https://sputnik.tj/20251202/tojikiston-turkiya-korkhona-mushtarak-istehsoli-1073458114.html
Тоҷикистону Туркия корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ таъсис медиҳанд
Тоҷикистону Туркия корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ таъсис медиҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Нуман Куртулмушро ба ҳузур пазируфт.
2025-12-02T12:19+0500
2025-12-02T12:19+0500
2025-12-02T12:33+0500
сиёсат
дар тоҷикистон
туркия
эмомалӣ раҳмон
корхонаи ресандагӣ
таъсис
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/02/1073457162_102:20:1024:539_1920x0_80_0_0_14caf29ffcc78093b1528f9f89576d07.jpg
ДУШАНБЕ, 2 дек - Sputnik. Тоҷикистону Туркия корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ таъсис медиҳанд.Ин масъаларо, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Нуман Куртулмушро баррасӣ кард.Раҳмон аз сатҳи муносиботи Тоҷикистон ва Туркия, аз ҷумла дар арсаи дипломатияи парлумонӣ, изҳори қаноатмандӣ кардааст, гузориш медиҳад хадамоти матбуотии кишвардор.Президент гуфтааст, ки "муносиботи фарогир бо Туркия дар сиёсати хориҷии давлати мо мақоми хосса доранд".Ба муколамаи сиёсии сатҳи олӣ ва баланд ва робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар барои густариши робитаҳои гуногунҷанба таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд. Тавсеаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ низ аз мавзуъҳои муҳими суҳбат будааст.Фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва Агентии Туркия оид ба ҳамкории байналмилалӣ василаи муҳими густариши робитаҳои дуҷониба номида шуд.Ҳарду ҷониб ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ ҳавасмандии худро таъкид намуданд.Ҳамчунин, доир ба ҳамкорӣ дар арсаи байналмилалӣ баҳри ҳалли масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули судманди афкор сурат гирифт.
https://sputnik.tj/20250808/ehtimol-iftitoh-parvozho-tojikiston-turkiya-1069814536.html
туркия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/02/1073457162_113:0:1024:683_1920x0_80_0_0_6bba477a99903b7fda463b8733d7b535.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мулоқот, раҳмон, туркия, нуман,
мулоқот, раҳмон, туркия, нуман,
Тоҷикистону Туркия корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ таъсис медиҳанд
12:19 02.12.2025 (Навсозишуда: 12:33 02.12.2025) Тоҷикистону Туркия қасд доранд дар соҳаҳои афзалиятноки саноати нассоҷӣ, коркарди алюминий, амалӣ намудани тарҳҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои воқеии иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд
ДУШАНБЕ, 2 дек - Sputnik. Тоҷикистону Туркия корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ таъсис медиҳанд.
Ин масъаларо, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Нуман Куртулмушро баррасӣ кард.
Раҳмон аз сатҳи муносиботи Тоҷикистон ва Туркия, аз ҷумла дар арсаи дипломатияи парлумонӣ, изҳори қаноатмандӣ кардааст, гузориш медиҳад хадамоти матбуотии кишвардор.
Президент гуфтааст, ки "муносиботи фарогир бо Туркия дар сиёсати хориҷии давлати мо мақоми хосса доранд".
Ба муколамаи сиёсии сатҳи олӣ ва баланд ва робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар барои густариши робитаҳои гуногунҷанба таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд. Тавсеаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ низ аз мавзуъҳои муҳими суҳбат будааст.
"Кишварҳои мо имконият доранд, дар соҳаҳои афзалиятноки саноати нассоҷӣ, коркарди алюминий, амалӣ намудани тарҳҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои воқеии иқтисодиёти Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ ҳамкории бештар дошта бошанд".
Фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва Агентии Туркия оид ба ҳамкории байналмилалӣ василаи муҳими густариши робитаҳои дуҷониба номида шуд.
Ҳарду ҷониб ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ ҳавасмандии худро таъкид намуданд.
Ҳамчунин, доир ба ҳамкорӣ дар арсаи байналмилалӣ баҳри ҳалли масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули судманди афкор сурат гирифт.