https://sputnik.tj/20251205/forum-sanoati-kuhi-hayat-buzurg-rusiya-1073535647.html
Дар Форуми саноати кӯҳӣ як ҳайати бузурги Русия ширкат хоҳад кард
Дар Форуми саноати кӯҳӣ як ҳайати бузурги Русия ширкат хоҳад кард
Sputnik Тоҷикистон
Ин бузургтарин ҳайати хориҷие хоҳад буд, ки дар даври дуюми ин форум ҳузур хоҳад ёфт
2025-12-05T12:21+0500
2025-12-05T12:21+0500
2025-12-05T13:03+0500
саноат
маҳсулоти саноат
вазорати саноат ва технологияҳои нави тоҷикистон
русия
форум
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/05/1073538253_0:58:1280:778_1920x0_80_0_0_f5f1f9d18de56416f8db01773f3bb1a9.jpg
ДУШАНБЕ, 5 дек - Sputnik. Дар Форуми саноати кӯҳӣ дар Душанбе як ҳайати бузурги ширкатҳо ва коршиносони соҳа аз Русия ширкат хоҳад кардАбубакр Пиров, сардори Раёсати саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳои вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар форуми мазкур 6 ширкат ва як гуруҳи бузурги расмиву мутаххассисон аз вилояти Свердловски Русия ширкат хоҳанд кард. Вай афзуд, ба ҷуз ҳайати вилояти Свердловск ҳузури худ дар форумро шаш муассисаву ширкати дигари русӣ - РГА, Профессионал, Нипигормаш, Минералз Автосентр, Сибермак, Новосталь М ва як қатор коршиносони соҳа таъйид кардаанд. Қарор аст 9 декабри соли равон дар шаҳри Душанбе даври дуюми Форуми байнулмилалии соҳаи саноати маъданҳои куҳӣ ва металлургии Тоҷикистон баргузор шавад. Бино ба иттилои вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, то ба ҳол беш аз 250 ширкату мутахассис аз Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Амрико, Аврупо ва кишварҳои Халиҷи Форс ширкати худ дар ин форумро таъйид кардаанд. Форум бо пуштибонии ҳукумати Тоҷикистон баргузор шуда, ҳадаф аз он ҷалби сармоягузорону мутахассисон ва ҳамкорони хориҷӣ барои тавлид ва коркарди маъданҳои куҳии кишвар мебошад.
https://sputnik.tj/20251204/forum-sanoat-dushanbe-sadho-shirkat-khorij-1073517517.html
русия
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/05/1073538253_0:0:1280:960_1920x0_80_0_0_91c748e45354a54e116adb437fb2676e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
форуми саноати кӯҳӣ, ҳайати бузурги русия,
форуми саноати кӯҳӣ, ҳайати бузурги русия,
Дар Форуми саноати кӯҳӣ як ҳайати бузурги Русия ширкат хоҳад кард
12:21 05.12.2025 (Навсозишуда: 13:03 05.12.2025) Ин бузургтарин ҳайати хориҷие хоҳад буд, ки дар даври дуюми ин форум ҳузур хоҳад ёфт
ДУШАНБЕ, 5 дек - Sputnik. Дар Форуми саноати кӯҳӣ дар Душанбе як ҳайати бузурги ширкатҳо ва коршиносони соҳа аз Русия ширкат хоҳад кард
Абубакр Пиров, сардори Раёсати саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳои вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли
Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар форуми мазкур 6 ширкат ва як гуруҳи бузурги расмиву мутаххассисон аз вилояти Свердловски Русия ширкат хоҳанд кард.
“Таваҷҷуҳи ширкатҳои Русия ба саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо вақтҳои ахир афзудааст. Дар Форуми дуюм фақат аз Свердловск як ҳайати 27-нафара бо роҳбарии вазири равобити хориҷии вилоят ширкат хоҳад кард”, - гуфт Абубакр Пиров.
Вай афзуд, ба ҷуз ҳайати вилояти Свердловск ҳузури худ дар форумро шаш муассисаву ширкати дигари русӣ - РГА, Профессионал, Нипигормаш, Минералз Автосентр, Сибермак, Новосталь М ва як қатор коршиносони соҳа таъйид кардаанд.
“Ҳайати Свердловск ҳамчунон аз мо хоҳиш карданд, ки барои ошноӣ бо кори ширкатҳои саноати куҳӣ ва металҳои қиматбаҳо дар Тоҷикистон берун аз форум мусоидат кунем”, - гуфт сардори Раёсати саноати маъданҳои кўҳӣ ва металлҳои қиматбаҳои вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон.
Қарор аст 9 декабри соли равон дар шаҳри Душанбе даври дуюми Форуми байнулмилалии соҳаи саноати маъданҳои куҳӣ ва металлургии Тоҷикистон баргузор шавад.
Бино ба иттилои вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, то ба ҳол беш аз 250 ширкату мутахассис аз Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Амрико, Аврупо ва кишварҳои Халиҷи Форс ширкати худ дар ин форумро таъйид кардаанд.
Форум бо пуштибонии ҳукумати Тоҷикистон баргузор шуда, ҳадаф аз он ҷалби сармоягузорону мутахассисон ва ҳамкорони хориҷӣ барои тавлид ва коркарди маъданҳои куҳии кишвар мебошад.