИМА нисбат ба Аврупо метавонад дар як лаҳзаи муҳим ба музокироти Украина таъсири ҷиддӣ расонад.
"Барои роҳбарони аврупоӣ, ин вақт нигаронкунанда аст: ИМА дар ҳоле ки мавқеи он нисбат ба Аврупо сахттар мешавад, музокироти сулҳи Украинаро роҳбарӣ мекунад, ки нигарониҳоро ба миён меорад. Ин тағйирот метавонад дар як лаҳзаи муҳим ба музокирот таъсир расонад", - қайд намудааст ин шабакаи телевизионӣ.
Қаблан, Кохи Сафед стратегияи нави амнияти миллии ИМА-ро нашр кард, ки дар он аз Аврупо даъват карда мешавад, масъулияти дифоъи худро бар дӯши худ бигиранд.
Президент США Дональд Трамп. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2025
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Трамп аз он ки Зеленский пешниҳоди сулҳи ИМА-ро нахондааст, дилсард шудааст
Дар ҳуҷҷат инчунин гуфта мешавад, ки Кохи Сафед бо мақомоти аврупоӣ, ки интизориҳои ғайривоқеӣ дар робита ба низоъ дар Украина доранд, розӣ нест.

Ташаббуси сулҳи ИМА

Дар охири моҳи ноябр Кохи Сафед таҳияи пешниҳоди ҳалли низоъ дар Украинаро эълон кард.
Тавре ки раҳбари Русия Владимир Путин қайд кард, нақшаи сулҳи ибтидоии Вашингтон метавонад асоси созишномаҳои оянда бошад, аммо пеш аз ин, ҳар як нуктаи он бояд бодиққат омӯхта ва таҳия карда шавад.
Лентаи хабарҳо
0