Вазъ муътадил: Оё муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистон омодаанд?

© пресс-служба Минздрава ТаджикистанаДжамолиддин Абдуллозода, министр здравоохранения и социальной защиты Таджикистан
Джамолиддин Абдуллозода, министр здравоохранения и социальной защиты Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2025
Обуна шудан
Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар давраи зимистон ба масъулин супоришҳои мушаххас додааст
ДУШАНБЕ, 3 дек - Sputnik. Дар Вазорати тандурустӣ таҳти раёсати вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозодамасъалаи ҷаласа баргузор шуд.
Дар ин нишаст, масъалаи омода намудани муассисаҳои соҳаи тандурустӣ барои давраи зимистони солҳои 2025-2026 баррасӣ гардид, гузориш медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати тандурустӣ.
Дар ин мавзуъ, сардори Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷаи соҳаҳои тандурустӣ Зайнулло Шарифзода гузориш додааст.
Ба гуфтаи Шарифзода, дар доираи маблағҳои ҷудогардидаи соли ҷорӣ барои нигоҳдорӣ ва таъмир корҳои шишабандӣ, таъмири асосӣ ва ҷузъии бинову иншоотҳо ва қубурҳои обгузари муассисаҳои соҳаи тандурустӣ гузаронида шудааст.
"Вазъ нисбати солҳои қаблӣ муътадил гардида, то 10 ноябри соли ҷорӣ барои таъмини муассисаҳои соҳаи тандурустӣ барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026, аз ҷумла ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ захира карда шудааст", - омадааст дар хабарнома.
Муассисаҳои соҳа дорои 912 адад генераторҳои барқӣ буда, барои онҳо 83325 литр сӯзишворӣ захира гардидааст, ки он 106,6%-и иҷроиши нақшаро ташкил медиҳад ва дар ҳолати қатъ гардидани қувваи барқ мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Дар ин ҷаласа, роҳбарияти вазорат ба тамоми роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ супоришҳои мушаххас додааст:
пешгирии такрорёбии камбудиҳои дар давраи солҳои сипаришуда,
вобаста ба иҷроиши бандҳои дахлдори нақша-чорабиниҳо ҷиҳати истифодаи самараноки маблағҳои ба ин мақсад ҷудошуда,
таъмини гармӣ, қувваи барқ, об, ангишт, ҳезум, маводҳои сӯзишворӣ, хурока, хизмати алоқа, интиқоли партовҳо, пардохти қарзи коммуналӣ,
пешгирии ҳолатҳои бехатарӣ.
Медицинские работники в городской клинической больнице - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2025
Паҳншавии зукоми шадид дар Тоҷикистон: Маркази эпидемиологӣ роҳи пешгириро нишон дод
Дар фарҷом, Абдуллозода ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, омодагии ҳамаҷониба ба давраи зимистонгузаронӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ба тамоми масъулон-роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар супоришҳои қатъӣ додааст.
Лентаи хабарҳо
0