https://sputnik.tj/20251126/rahmon-nasb-panel-oftobi-khonaho-tojikiston-1073264966.html
Дастури Эмомалӣ Раҳмон барои омӯхтани масъалаи насби панелҳои офтобӣ дар хонаҳо
Дастури Эмомалӣ Раҳмон барои омӯхтани масъалаи насби панелҳои офтобӣ дар хонаҳо
Sputnik Тоҷикистон
Ҳамчунин кишвардор дастур додааст, ки фарҳанги истифодаи сарфакоронаи неруи барқ дар байни мардум васеъ тарғиб карда шавад
2025-11-26T11:52+0500
2025-11-26T11:52+0500
2025-11-26T11:54+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
энергетика
далер ҷумъа
вазир
президент
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/1a/1073263777_0:25:2048:1177_1920x0_80_0_0_9df3865558fc506cfaa1578f38413aa7.jpg
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ раҳомн дар маҷлиси ҳукумат дастур дод, ки дар манзилҳои сокинони кишвар панелҳои офтобӣ насб карда шавад.Дар ин бора, хадамоти матбуотии президент хабар медиҳад.Гуфта мешавад, ки Раҳмон вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуд, ки барои амалигардонии Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқӣ барои солҳои 2026-2030, чораҳои дахлдор андешида, аз натиҷааш ҳар сол маълумот манзур намоянд.Ҳамчунин дар маҷлис, вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа дар бораи Барномаи мазкур гузориш додааст.Таъкид гардида, ки лоиҳаи қарори мазкур бо мақсади “Таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки энергияи барқ”, ки яке аз ҳадафҳои калидии Стратегияи миллии рушди ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, таҳия ва пешниҳод гардидааст.Зикр гардид, ки дар натиҷаи амалӣ намудани Барнома ба даст овардани натиҷаҳои зерин дар назар аст:Ҳамчунин дар маҷлис, лоиҳаи Қонун “Оид ба ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки ба хотири бартараф кардани камбудиҳои дар соҳаи энергетика ҷойдошта таҳия шудааст, баррасӣ гардид. Гуфта шуд, ки дар Қонуни мазкур барои истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ, аз ҷумла барои истеҳсоли криптовалюта пурзур намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст.
https://sputnik.tj/20251115/prokuratura-nazorat-istifoda-neru-barq-1072950707.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/1a/1073263777_228:0:2048:1365_1920x0_80_0_0_36955e4ca9fdce16212ae1b0086c8248.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
панелҳои офтобӣ, тоҷикистон, энергетика
панелҳои офтобӣ, тоҷикистон, энергетика
Дастури Эмомалӣ Раҳмон барои омӯхтани масъалаи насби панелҳои офтобӣ дар хонаҳо
11:52 26.11.2025 (Навсозишуда: 11:54 26.11.2025) Ҳамчунин кишвардор дастур додааст, ки фарҳанги истифодаи сарфакоронаи неруи барқ дар байни мардум васеъ тарғиб карда шавад
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ раҳомн дар маҷлиси ҳукумат дастур дод, ки дар манзилҳои сокинони кишвар панелҳои офтобӣ насб карда шавад.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии президент хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки Раҳмон вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуд, ки барои амалигардонии Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқӣ барои солҳои 2026-2030, чораҳои дахлдор андешида, аз натиҷааш ҳар сол маълумот манзур намоянд.
"Дастур дода шуд, ки мавзуи мондани панелҳои офтобӣ дар хонаҳои мардум ва васлу ҳамоҳанг намудани онҳо бо шабакаҳои барқии кишвар омӯхта шавад", - омадааст дар хабарнома.
Ҳамчунин дар маҷлис, вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа дар бораи Барномаи мазкур гузориш додааст.
Таъкид гардида, ки лоиҳаи қарори мазкур бо мақсади “Таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки энергияи барқ”, ки яке аз ҳадафҳои калидии Стратегияи миллии рушди ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Зикр гардид, ки дар натиҷаи амалӣ намудани Барнома ба даст овардани натиҷаҳои зерин дар назар аст:
2680 МВт иқтидори нави истеҳсолии энергияи барқ аз ҳисоби неругоҳҳои барқи обии нав,
253 МВт иқтидори иловагии истеҳсоли энергияи барқ аз ҳисоби азнавсозии неругоҳҳои амалкунанда,
барқарор гардидани 440 МВт иқтидорҳои аздастрафта бинобар фарсуда будани таҷҳизот,
1500 МВт аз ҳисоби энергияи офтоб, то ба 3 дарсад расондани сатҳи талафоти энергияи барқ дар шабакаҳои интиқоли барқ,
то 9 дарсад расондани сатҳи талафоти энергияи барқ дар шабакаҳои тақсимоти барқ,
ба 5 млрд.киловат соат расонидани содироти энергияи барқ.
Ҳамчунин дар маҷлис, лоиҳаи Қонун “Оид ба ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки ба хотири бартараф кардани камбудиҳои дар соҳаи энергетика ҷойдошта таҳия шудааст, баррасӣ гардид.
Гуфта шуд, ки дар Қонуни мазкур барои истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ, аз ҷумла барои истеҳсоли криптовалюта пурзур намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст.