https://sputnik.tj/20251129/narishkin-anqara-vaz-ukraina-1073364856.html
Наришкин дар Анқара дар бораи вазъи Украина мулоқот кардааст
Наришкин дар Анқара дар бораи вазъи Украина мулоқот кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати корҳои хориҷии Туркия: Наришкин дар Анқара дар мавриди Украина як қатор мулоқот анҷом дод
2025-11-29T14:35+0500
2025-11-29T14:35+0500
2025-11-29T14:35+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
сергей наришкин
русия
туркия
музокирот
мулоқот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/0f/1066987086_0:104:1546:974_1920x0_80_0_0_4da41d2e26ba5e731c3358fdeea5d925.jpg
ДУШАНБЕ, 29 ноя - Sputnik. Сергей Наришкин, раиси Хадамоти иктишофии хориҷии Русия ба Анқара рафта, он ҷо мавзӯи ҳалли низоъ дар Украинаро баррасӣ кардааст.Дар ин бора, вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳоқон Фидан хабар додааст.Нақшаи ИМА барои ҳалли низои УкраинаРасонаи амрикоии Axios рӯзи чоршанбе бо истинод ба манбаъҳо хабар дод, ки ИМА бо Русия барои таҳияи нақшаи нав барои ҳалли низоъ дар Украина, "машваратҳои махфӣ" анҷом медиҳад.Баъдтар, котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков изҳор дошт, ки Русия ва ИМА моҳи август дар Аляска дар бораи ҳалли буҳрон дар Украина сӯҳбат карданд ва аз он вақт инҷониб дар ин мавзӯъ ягон таҳаввулоти дигар ба амал наомадааст.Ба гуфтаи Financial Times, нақшаи пешниҳодшудаи ИМА коҳиши кумаки низомии Амрико ба Киев, эътирофи мақоми расмии Калисои православии Украина ва эълони забони русӣ ҳамчун забони расмӣ дар Украинаро талаб мекунад.Киев инчунин аз назорати тамоми минтақаи Донбасс даст мекашад ва шумораи Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро кам мекунад.Ин нақша инчунин манъи ҷойгиркунии нерӯҳои хориҷӣ дар қаламрави Украина ва таъмини силоҳҳои дурпарвоз ба Киевро дар бар мегирад.Ба гуфтаи расонаҳои хориҷӣ, ин нақша интиқоли тамоми қаламрави Донбассро ба Русия дар ивази кафолатҳои амниятӣ аз ҷониби ИМА, ях кардани аксари хати тамос дар минтақаҳои Запороже ва Херсон ва эътирофи расмии Қрим ва Донбассро ҳамчун қаламравҳои Русия пешбинӣ мекунад.Ғайр аз ин, Вашингтон таҳримҳоро алайҳи Маскав бекор мекунад ва кумаки низомиро ба Киев кам мекунад, ки ин шумораи Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро бояд коҳиш диҳад. Трамп 27 ноябрро ҳамчун мӯҳлати муносиб барои Украина барои қабули шартҳои созишномаи сулҳи худ, эълон кард.
https://sputnik.tj/20251128/zakharova-ima-artish-sarboz-zarkharid-1073352950.html
русия
туркия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/0f/1066987086_130:0:1546:1062_1920x0_80_0_0_2c4bc9c5b760ad86bfd5d38a010c4009.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
буҳрон, украина, ҳал
Наришкин дар Анқара дар бораи вазъи Украина мулоқот кардааст
Вазорати корҳои хориҷии Туркия мегӯяд, Наришкин дар Анқара дар мавриди Украина мулоқот анҷом дод
ДУШАНБЕ, 29 ноя - Sputnik. Сергей Наришкин, раиси Хадамоти иктишофии хориҷии Русия ба Анқара рафта, он ҷо мавзӯи ҳалли низоъ дар Украинаро баррасӣ кардааст.
Дар ин бора, вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳоқон Фидан хабар додааст.
"Ҷаноби Наришкин дар Анқара буд ва ба мо дар бораи мавқеи Русия дар бораи ин нақша (ташаббуси ИМА дар бораи Украина - таҳрир) маълумот дод. Дар ин масъала таҳаввулот ба амал омадаанд ва мо ҳамаи инро арзёбӣ кардем", - гуфт вазири корҳои хориҷии Туркия дар нишасти матбуотӣ дар Берлин.
Нақшаи ИМА барои ҳалли низои Украина
Расонаи амрикоии Axios рӯзи чоршанбе бо истинод ба манбаъҳо хабар дод, ки ИМА бо Русия барои таҳияи нақшаи нав барои ҳалли низоъ дар Украина, "машваратҳои махфӣ" анҷом медиҳад.
Баъдтар, котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков изҳор дошт, ки Русия ва ИМА моҳи август дар Аляска дар бораи ҳалли буҳрон дар Украина сӯҳбат карданд ва аз он вақт инҷониб дар ин мавзӯъ ягон таҳаввулоти дигар ба амал наомадааст.
Ба гуфтаи Financial Times, нақшаи пешниҳодшудаи ИМА коҳиши кумаки низомии Амрико ба Киев, эътирофи мақоми расмии Калисои православии Украина ва эълони забони русӣ ҳамчун забони расмӣ дар Украинаро талаб мекунад.
Киев инчунин аз назорати тамоми минтақаи Донбасс даст мекашад ва шумораи Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро кам мекунад.
Ин нақша инчунин манъи ҷойгиркунии нерӯҳои хориҷӣ дар қаламрави Украина ва таъмини силоҳҳои дурпарвоз ба Киевро дар бар мегирад.
Ба гуфтаи расонаҳои хориҷӣ, ин нақша интиқоли тамоми қаламрави Донбассро ба Русия дар ивази кафолатҳои амниятӣ аз ҷониби ИМА, ях кардани аксари хати тамос дар минтақаҳои Запороже ва Херсон ва эътирофи расмии Қрим ва Донбассро ҳамчун қаламравҳои Русия пешбинӣ мекунад.
Ғайр аз ин, Вашингтон таҳримҳоро алайҳи Маскав бекор мекунад ва кумаки низомиро ба Киев кам мекунад, ки ин шумораи Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро бояд коҳиш диҳад. Трамп 27 ноябрро ҳамчун мӯҳлати муносиб барои Украина барои қабули шартҳои созишномаи сулҳи худ, эълон кард.