КҲФ ба соҳилмустаҳкамкунии атрофи пиряхи Деҳдал мепардозад

© Sputnik Горы Памира
Горы Памира - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2025
Обуна шудан
Эксклюзив
Феълан вазъ дар атрофи пиряхи Деҳдали Тоҷикобод ором васт, вале хавфи ҳаракати такрории он вуҷуд дорад
ДУШАНБЕ, 6 дек - Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ба соҳилмустаҳкамкунии атрофи пиряхи Деҳдал оғоз мекунад.
Дар ин бора, муовини сардори сарраёсати ҳифзи алоҳии КҲФ Раҳимзода Фаридун дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, феълан ҳаракати пиряхи Деҳдал ба қайд гирифта нашудааст, вале эҳтимолияти лағжиши он вуҷуд дорад.
"Барои пешгирӣ аз расонидани зарар ба мардум, ҳафтаи оянда Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба соҳилмустаҳкамкунии атрофи пирях оғоз мекунад", - гуфт Раҳимзода дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Манбаъ афзуд, ки вазъи пиряхи "Деҳдал" доим таҳти назорати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода қарор дорад.
Ёдрас мешавем, ки 25 октябр дар Тоҷикобод як пораи бузурги пирях фурӯ рехт. Аз қаторкӯҳи Исмоили Сомонии деҳаи Сафедоб пораи дукилометрии пирях ба поён фаромад.
Ронский ледник. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2025
Коршиносон сабаби фурӯ рехтани пиряхи Деҳдалро шарҳ доданд
Пирях бо баландии 25 метр ва паҳнои 150-200 метр дар деҳаи Сафедоби ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Оби ноҳияи Тоҷикобод хисороте ворид накард.
Аммо, мутахассисон мегӯянд бар асари бориши боронҳои шадид ва такроран канда шудани пирях аз баданаи пиряхи бузург метавонад ба хоҷагиҳои деҳаи Гулрези ҷамаоти деҳоти Қалъаи Лаби Об хатар дошта бошад.
Лентаи хабарҳо
0