Группа воздушного прикрытия группировки войск Центр на Красноармейском направлении СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Фиристодаи вижаи Трамп: ИМА ба Украина сарбоз намефиристад

© telegram Sputnik_Tajikistan / Гузариш ба медиабонкИМА метавонад Киевро барои қабули ин созишнома тела диҳад - Украина бо "қарорҳои душвор" рӯбарӯ аст, гуфт Келлог
ИМА метавонад Киевро барои қабули ин созишнома тела диҳад - Украина бо қарорҳои душвор рӯбарӯ аст, гуфт Келлог - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2025
Обуна шудан
Якчанд расонаҳои хориҷӣ ин сенарияро ҳамчун роҳи фишор овардан ба Русия барои хотима додан ба низоъ арзёбӣ карданд.
ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Иёлоти Муттаҳида ба Украина сарбоз намефиристад.
Инро фиристодаи вижаи президенти ИМА Кит Келлогг дар Форуми миллии дифоъи Роналд Рейган дар Калифорния изҳор дошт.
Маъмуриятҳои собиқ ва кунунии ИМА пайваста мавқеъеро нигоҳ медоштанд, ки ҳузури низомии ИМА дар Украина нахоҳад буд.
Президент Доналд Трамп, инчунин аъзои дастаи ӯ, инро борҳо изҳор доштаанд.
Келлогг дар посух ба суол дар бораи фишор овардан ба Русия барои хотима додан ба низоъ дар Украина гуфт: "Мо сарбоз намефиристем."
Премьер-министр Венгрии Виктор Орбан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2025
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Орбан дар бораи ҷанги Аврупо бо Русия изҳороти тунд кард
Бо вуҷуди ин, ӯ чораҳои иқтисодиро, пеш аз ҳама бар зидди киштиҳои нафткаши Русия, ҳамчун воситаҳои дастрас барои чунин фишор қайд кард.

Амалиёти вижа дар Украина

Русия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.
Лентаи хабарҳо
0