Абдуллозода бо шароити буду бош дар хонаи пиронсолони Ёвон шинос шуд

© Foto / Хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ТоҷикистонДжамолиддин Абдуллозода, министр здравоохранения РТ
Джамолиддин Абдуллозода, министр здравоохранения РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2025
Обуна шудан
Вазири тандурустӣ бо захираи маводи хӯрока, сӯзишворӣ ва дигар ашёву лавозимоти зарурӣ дар ин муассисаҳо шинос шудааст
ДУШАНБЕ, 5 дек - Sputnik. Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз хонаи пиронсолони Ёвон ва беморхонаи бемориҳои рӯҳии ноҳияи Кушониён боздид кард.
Дар ҷараёни боздид ва шиносоӣ аз рафти хизматрасонии феълии иҷтимоӣ дар муассисаҳо Ҷамолиддин Абдуллозода бо бошандагон суҳбат карда, аз аҳволи онҳо пурсон шудааст
Ӯ гуфтааст, ки вазъи доимии зиндагонии табақаҳои ниёзманд, аз ҷумла пиронсолон ва нафарони имконияташон маҳдуд ҳамеша зери таваҷҷуҳи президент аст.
Абдуллозода аз шароити хизматрасонии иҷтимоии муассисаҳои номбурда дидан намуда, бо захираи маводи хӯрока, сӯзишворӣ ва дигар ашёву лавозимоти зарурӣ дар ин муассисаҳо шинос шудааст.
Вазир ба роҳбарияти муассисаҳои мазкур ҷиҳати боз ҳам беҳтарнамоии шароити пешниҳоди хизматҳо, самаранок ва мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ва таҳти назорати пайваста қарор додани бошандагон дастуру супоришҳои мушаххас додаст.

Хонаи пиронсолон дар Ёвон бо арқом

Муассисаи давлатии "Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон" бо қарори Ҳукумат 15 январи соли 1995 таъсис ёфтааст.
Бинои истиқоматии асосӣ дорои 4 ошёна буда, барои 100-нафар пиронсолону маъюбони ниёзманд ва 40-нафар кӯдакони маъюбиятдошта таъсис ёфтааст.
Айни замон дар муассиса 139 нафар бошандагон, аз ҷумла калонсолон 100 нафар, аз инҳо 60 нафар мард, 40 нафар зан ва 39 нафар кӯдакон, аз инҳо 24 нафар писар, 14 нафар духтарҳо дар таъминоти пурраи давлати қарор доранд.
Джамолиддин Абдуллозода, министр здравоохранения и социальной защиты Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2025
Вазъ муътадил: Оё муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистон омодаанд?
Аз ин шумора маъюбони гуруҳи якум - 19 нафар, маъюбони гуруҳи дуюм – 24 нафар, маъюбони гуруҳи сеюм - 3 нафар ва 56 нафар пиронсоли яккаву танҳо мебошанд. Дар муассиса 97 нафар кормандон фаъолият менамоянд.

Беморхонаи бемориҳои рӯҳии ноҳияи Кӯшониён

Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии будубоши доимии маъюбони дорои бемориҳои руҳӣ дар ноҳияи Кӯшониён" 25 марти соли 2015 таъсис ёфта, барои 100-нафар маъюбони дорои бемориҳои руҳӣ пешбинӣ гаштааст.
Ба ҳолати кунунӣ дар ин муассиса 105 нафар бошандагон, аз ҷумла 60 нафар мард, 45 нафар занҳо дар таъминоти пурраи давлати қарор доранд.
Аз ин шумора маъюбони гуруҳи якум-32 нафар, маъюбони гуруҳи дуюм – 64 нафар мебошанд. Шумораи кормандони муассиса бошад, 60 нафарро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0