https://sputnik.tj/20251102/sababi-furu-rekhtani-piryakhi-dehdal-tojikiston-1072600202.html
Коршиносон сабаби фурӯ рехтани пиряхи Деҳдалро шарҳ доданд
Коршиносон сабаби фурӯ рехтани пиряхи Деҳдалро шарҳ доданд
Sputnik Тоҷикистон
Моҳи октябр, дар минтақаи Тоҷикобод тӯдаи бузурги ях дар тӯли ҳамагӣ 15 дақиқа беш аз 5 км ҳаракат карданд
2025-11-02T15:15+0500
2025-11-02T15:15+0500
2025-11-02T15:15+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
кҳф
обу ҳаво
боду ҳаво
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/01/1072594147_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_2741ea5f620220a13e89c8d7ad292578.jpg
ДУШАНБЕ, 1 ноя - Sputnik. Тӯдаи бузурги ях аз пиряхи Деҳдал аз сабаби набудани боришот ва ҳарорати ғайримуқаррарии тобистона, об шуд. Масъулони ҳавошиносӣ ва ҳолатҳои изтирорӣ ҳаракати бесобиқаи пиряхи Деҳдали Тоҷикободро ба камборишӣ ва гармӣ дар ин минтақа рабт доданд.Ин вазъият дар нишасти матбуотӣ бо номи "Ҳаракати пиряхи Деҳдал ва вазъи кунунии он", ки дар агентӣ баргузор шуд, баррасӣ гардид.Дар баробари ҳавошиносон, мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ низ дар ин чорабинӣ иштирок карданд. Олимон таъкид карданд, ки ин ҳафтумин ҳаракати пиряхҳо дар таърихи сабтшуда аст, аммо ҳодисаи кунунӣ бузургтарин ҳисобида мешавад, ки дар 15 дақиқа беш аз 5 км ҳаракат намуда, баландии он аз 35 то 40 метр паҳнои он бошад ба 400 метр баробар мебошад.Ёдовар мешавем, ки 25 октябр дар Тоҷикобод як пораи бузурги пирях фурӯ рехт. Аз қаторкӯҳи Исмоили Сомонии деҳаи Сафедоб пораи дукилометрии пирях ба поён фаромадааст. Пирях бо баландии 25 метр ва паҳнои 150-200 метр дар деҳаи Сафедоби ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Оби ноҳияи Тоҷикобод хисороте ворид накардааст.Аммо, мутахассисон мегӯянд бар асари бориши боронҳои шадид ва такроран канда шудани пирях аз баданаи пиряхи бузург метавонад ба хоҷагиҳои деҳаи Гулрези ҷамаоти деҳоти Қалъаи Лаби Об хатар дошта бошад, афзуд КҲФ Тоҷикистон.
https://sputnik.tj/20250903/piryakh-yakarcha-tojikiston-tanazzul-1070817255.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/01/1072594147_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_2cc600d9113d207802463ff14241f9b6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пирях, деҳдал, тоҷикобод
Коршиносон сабаби фурӯ рехтани пиряхи Деҳдалро шарҳ доданд
Моҳи октябр, дар минтақаи Тоҷикобод тӯдаи бузурги ях дар тӯли ҳамагӣ 15 дақиқа беш аз 5 км ҳаракат карданд
ДУШАНБЕ, 1 ноя - Sputnik. Тӯдаи бузурги ях аз пиряхи Деҳдал аз сабаби набудани боришот ва ҳарорати ғайримуқаррарии тобистона, об шуд.
Масъулони ҳавошиносӣ ва ҳолатҳои изтирорӣ ҳаракати бесобиқаи пиряхи Деҳдали Тоҷикободро ба камборишӣ ва гармӣ дар ин минтақа рабт доданд.
Ин вазъият дар нишасти матбуотӣ бо номи "Ҳаракати пиряхи Деҳдал ва вазъи кунунии он", ки дар агентӣ баргузор шуд, баррасӣ гардид.
Дар баробари ҳавошиносон, мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ низ дар ин чорабинӣ иштирок карданд.
Олимон таъкид карданд, ки ин ҳафтумин ҳаракати пиряхҳо дар таърихи сабтшуда аст, аммо ҳодисаи кунунӣ бузургтарин ҳисобида мешавад, ки дар 15 дақиқа беш аз 5 км ҳаракат намуда, баландии он аз 35 то 40 метр паҳнои он бошад ба 400 метр баробар мебошад.
Ёдовар мешавем, ки 25 октябр дар Тоҷикобод як пораи бузурги пирях фурӯ рехт. Аз қаторкӯҳи Исмоили Сомонии деҳаи Сафедоб пораи дукилометрии пирях ба поён фаромадааст.
Пирях бо баландии 25 метр ва паҳнои 150-200 метр дар деҳаи Сафедоби ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Оби ноҳияи Тоҷикобод хисороте ворид накардааст.
Аммо, мутахассисон мегӯянд бар асари бориши боронҳои шадид ва такроран канда шудани пирях аз баданаи пиряхи бузург метавонад ба хоҷагиҳои деҳаи Гулрези ҷамаоти деҳоти Қалъаи Лаби Об хатар дошта бошад, афзуд КҲФ Тоҷикистон.