Дар Форуми саноати кӯҳӣ дар Душанбе садҳо ширкати хориҷӣ ширкат хоҳанд кард

© Foto / Tajikistan MiningГорнодобывающая промышленность Таджикистана
Горнодобывающая промышленность Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.12.2025
Обуна шудан
Коршиносон рушди комплекси маъдан ва металлургияи кишварро, аз ҷумла дурнамои бозори истихроҷ ва коркарди маъданҳоро баррасӣ хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 4 дек - Sputnik. Иштирокчиёни Форуми байналмилалии маъдан ва металлургия дар Душанбе эълон шуданд.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, инҳо 20 ширкати ватанӣ ва беш аз 200 ширкати хориҷиро дар бар мегиранд.
Ҳадафи ин чорабинӣ, ки 9 декабр баргузор мешавад, муаррифии потенсиали захираҳои маъдании сарватҳои зеризаминии Тоҷикистон ба сармоягузорони хориҷӣ мебошад.
Форум асосан ба татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Тоҷикистон - саноатикунонии босуръат нигаронида шудааст.
Ҳадафҳои асосии чорабинӣ аз мусоидат ба рушди устувори бахши саноат, барқарор ва густариши робитаҳои ҳамкории минтақавӣ ва тақвияти шарикӣ ва ҳамкорӣ дар бахши саноат иборатанд.
Дар рафти муҳокимаҳо, коршиносон масъалаҳои ҷории марбут ба рушди комплекси маъдан ва металлургияи кишвар, аз ҷумла дурнамои бозори истихроҷ ва коркарди маъданҳоро баррасӣ хоҳанд кард.
Швейная фабрика Гарди в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2025
Сармоягузориву тиҷорат: Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз нассоҷӣ 3 млрд доллар фоида гирад?
Таваҷҷӯҳи махсус ба татбиқи таҷҳизот ва технологияҳои инноватсионӣ, инчунин роҳҳои ҳалли рушди устувори саноатӣ равона карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0